Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Ҳалаби Сурия зери "борони" бомбаҳо


Осори як зарбаи ҳавоӣ дар шаҳри Ҳалаб. Акс аз рӯзи 23-уми сентябр
Осори як зарбаи ҳавоӣ дар шаҳри Ҳалаб. Акс аз рӯзи 23-уми сентябр

Артиши Сурия дар идомаи як амалиёти васеи низомӣ барои гирифтани шаҳрпи Ҳалаб минтақаҳои таҳти назорати шӯришиён дар шаҳрро башиддат бомборон кард.

Умар ал-Салмо, раиси Кумитаи муҳофизати ғайринизомиён дар манотиқи зери дасти шӯришиён рӯзи 24-уми сентябр ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки “мутаасифона бомборон идома дорад. Ҳавопаймоҳо дар осмон ҳоло парвоз мекунанд.”

Рамӣ Абдураҳмон, раиси Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, ба Ройтерс гуфтааст, ки “амалиёт пуршиддат ва мудавом аст.”

Сокинони шаҳри Ҳалаб мегӯянд, дар зарбаҳои ҳавоӣ ва заминӣ аз силоҳҳои харобиоваре истифода мешавад, ки қаблан дар минтақа набуд ва бар асари зарбаҳо биноҳои зиёде вайрон шудаанд. Дар аксҳо аз маҳалли зарбаҳо танӯраҳои васеи чандметрӣ ва амиқ дида мешавад.

Як намоянда аз Ҷабҳаи Шом, яке аз гурӯҳҳои ошӯбгар дар Ҳалаб ба Ройтерс гуфтааст, зоҳиран силоҳҳо барои он сохта шудаанд, ки тамоми биноро аз байн бубаранд. Артиши Сурия, ки аз тарафи Русия ҳимоят мешавад гуфтааст, ки ба мавзеъҳои ошӯбгарон зарба мезанад ва ғайринизомиёнро ҳадаф нагирифтааст.

Рӯзи 23-уми сентябр музокироти Амрико ва Русия дар бораи барқарории созиши оташбас дар Сурия натиҷа надод. Дар ҳамин рӯз бино ба гузоришҳо дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии зиёд, даҳҳо нафар дар Ҳалаб кушта шуданд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар бораи барқарории оташбас “пешрафти андаке” ҳосил шудааст. Сергей Лавров гуфт, барқарории созиши оташбас ба ҳамаи тарафҳо вобаста аст, на фақат ба “гузашти яктарафаи Русия.”

Сергей Лавров ба телевизиони Вести дар Русия гуфт, “Дар бораи барқарории созиши оташбас замоне мешавад сухан гуфт, ки ҳама дар он дахил бошанд.”

Ҷасади навзодеро аз зери харобаҳо берун кашидаанд.
Ҷасади навзодеро аз зери харобаҳо берун кашидаанд.

Ба гуфтаи Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия дар натиҷаи 30 зарбаи ҳавоӣ дар минтақаҳои гуногуни шаҳр дар рӯзи 23-уми сентябр камаш 27 ғайринизомӣ кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Теъдоди дигар ҳам зери харобаҳо ҳастанд.

Артиши Сурия, ки нерӯҳои ҳавоии Русия онро пуштибонӣ мекунанд, рӯзи 22-уми сентябр гуфт, амалиётеро дар шарқи Ҳалаб шурӯъ мекунад, ки дар дасти шӯришиён аст ва онҷо 250 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Як манбае дар артиш рӯзи 23-уми сентябр ба Ройтерс гуфтааст, ки амалиёт “фарогир” мешавад ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ ширкат мекунанд.

Пеш аз амалиёт нерӯҳои Сурия рӯзи 24-уми сентябр гуфтанд, ки қисмати шимолии Ҳалабро аз дасти ошӯбгарон гирифтанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия бо такя ба раҳбарони ошӯбгарон ва матбуоти давлатии Сурия гуфт, ки “бомборони бошиддати минтақаи Ҳандарот аз тарафи нерӯҳои давлатӣ ва бомборони мудҳиши ҳавопаймоҳои Русия ва режим” сабаби ишғоли минтақа шуд.

XS
SM
MD
LG