Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби марги Шридевӣ мушаххас шуд. ВИДЕО


Шридевӣ Капур, яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои Ҳинд, ки дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф буд, дар оби ҳаммоми меҳмонхона ғарқ шуда ҷон додааст.

Дар ин бора мақомоти масъул дар Дубай рӯзи 26 феврал хабар доданд. Қаблан гуфта мешуд, ки ситораи 54-солаи Болливуд дар паи сактаи қалбӣ даргузашт. Таҳқиқи сабаби марги яке аз зеботарин ҳунарпешаҳои синамои Ҳинд собит кард, ки зоҳиран ӯ дар дохили ҳаммоми меҳмонхона аз ҳуш рафта баъдан дар оби ванна ғарқ шудааст.

Хабари марги Шридевӣ рӯзи 25-уми феврал расонаӣ шуд. Ҳунарпеша ҳамроҳи шавҳару духтараш барои ширкат дар ҷашни арӯсии ҷиянаш ба Дубай рафта будааст.

Марги ҳунарпеша, дӯстону наздикон ва мухлисони ӯро бисёр ғамгин кард. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба хешовандони Шридевӣ изҳори ҳамдардӣ кард.

Приянка Чопра , ҳунарпешаи ҳиндӣ баъди шунидани ин хабар дар Твиттер навиштааст: “Ман лол мондаам, ба ҳамаи онҳое, ки Шридевиро дӯст медоштанд, изҳори ҳамдардӣ мекунам. Имрӯз рӯзи сиёҳест“.

Ман лол мондаам, ба ҳамаи онҳое, ки Шридевиро дӯст медоштанд, изҳори ҳамдардӣ мекунам. Имрӯз рӯзи сиёҳест.

Шридевӣ, ки номи комили замони кӯдакиаш Шрӣ Амма Янгер Аяпан буд дар аёлати ҷанубии Тамил Наду ба дунё омада ва аз 4-солагӣ ба саҳнаи синамо қадам ниҳодааст. Чиҳил сол боз дар Ҳинд нақш иҷро мекард. Баъди кор дар киностудияҳои минтақавӣ соли 1979 ба Болливуд роҳ ёфт.

Пункеҷ Кҳарбанда, менеҷери собиқаш ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ҳангоми марг шавҳараш сари болини ӯ будааст. Ҳунарпешаи маъруфро бештар аз ҳама бо филмҳои “Чандӣ”, “Мистер Индиа”, “Мавалӣ” ва “Тӯҳфа” мешиносанд, ки ҳаводорони зиёде дошт. Нақши ӯ дар филми “Садма” дар соли 1982 таҳсини зиёде шунидааст. Ӯ дар ин филм, нақши занеро иҷро мекунад, ки хотираашро гум кардааст ва аз он ранҷ мекашад.

Маъмурони пулис дар назди хонаи Шридевӣ дар шаҳри Бомбай сафарбар шудаанд, то издиҳоми бузурги мардумро назорат кунанд. Интизор меравад, ки бисёриҳо инҷо мунтазири ҷасади ӯ бимонанд, ки қарор аст, рӯзи 25-уми феврал ба Ҳинд биёранд ва баъдан бар тибқи ойинҳои мардуми онҷо бисӯзонанд.

Яке аз мухлисонаш ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки Шридевӣ барояш мисли Амитабҳ Бачан, ҳунарпешаи бузурги дигари Ҳинд маҳбуб аст. Вимал Хандакада гуфтааст, “Ман мухлиси ҳамешагии ӯ будам ва иҷрои ӯро бисёр дӯст медоштам. Ман инҷо мемонам, ки бо ӯ видоъ кунам.”

Шридевӣ ҳунарпешаи маъруфи Ҳинд даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00

Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки кӯдакии беғаму ғусса надошт, чун якбора ба саҳна кашида шуд. Ба қавли ӯ “Шумо агар мехоҳед, чизеро ба даст биёред, бояд аз чизи дигаре маҳрум шавед.”

Шридевӣ барои саҳмаш дар арсаи синамои Ҳинд ҷоизаи Падма Шри, чаҳорумин ҷоизаи бузург дар кишварашро ба даст овардааст. Ӯ дар 300 филм нақш иҷро кардааст ва қарор буд, ки нахустин ҳунарнамоии духтари калониаш Ҷанвиро дар Болливуд бубинад.

Раҷив Масанд, мунтақиди синамо гуфтааст, ки ёди Шридевӣ дар хотираҳо мемонад. Ӯ афзудааст, ҳеҷ гоҳ чунин инсони шармгинеро надида буд, ки дар назди камера ҳунари зотиашро ба таври ҳайратангез нишон медод. Шавҳари Шридевӣ Бонӣ Капур, продюссери филмҳо аст ва аз ӯ ду духтар боқӣ монд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG