Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ҷазои мардонеро, ки аз пардохти алимент ба фарзандонашон сарпечӣ мекунанд, сахттар хоҳад кард. Бар асоси тарҳи тағйирот ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ ба порлумон ироа шуд, дар сурати як моҳ сарпечӣ кардан аз пардохти алимент кори чунин мардон ба тарозуи додгоҳ гузошта мешавад. Қаблан ин мӯҳлат 3 моҳро дар бар мегирифт.

  • Қонун барои сарпечӣ аз пардохти алимент то 180 соат кори ҳатмӣ, то ду соли ҳабс ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст.
Мо ба мардон мефаҳмонем, ки ҳатман алиментро супоранд. Ин вазифаи қонунӣ ва падарии онҳост. Мардҳое ҳастанд, ки маблағ доранд, пулашон мерасад, вале мехоҳанд модари кӯдакон азоб кашад. Фикр намекунад, ки ин азоби кӯдакони худашон аст

Соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор ҷуфт тариқи додгоҳҳои Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуданд, ки аксарияти онҳо фарзанди ноболиғ доранд. Қонун мардонро муваззаф кардааст, ки то ҳаждаҳсолагии фарзандон ҳар моҳ ба онҳо алимент пардозанд. Бархе аз занҳо аз он шикоят доранд, ки мардон баъди ҷудоӣ аз ҳамсарони худ майле ба нигоҳубини фарзанд надоранд ва тамоми харҷи ғизо ва либосашонро ба ӯҳдаи ҳамсарони собиқи худ мегузоранд.

Ба ин мазмун даҳҳо шикояти занон дар додгоҳҳо низ баррасӣ шудааст. Аммо мақомот мегӯянд, баъзе мардон бо баҳонаи муҳоҷират ва бархеи дигар бепуливу бекорӣ аз пардохти алимент худдорӣ мекунанд.

"Маош 600 сомонӣ, алимент – 300 сомонӣ"

Бобоҷон Сафаров, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 27-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ихроҷ шудан аз Русия дигар наметавонад алименти ду фарзандашро пардохт кунад. Ӯ гуфт, алименти якмоҳаи фарзандонаш 300 сомонӣ муқаррар шудааст. "Ҳоло дар як мактаб-интернат ба ҳайси посбон (қаровул) кор мекунам ва дар моҳе 600 сомонӣ маош мегирам, ки ба зиндагии худам кифоят намекунад. Боз ба додгоҳ даъват карда, таҳдиди кушодани парванда менамояд. Ҷойи кори мувофиқ ва музди кори муносиб нест", - афзуд Сафаров.

Чанд созмони ҷамъиятӣ гуфтанд, солҳои ахир теъдоди мардҳое, ки аз пардохти алимент рӯ мегардонанд ва ё намехоҳанд ин мабларо пардозанд, афзудааст. Аммо на мақомот ва на созмонҳои иҷтимоӣ рақами мушаххасеро дар ин маврид ироа намекунанд.

"Мехоҳанд, ҳамсарони собиқ азоб кашанд"

Мавлуда Ҳусейнова, ҳуқуқдони Маркази бӯҳроншиносии "Боварӣ ба фардо" гуфт, бархе мардон фикр мекунанд, ки маблағи алиментро ҳамсарони собиқашон барои худ сарф мекунад ва аз ин рӯ алиментро намепардозанд. "Мо мефаҳмонем, ки ҳатман супоранд. Ин вазифаи қонунӣ ва падарии онҳост. Боз мардҳои дигаре ҳастанд, ки маблағ доранд, пулашон мерасад, аммо мехоҳад зан-модари кӯдакон азоб кашад. Аммо фикр намекунад, ки ин азоби кӯдакони худаш аст", - афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз саркашии падарон аз пардохти "алимент", бандҳои Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистонро шадидтар хоҳад кард. Ин тарҳи қонун ба тозагӣ дар шӯрои Маҷлиси Намояндагон мавриди баррасии вакилон қарор гирифт ва тарҳи он барои муҳокима ба кумитаҳои порлумон гузошта шуд.

Фирӯз Холов, мушовири калони Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шикояти зиёди хонаводаҳо, хусусан занони фарзанддоре, ки аз шавҳаронашон ҷудо шуда вале саривақт алимент дарёфт намекунанд, боиси ин тасмим шудааст.

"Алимент месупорам, вале кӯдакро нишон намедиҳанд"

Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки ба эҳтимоли қавӣ қонуни нав мавзӯи алиментсупориро дар ҷомеаи кишвар боз ҳам мушкилтар хоҳад кард. Як сокини шаҳри Исфара гуфт, ки писараш бо ду фарзанд аз ҳамсари худ ҷудо шудааст ва ӯ алименти набераҳояшро пардохт мекунад. Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост, номаш ифшо шавад, гуфт, "ман тракторист ҳастам ва ҳоло, ки писарам дар Русия аст, ҳар моҳ маблағи алименти набераҳоямро ба бонк месупорам. Аммо як шикоят дорам, вақте мехоҳам раваму набераҳоямро хабар гирам, модари кӯдакҳо ба ман иҷозат намедиҳад ва қонун бояд ин паҳлӯи масъаларо ҳам бинад."

Марҳабо Олимӣ
Марҳабо Олимӣ

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва созмонҳои дигаре, ки ба мушкили хонаводаҳо, аз ҷумла ба масъалаи пардохти алимент расидагӣ мекунанд, мегӯянд, омори хос дар мавриди шумори афроде, ки дар масъалаи алимент муроҷиат карданд, дар даст нест. Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки муроҷиати занҳо барои гирифтани алимент ва ҷудо шудан аз никоҳи расмӣ бештар шудааст. Сабаби ин, ба гуфтаи ӯ, азҳампошии беш аз ҳадди хонаводаҳост.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG