Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқот дар зиндон. Вакили швейсарӣ ба дидори Гулнора Каримова рафт


Вакили швейсарии Гулнора Каримова бо ҳадафи дидору гуфтугӯи навбатӣ бо зерҳимояаш се рӯзи охир дар шаҳри Тошканд ба сар мебарад.

Қарор буд рӯзҳои 21-22 июн раиси ширкати адвкатии Mangeat Attornews Law - Грегоир Мангет ва ду ҳамкори дигараш - Фанни Маргаираз ва Элис Парментйе, ки бо ҷиноятҳои молӣ сарукор мегиранд, бо духтари калонии президенти собиқи Узбекистон дар зиндон мулоқот мекарданд. Ҷузъиёти гуфтугӯву мулоқоти онҳо феълан дар даст нест, вале дар остонаи сафар ба Тошканд Грегоир Мангет дар бораи ҳадафҳои ин сафар ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ – Радиои Озодлик маълумот дод.

Ӯ худро хеле қавӣ нигоҳ медорад ва ҳамаи иттиҳомоти зидди худро рад мекунад

Гулнора Каримова, ки бо қарори додгоҳ аз августи соли 2015 ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст, аз рӯи иттиҳоми навбатии дигар ҳам таҳти тафтиш қарор дорад. Мақомоти Узбекистон Гулнора Каримоваро дар рабудани садҳо миллион доллари ин кишвар гумонбар медонанд ва ҳадаф доранд, ки ин пулҳоро дубора ба Тошканд баргардонанд.

Додситонии кулли Узбекистон дар остонаи сафари вакилони швейсарӣ ба Тошканд гуфтанд, ки ҳеҷ монеае дар заминаи мулоқоти Каримова бо ҳуқуқшиносон вуҷуд надорад. Дар ҷараёни мулоқоти ахири Каримова ва Мангет моҳи апрели соли ҷорӣ, Тошканд ба ин ҳуқуқшинос иҷозат дод, ки рӯзҳои 21-22 июн дубора ба мулоқоти ӯ биёянд.

Дидори нахустини онҳо дар зиндон декабри соли 2016 сурат гирифт ва дар пай давоми якуним сол ӯ натавонист бо Гулнора дидор кунад.

Дар соатҳои пеш аз парвоз ба Тошканд рӯзи 20 июн адвокати швейсарӣ аз нармиш дар мавқеи ҳукумат ва додситонии Узбекистон дар парвандаи Каримова хабар дод ва гуфт:

“Дар чанд моҳи гузашта зоҳиран Ҷумҳурии Узбекистон дарк кард, ки ҳамкорӣ бо мо ба хотири бозгардони қисм ваё ҳатто ҳаҷми пурраи пулҳои дар бонкҳои швейсарӣ масдудшудаи Каримова зарур аст. Онҳо фаҳмиданд, ки ҳамкорӣ бо мо шонси зудтар ҳал шудани масъалаи бозгардони пулҳоро меафзояд. Дар натиҷа, моҳи апрели соли гузашта ба ман иҷоза доданд, ки бо Гулнора Каримова мулоқот кунам. Чунин мулоқот ҳафтаи ҷорӣ ҳам баргузор хоҳад шуд”.

Зиндагии Гулнора пушти панҷара

Ба қавли вакили дифоъ, аз чор соли зиндагии Гулнора Каримова дар зиндон дуюним соли аввали ҳабсаш хеле мушкил гузаштааст. Ба гуфтаи ӯ, Каримова ҳоло дар зиндоне нигаҳдорӣ мешавад, ки дар фосилаи се соат роҳ аз шаҳри Тошканд ҷойгир аст.

Грегоир Мангет гуфт, ки бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ва дигар шудани рисолати Хадамоти бехатарии давлатии Узбекистон дар маҷмӯъ муносибат ба ӯву парвандааш каме тағйир ёфт ва беҳтар шуд, вале бо ин вуҷуд, вазъи ҳуқуқии ӯро “ҳамоно хеле бад” арзёбӣ кард.

Замоне Гулнора Каримоваро ҷойгузини падари президенташ мегуфтанд
Замоне Гулнора Каримоваро ҷойгузини падари президенташ мегуфтанд

Ӯ бо ёдоварӣ аз мулоқоти чандсоатае, ки рӯзҳои 25 ва 26 апрел бо Гулнора доштааст, гуфт, ӯро “номуайянӣ дар парвандааш бисёр азият мекунад”. Вай гуфт, табъаш зуд иваз мешавад, хеле хаста менамояд ва таъсири маводи дорувор тамаркузашро ба сӯҳбат хеле мушкил мекунад. Вале бо ин вуҷуд, ба қавли вакил, “ӯ худро хеле қавӣ нигоҳ медорад ва ҳамаи иттиҳомоти зидди худро рад мекунад”.

Мавзӯи вазъи сиҳҳатии Гулнора Каримова яке аз масоилест, ки вакили дифояш мехоҳад бо додситонии кулли Узбекистон баррасӣ кунад.

Вакил мехоҳад бо Мирзиёев мулоқот кунад

Ба қавли ҳуқуқшинос, танҳо нафаре, ки метавонад дар Узбекистон шароити нигаҳдошти Гулнора Каримоваро дар зиндон дигар кунад, президент Шавкат Мирзиёев аст. Вай гуфт, ки маҳз бо ҳамин дархост аз мақомот дар Узбекистон хоста буд, ки иҷозаи мулоқот бо Мирзиёевро бидиҳанд.

Грегоир Мангет мегӯяд, парвандаи марбут ба Гулнора Каримова, ки аз ҷониби сохторҳои тафтишотии Швейсария дар соли 2012 боз шудааст, “печидаву мушкил” аст. Дар ин парванда инчунин шаш нафари дигар айбдор мешаванд. Вале, ба қавли ин адвокат, ҳал шудани ин қазия бидуни назардошти ҳақи Каримова имкон надорад.

Вай мегӯяд, танҳо муомила ё созиш метавонад роҳҳали ин қазия шавад, агар ба ин созиш худи Каримова ҳам розӣ шавад.

Вай гуфт, хости Тошканд ин аст, ки тамоми дороиҳои Каримова мусодира шавад, вале ҷониби ҳимоякунанда ба ин чиз монеъ мешавад, ва ба қавли Мангет, онҳо омода ҳастанд то Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳам шикоят баранд. Вай гуфт, муҳим ин аст, ки дар натиҷаи мурофиа ҳам Гулнора Каримова ва ҳам ҳукумати Узбекистон розӣ монанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG