Вазорати дифои Русия 18-уми август гуфт, нерӯҳои он кишвар дар шабонарӯзи гузашта панҷ ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар фазои Белгород, Курск ва Ростов задаанд.
Киев маъмулан гузоришҳоро дар бораи ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишин шарҳ намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии Киев рӯзи 18-уми август гуфт, Русия дар моҳи август се дафъа бо мушаки баллистикӣ ё дурпарвоз пойтахти Украинаро нишон гирифтааст. Аз ҷумла, бо мушаки навъи "КН-23"-и Куриёи Шимолӣ.
Пештар Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ Пхенянро ба он гунаҳкор карда буданд, ки ба Русия дар ҷанги зидди Украина муҳимот ва мушак медиҳад.
Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 18-уми август гуфтанд, ҳашт ҳавопаймои бесарнишин ва дар умум панҷ мушакро дар Киев, Сумӣ ва Полтава сарнагун карданд.