Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия Фаластинро ба расмият шинохт


Стефан Лёвен
Стефан Лёвен

Нахуствазири нави Шветсия дар суханронияш дар парлумони ин кишвар гуфтааст, Фаластинро ба расмият шинохтаанд. Фаластин аз ин иқдом истиқбол карда, аммо Амрико онро “пеш аз мавқеъ” хондааст.

Стефан Лёвен, нахуствазири нави Шветсия, рӯзи ҷумъа эълон кардааст, ки кишваре бо номи Фаластинро ба расмият мешиносанд. Ӯ дар аввалин суханронияш дар парлумони ин кишвар гуфтааст, “роҳи ҳал ин аст, ки ду тараф якдигарро ба расмият бишносанд ва хостори зиндагии мусолиматомез дар канори ҳамдигар бошанд. Кашмакаши миёни Исроилу Фаластин танҳо... бар асоси қавонини байналмилалӣ қобили ҳал аст.”

Мақомҳои фаластинӣ билофосила аз ин иқдоми Шветсия истиқбол кардаанд, аммо Амрико онро “иқдоме нобаҳангом” хондааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, “мо қатъан аз кишвар шудани Фаластин ҳимоят мекунем, аммо ин рӯйдод бояд дар музокироти ду тараф ҳосил шавад.”

Хабаргузории “Ройтерз” мегӯяд, интизор меравад, чунин иқдом аз сӯи Шветсия вокуниши тунди Исроилро ба бор оварад. Пештар низ Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо эълон карда буданд, ба расмият шинохтани Фаластин бояд аз раванди гуфтугӯи дуҷониба ба даст ояд. Ду соли пеш замоне ки раъйгирӣ барои пазириши Фаластин ба унвони узви нозир дар Созмони Милал анҷом шуд, давлати Исроил онро ботил дониста ва эълон кард, иқдоми фаластиниҳо якҷониба аст. Гуфтугӯҳои Исроилу фаластиниҳо то кунун натиҷае дар бар надошта ва талошҳо барои ташкили кишвари мустақили Фаластин низ фарҷоме пайдо накардааст.

Шветсия нахустин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупост, ки Фаластинро ба расмият мешиносад. Булғористон, Қибрис (Кипр), Ҷумҳурии Чех, Маҷористон (Венгрия) ва Лаҳистон (Полша) пеш аз узвият дар Иттиҳодияи Аврупо Фаластинро ба расмият шинохта буданд. Созмони Милали Муттаҳид соли 2012 Фаластинро ба унвони узви нозир дар созмони мазкур ба расмият шинохта буд. Дар раъйдиҳие, ки ду соли пеш дар Маҷмааи умумии Созмони Милал сурат гирифт, 138 давлати дунё барои узвияти Фаластин ҳамчун кишвари нозир дар СММ раъйи мусбат дода, 9 кишвар хилофи он баромада буданд. 38 кишвар ҳам аз баёни мавқеъ худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG