Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паймон"-и Муҳиддин Ҷӯраев баъди "Ормонҳо"


Коргардони филми ҳунарии «Паймон мегӯяд, ин филми нааваш дар бораи зиндагии ҷавонону пош хӯрдани оилаҳои ҷавон аст.

Муҳидин Ҷӯраев, филмсози ҷавони тоҷик дар Хуҷанд наворгирии филми дуюми ҳунариаш – «Паймон»-ро дар мавзӯи зиндагиву мушкилоти доғи оилаҳои ҷавони тоҷик ба анҷом расонд. Ин филми 80-дақиқаӣ иборат аз ду қисм буда, наворбардории он дар 45 рӯз тақрибан пурра ба охир расидааст. Нахустин филми ҳунарии Муҳиддин Ҷӯраев, Фарҳод Тухтасунов ва Ғайрат Қодиров бо номи “Ормонҳо” дар бораи ормонҳои шикаставу иштибоҳоти чанд ҷавони тоҷик аз қишрҳои иҷтимоии мухталифи ҷомеа дар соли 2010 ба намоиш даромада буд.

Муҳиддин Ҷӯраев дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ бештар аз филми наваш сӯҳбат кард.

Муҳидин Ҷӯраев: Ин филм дар бораи ҷавонон, ҷудошавии оилаҳо, нашинохтани асли хеш ва асли якдигар аст.

Озодӣ: Филмсозон ин навбат киҳоянд?
Муҳиддин Ҷӯраев бо Қурбони Собир
Муҳиддин Ҷӯраев бо Қурбони Собир
Муҳидин Ҷӯраев: Муаллиф - Бахиёр Каримов, ки аз рӯи филмномаи қаблиаш коргардон Носир Салимов филми «Оинаи беҷило»- ро рӯйи навор овард. Мудири филм Осими Орифпур, продюсер - Дилошӯб Орифзода ва коргардон – ман, Муҳидин Ҷӯраев. Ду наворбардори филм яке - наворбардори хуби телевизиони «Сафина» - Наврӯз Саидов ва дуюмӣ - Бахтовар Сафаров.

Озодӣ: Ба иҷрои нақшҳо киҳоро ҷалб кардед, манзурам - ҳунармандони касбӣ ё сокинони оддиро?

Муҳидин Ҷӯраев: Боз ҳам ҳунармандони касбӣ ҷалб шуданд, ба мисли Қурбони Собир, Сироҷидин Ғафурӣ, Тахмина Раҷабова, Хуршед Мустафоев...

Озодӣ: Наворбардории филми «Паймон» чи қадар давом кард ?
Лаҳзае аз филм
Лаҳзае аз филм
Муҳидин Ҷӯраев: Наворбардории «Паймон» 45 рӯз давом кард. Боқӣ як ҳафтаи дигар дар тобистон сабт мекунем. Хушбахтона, ин дафъа мо мудир ва продюсери хуб доштем.

Озодӣ: Медонам, ки барои таҳияи филми нахустини шумо - «Ормонҳо» дӯстдорони маҳаллии филми ҳунарӣ маблағгузорӣ карда буданд. Барои филми дуюм аз куҷо маблағ пайдо кардед ва чӣ қадар, агар махфӣ набошад?

Муҳидин Ҷӯраев: Дафъаи гузашта филми «Ормонҳо» моро ҳудуди 90 ҳазор қарздор кард, вале дар қариб 6 моҳ баъди гардиши филм онро баргардонида тавонистем. Масъалаи маблағ аслан бар дӯши продюссер аст, вале то ҷое медонам, то ҳоли ҳозир ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ сарф кардем.

Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон низ мешавад филм бардошт ва бо гардишу маблағи ба дастмеоварда хароҷои онро пӯшонд ва фоида гирифт?

Муҳидин Ҷӯраев: Бале, дар ҳоле ки ҳукуматҳои вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд моро дастгирӣ мекунанд, дар шароити мо низ хароҷоти филмро пӯшонида мешавад. Ин ёриву дастгирӣ ҳозир барои фароҳам кардани шароити филмбардорӣ ва оянда барои ба гардиш даровардани филм аст. Мо воқеан ба чунин дастгирие ниёз дорем, чунки ҳоло таҳияи филм анҷом наёфтаву дастмузди ҳунарваронро ҳам пурра пардохт накардаем.

Озодӣ: Хуб, Муҳиддин, паёми шумо ба бинандаи филматон чӣ аст?
Муҳидин Ҷӯраев: Паёми аслии мо дар филми «Паймон» ин аст, ки ҷавонон бояд асли ҳамдигарро шиносанд. Манзурам ин ки ҳар инсон камбудӣ дорад, вале боз ҳам ҳар кас муваффаққият ва зебоиҳои худро дорад. Мо бояд аввал зебоиву хислатҳои неки инсонии ҳамдигарро бубинем, кашф кунем ва бад-ин васила бо ҳам қаробат ҷӯем. Мо ба чунин хулоса расидем, ки ҳамаи ин вайроншавии оилаҳои ҷавони тоҷик - ҳудуди 30 дарсади оилаҳо аз ҳам мепошад - аз мушкили иқтисодиву нодорӣ ва надоштани пулу шароити хуби зист нест. Решаи ҳамаи ин бадбахтиҳо нашинохтани асли худ ва костани меҳру муҳаббат байни одамон, ҳатто миёни аъзои як оила аст.

Озодӣ: Кай метавонем филми «Паймон» - ро дар толори синамо тамошо бикунем?

Муҳидин Ҷӯраев: Ният дорем, моҳи сентябри ҳамин сол нахустнамоиши филмро барпо кунем.
XS
SM
MD
LG