Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда ба зидди 358 сарроф


Сокинон дар навбати харидани доллар. Акс аз бойгонӣ
Сокинон дар навбати харидани доллар. Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар ин минтақа алайҳи 358 сарроф бо иттиҳоми мубодилаи ғайриқонунии асъор ва фурӯши доллар бо нархи баланд парванда боз кардаанд.

Додситонии вилояти Суғд барои харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ алайҳи 358 сокини ин минтақа парванда боз кардааст. Ҳабибулло Воҳидов - додситони Суғд рӯзи 28 январ дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, ки алайҳи 73 нафари ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда, алайҳи 252 тани дигар парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ гардидааст. Ӯ афзуд, ин гурӯҳи сокинон бе иҷозаи расмӣ асъори хориҷиро иваз карда ва “қурби асъорро низ бо хости худ муайян намудаанд.”

Додситони Суғд гуфт, барои назорати бозори асъор як гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки ба ин гурӯҳ намояндагони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил буда, ҳадафи аслияш "ҷилавгирӣ аз харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷист.”

Ҳабибулло Воҳидов
Ҳабибулло Воҳидов

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 1 декабри соли гузашта саррофиҳоро дар болоравии башиддати қурби доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам карда, тамоми нуқтаҳои саррофиро баст. Бино ба дастури нави Бонки миллӣ, танҳо дар ҳудуди бонкҳо, созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиоқли пул мубодилаи асъори хориҷӣ иҷоза шудааст. Дар пайи ҷорӣ шудани ин низом мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “шикор”-и саррофоне пардохтанд, ки боз ҳам пинҳонӣ ба ивази пул машғуланд.

Парванда ба зидди 358 сарроф
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Дар ҳоли ҳозир тамоми саррофиҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд бастааст. Вале ба қавли бархе аз сокинон, бо вуҷуди таъини ҷазо барои саррофон ҳамоно танҳо аз онҳо метавон асъори хориҷиро харидорӣ кард. Нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо асъори хориҷӣ, бахусус доллару евроро аз сокинон харидорӣ мекунанд, аммо тақрибан намефурӯшанд. Сокинон наметавонанд пули худро озодона иваз кунанд ва ин вазъ боис ба норизоятии онҳо шудааст.

Рӯзи 28 январ дар саҳифаи Бонки миллӣ қурби 1 доллари амрикоӣ 7.82 сомонӣ таъин шуда буд. Вале бархе аз бонкҳо 1 долларро бо арзиши

8.65 сомонӣ мефурӯхтанд ва дар “бозори сиёҳ” 1 доллар ба 8 сомониву 75 дирам баробар буд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи афроди огоҳ, вазъ дар рӯзҳои охир дар бозори асъори Хуҷанд назар ба ҳафтаҳои қаблӣ каме танзим шуда, фарқи байни қурби асъор дар бозорҳои расмӣ ва сиёҳ наздик шудааст.

Манзура, як сокини Хуҷанд, ба Озодӣ гуфт, вай рӯзи 28 январ баъди навбатпоии тӯлонӣ дар назди як нуқтаи асъори назди бозори “Панҷшанбе” тавонистааст 500 долларро бо арзиши 865 сомонӣ барои ҳар 100 доллар иваз кунад. Ӯ гуфт, дар он нуқта Бонки миллӣ долларро бо қурби аз “бозори сиёҳ” 5 – 10 сомонӣ пасттар ба фурӯш гузоштааст.

Наврӯз Валиев, раҳбари бахши Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд ахиран гуфт, ҳоло масъулони ин ниҳод барои ташаккули низоми нави мубодилаи асъор, тавассути саррофиҳои бонкҳо дар бозору фурӯшгоҳҳо ва марказҳои шаҳру навоҳӣ талош доранд. Ва барои роҳандозии ин низом як гурӯҳи кории намояндагии Бонки миллӣ низ ташкил шудааст, ки таъсис ва фаъол шудани нуқтаҳои табодули асъор аз сӯи бонкҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ба гуфтаи вай, ин кор ба хотири ба вуҷуд овардани “бозори босуботи ивази асъор” ва “рафъи нороҳатии мардум” амалӣ мегардад.

Мақомоти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки қурби сомониро дар бозор “доираҳои манфиатдор” ва “бо роҳҳои сунъӣ” боло мебаранд. Дар ҷаласаи рӯзи 22 январи блоки иқтисодии ҳукумат, ки ба вазъи бозори асъор ихтисос дода шуд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳҳои ҷилавгирӣ аз коҳиши қурби сомонӣ танҳо бо пули миллӣ ба роҳ мондани тамоми муомилоти пулӣ, аз ҷумла харидуфурӯши мошину хона, манъи ба хориҷ баровардани маблағҳои бузург ва сахттар кардани муҷозот барои мубодилаи ғайриқонунии асъорро пешниҳод кард.

Баъди 4 рӯзи ин ҷаласа, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода - раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 26 январ гуфт, ки ин ниҳод ҳамроҳ бо идораҳои дигари давлатӣ тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардаанд, ки барои мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мусодираи асъор ва 9 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад: “Дар Кодекси пешина мусодираи асъор набуд. Ҳоло ҷорӣ мешавад. Агар сарроф ғайриқонунӣ мубодилаи асъор кунад – дар мағоза, дар бозор – дар сурати ба даст афтоданаш, маблағҳои ӯ пурра мусодира карда мешавад. Ҷаримаҳо то 10 баробар боло бурда мешаванд.”

Раиси Бонки миллӣ ба 818 саррофе, ки аз ҷои кор маҳрум шудаанд, тавсия додааст, ки ягон ҷои кори дигар пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG