Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбаборони Ғута 250 нафар кушта шуд


Тибқи гузоришҳо, дар ду рӯзи бомбаборони нерӯҳои давлатии Сурия дар минтақаи Ғутаи шарқӣ, воқеъ дар атрофи шаҳри Димишқ, ҳадди ақал 250 нафар кушта шудаанд. Ба гузориши хабаргузориҳо, Дидбони ҳуқуқи башари Сурия рӯзи 20-уми феврал гуфт, ин бомбаборонҳо маргбортарин ҳамлаҳо ба Ғутаи шарқӣ аз соли 2013 то ба ҳол аст.

Тибқи ин гузориш, нерӯҳои ҳукумати Сурия илова ба ҳамлаҳои ҳавоӣ, ба ин минтақа мушак партоб кардаанд. Ин ҳамлаҳо вокунишҳои ҷаҳониро дар пай доштааст. Фаронса -- узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ин ҳамлаҳоро нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар донистааст.

Ҷанги дохилии Сурия, ки бар асари он садҳо ҳазор нафар кушта ва беш аз ними аҳолии ин кишвар овора шуданд, яке аз густурдатарин бӯҳронҳои минтақавӣ ва байнамилалӣ ба ҳисоб меравад.

То ба ҳол ҳукумати Сурия ба гузоришҳо дар бораи талафоти ғайринизомиён дар Ғутаи шарқӣ посухе надодааст, аммо қаблан эълон карда буд, ки нерӯҳои давлатӣ фақат ба пойгоҳҳои мухолифон ҳамла мекунанд. Нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва муттаҳидони он амалиётеро дар чанд ҷабҳа барои поён додан ба муқовимати панҷсолаи нерӯҳои мухолиф дар Ғутаи шарқӣ оғоз кардаанд.

Дидбони ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯяд, танҳо дар бомбаборони рӯзи 20-уми феврал ҳадди ақал 106 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Ҳамоҳангкунандаи кумакҳои Сурия дар СММ бомбаборони панҷ бемористон дар Ғутаи шарқиро маҳкум кард ва гуфт, ҳамла ба марказҳои тандурустӣ метавонад "ҷинояти ҷангӣ" ба ҳисоб равад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам аз афзоиши хушунатҳо дар Ғутаи шарқӣ ибрози нигаронӣ кардааст. Сухангӯи ин вазорат Ҳезер Нойерт гуфтааст, "тактикаи ҳукумати Башор Асад барои муҳосира ва дар гуруснагӣ нигоҳ доштани мардум.... боиси фоҷиаи инсонӣ дар ин минтақа шудааст".

Хонум Нойерт таъкид кард, Амрико аз дархости СММ барои оташбаси якмоҳа дар ин минтақа барои интиқоли кӯмакҳои инсондӯстона барои мардуми муҳосирашуда, ҳимоят мекунад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин аз Русия хост кӯмакҳои ба ҳукумати Башор Асадро мутаваққиф кунад.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳудуди 400 ҳазор нафар дар минтақаи Ғутаи шарқӣ дар муҳосира қарор доранд. Ин минтақа аз соли 2013 аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ муҳосира шудааст. Бино бар гузоришҳо, нерӯҳои ҳукумати Сурия ва муттаҳидони он, ки аз пуштибонии Эрон ва Сурия бархӯрдор ҳастанд, дар талош ҳастанд минтақаҳои аслии зери контроли мухолифонро ба тасарруфи худ дароранд.

Ҳукумати Сурия мухолифони худро ба таври умумӣ "гурӯҳҳои террористӣ" ном мебарад. Ҷанги дохилии Сурия, ки бар асари он садҳо ҳазор нафар кушта ва беш аз ними аҳолии ин кишвар овора шуданд, яке аз густурдатарин бӯҳронҳои минтақавӣ ва байнамилалӣ ба ҳисоб меравад ва инак ҳафт сол боз идома дорад.

XS
SM
MD
LG