Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми сохтани "Синамои Суғд" бо илҳом аз филми "Паймон"


Эълони муаррифии филми "Паймон"
Эълони муаррифии филми "Паймон"

Мақомоти вилояти Суғд дар пайи ба бозор даромадани филми "Паймон"-и коргардони маҳаллӣ Муҳиддин Ҷӯраев ваъда додаанд, ки ба хотири таъмини рушди синамои дар Хуҷанд студияи нави филмбардорӣ хоҳанд сохт.

Интизор меравад, дар оғози соли ояндаи 2015 дар Хуҷанд студияи нави филмбардорӣ бо номи “Синамои Суғд” боз шавад. Мақомоти вилояти Суғд ҳадаф аз таъсиси студияи нави “Синамои Суғд”-ро мусоидат ба рушди ҳунари филмофарии тоҷик ва дастгирии ҷавонони ҳунарвару соҳибистеъдод мегӯянд.

Раъно Маҳмудзода, муовини раиси вилояти Суғд ин паёмро шоми 16 сентябр дар маҳфили нахустнамоиши филми “Паймон”, филми дуюми офаридаи филмсози ҷавони тоҷик - Муҳиддин Ҷӯраев - дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд расонид: “Муассисаи давлатии “Синамои Суғд” ба ҷавонони мисли Муҳиддин Ҷӯраев ҳунарвар ва бедордил такя хоҳад кард.”

Ба гуфтаи хонум Маҳмудзода, раиси вилояти Суғд – Абдураҳмон Қодирӣ бо фарандагони филми “Паймон” мулоқот карда, ваъда додааст, ки ба рушди ҳунари филмсозӣ дар вилоят ёрӣ хоҳад расонд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир Оинномаи муассисаи “Синамои Суғд” дар ҳоли таҳия шудан аст. Вале дар мавриди он ки студияи филмсозӣ дар куҷои Хуҷанд, дорои чӣ гуна иншоот ва бо чӣ фанновариҳову зарфияте хоҳад буд ва оё ба сурати мустақил фаъолият хоҳад бурд ва ё бахше аз муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хоҳад шуд?, чизе гуфта намешавад.

То кунун дар Тоҷикистон танҳо муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо ҳунарварону як миқдор фанновариҳо ва зарфиятҳои лозим барои филмсозӣ вуҷуд дорад. Чанд студияи мустақили филму клипсмозӣ низ амал мекунанд, вале ҳеҷ кадоми онҳо иқтидорҳои қобили мулоҳизаи фаннӣ надоранд. Вале ин ягона коргоҳи синамосозии Тоҷикистон низ аз надоштани маблағ фаъолияти камранге дорад ва филмҳои ҳунарие, ки солҳои охир таҳия кардааст, ангуштшумор аст.

Лаҳзае аз "Қиёми рӯз"
Лаҳзае аз "Қиёми рӯз"

Як дастоварди умдаи “Тоҷикфилм” дар 5 соли охир филми ҳунарии “Қиёми рӯз” - и Носир Саидов дониста мешавад, ки соҳиби ҳудуди 10 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Зимнан, ин филм, ки соли 2009 сохта шуд, нахустин филмест, ки дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон дар киноплёнка ба навор гирифта шудааст. Наворбардории аксари кулли филмҳо бо дастгоҳҳову наворҳои видео сурат гирифта, танҳо барои тамошо аз телевизион пешбинӣ шудаанд.

Муҳиддин Ҷӯраев, созандаи филми “Паймон” мегӯяд, студияи филмбардории муҷаҳҳаз бо имконоту дастгоҳҳои филмсозии муосир кори филмсозонро сабуктар ва офаридаи онҳоро ҳирфаитар хоҳад кард: “Аввал ин ки студия сифати филмро боло мебарад. Масалан, барои бандубасти филми “Паймон” мо худамон дастгоҳҳо харидем, вале дастгоҳи сабти садо надоштем, аз ин рӯ ночор ба студияҳои сабти овоз мерафтем, ки илтимос, дар коргоҳатон кор кунем. Аз суи дигар, студия дар як коргоҳ гурӯҳҳои эҷодиву ҷавонону ҳунармандони боистеъдодро ба ҳам меоварад. Ва мо метавонем масалан, филми навбатии худамонро мисли ҳозира бо фосилаи 4 сол аз филми “Ормонҳо” то “Паймон” насозему дар як сол ба навор бигирем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, дар ҳоли ҳозир, гурӯҳҳои филмсози тоҷик ба дастгирии сармоягузорон ва мақомот дар нашру фурӯш ва намоиши филмҳояшон дар толорҳои синамо ниёз доранд.

