Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури пахши мустақими паём аз радиоҳои хусусӣ


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба радиоҳои ғайридавлатӣ супориш додааст, ки паёми президентро мустақиман пахш намоянд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фардо, 26-уми апрел Паёми навбатии худро ба парлумон ироа мекунад.

Парвона Аҳрорӣ, мудири кулли радиои ғайридавлатии «Азия плюс» рӯзи 25--уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамин рӯз муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони давлатӣ тариқи телефон, яъне ба таври шифоҳӣ супориш дод, ки паёми президентро мустақиман пахш кунанд.

Хонум Аҳрорӣ афзуд, ин дастур ҳанӯз ба онҳо шифоҳӣ дода шуда, аммо ба таври хаттӣ фармоне дастрас накардаанд: «Тайи 10 соли ахир «Азия плюс» ин таҷрибаро анҷом надодааст ва мо аз нигоҳи фаннӣ бояд омода бошем, тайёрӣ бинем, барномаҳои радиоиро мувофиқ ба он танзим кунем. Агар ба таври хаттӣ ин супориш дода шавад, мо ҳатман паёми президентро мустақиман пахш мекунем», гуфт ӯ.

Парвона Аҳрорӣ афзуд, аз мақомот хоҳиш кардаанд, ки ин супоришро ба таври хаттӣ ба онҳо расонанд.

Раҳбари кулли радиои "Ватан" Вера Кулакова-Браннеруд низ дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар як тамоси телефонӣ масъули Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон гуфтааст, ки рӯзи 26 апрел аз соати 8 субҳ ин радио ҳам бояд суханронии президентро мустақиман пахш кунад. Хонум Кулакова-Браннеруд мегӯяд, радиои "Ватан" дар гузашта ингуна корҳоро анҷом надодааст ва аз лиҳози фаннӣ омода нест, ки дар фурсати хеле танг барои иҷрои ин амал омода шавад. "Масъули кумита ҳатто гуфт, ки масъалаи ташкили фаннии ин кор ба дӯши шумо нест, мо дар ин кор ба шумо мусоидат мекунем, ҳарчанд мо намедонем, ки онҳо ин корро чӣ гуна анҷом додан мехоҳанд". Аз сӯи дигар, мегӯяд вай, радиои "Ватан" дар баробари муштариён - фармоишгарони реклама ва таблиғоти тиҷоратиаш масъулият дорад, ки соати муайян пахши иттилооти таблиғотии онҳоро анҷом медиҳад. "Ва мо воқеан ҳам намедонем, ки дар ин сурат чӣ бояд кард", гуфт ӯ.


Бино ба иттилои як манбаъ дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, чунин дастур ба радиоҳои дигар, аз ҷумла "Ховар" ва "Имрӯз", ки рӯи мавҷи FM барномаҳои худро пахш мекунанд, низ дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз чанд рӯз ба ин тараф шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон эълони маросими баргузории Паёми раиси ҷумҳур ба парлумонро пахш мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 25-уми апрел ҳама шабакҳои радио ва телевизони давлатии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ барои пахши Паём, аз соати 10-и субҳ то 17:00 пахши барномаҳои худро қатъ карда, омоагиҳои фаннӣ ва корҳои профилактикӣ мегузаронанд.
XS
SM
MD
LG