Филми ҳунарии “Паймон”, ки қариб 2 соат давом мекунад, нахуст рӯзи 6 сентябр дар толори синамои “Ҷомӣ” - и Душанбе ва ва инак дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд ба намоиш даромад. Ин филм достони зиндагии ҷуфти ҷавонест, ки бо вуҷуди доштани дипломи донишгоҳ ҷои кор пайдо намекунанд ва мушкилоти зиндагӣ дар ниҳоят боиси вайрон шудани ин оила мешавад.

Мӯҳиддин Ҷӯраев (аз чап) ҳангоми таҳияи филми "Паймон"
Мӯҳиддин Ҷӯраев (аз чап) ҳангоми таҳияи филми "Паймон"

Гурӯҳи эҷодии муҳиддин Ҷӯраев нахустин филми ҳунариашро бо унвони “Ормонҳо” 4 сол пеш сохта буд. Инҳо аз нахустин филмҳои ҳунарианд, ки як гурӯҳи эҷодӣ дар вилояти Суғд дар замбаъд аз истиқлоли Тоҷикистон рӯи навор овардааст. Беш аз 20 сол боз ба ҷуз чанд филмҳои ҳаваскоронаи телевизионӣ ва мустанад дигар чизе қобили таваҷҷӯҳ аз ҷониби филмсозони Суғд рӯи пардаи синамо наомада буд.

Вале дар дар ҳоли ҳозир дар Душанбеву манотиқи Тоҷикистон теъдоди ангуштшумори толорҳои синамо фаъоланд. Аз ҷумла, дар Хуҷанд танҳо дар толори Қасри ҷавонон гоҳ-гоҳ филмҳои тоҷикиро ба намоиш мегузоранд . Аз ин рӯ, филмсозон асосан бо роҳи сабту нашр ва фурӯши филми худ дар дискҳои видеоӣ як миқдор маблағи барои филмсозӣ сарфкардаи худ ва барои филми навбатиашонро ба даст меоранд.

Сайрам Исоева, ҳунарманди шинохтаи кино ва театри тоҷик мегӯяд, таваҷҷӯҳи давлат ба рушди филмсозӣ, аз ҷумла боз кардани студияи синамо дар Хуҷанд метавонад ба ҷалби филмсозон ва сармоягузорони хориҷӣ ба бахши синамои Тоҷикистон низ мусоидат кунад: “Боз шудани чунин студияҳои ҳирфаӣ ва дорои таҷҳизоти муосири филмбардорӣ бо пуштибонии давлат таваҷҷӯҳи сармоягузоронро ҳам барои маблағгузорӣ ба соҳаи кинои тоҷик бештар хоҳад кард. Орузи ман ин аст ки мисли пештара филмсозони ҷаҳонӣ ҳам, масалан аз “Мосфилм” - у “Ленфилм” ҳам омада, дар манзараҳои зебову нотакрори Тоҷикистон филм бардоранд.”

Ба гуфтаи офарандагони филми “Паймон”, барои сохтани ин филм 225 ҳазор, муодили тақирбан 45 ҳазор доллари амрикоӣ пул сарф кардаанд. Муҳиддин Ҷӯраев, муаллиф ва созандаи ин филм дар мусоҳибаи қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои таҳияи филми ҳунарии аввалаш – “Ормонҳо” - 90 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда, зери бори қарз монда буд ва фақат баъди 6 моҳи намоиши он тавонистанд ин қарзро баргардонанд. Ӯ акнун умедвор аст, ки боз шудани студияи синамо дар Хуҷанд фосиларо то таҳияи филми навбатиашро кӯтоҳ кунад.

XS
SM
MD
LG