Ҳукумати маҳалии Каталония дар Испания мегӯяд, дар ҳамапурсии ин минтақа барои истиқлол, ки ҳукумати марказӣ онро ғайриқонунӣ хонда буд, беш аз 40 дарсади афроде, ки ҳаққи додани раъй доштанд, ширкат карданд ва 90 дарсади онҳо хостори ҷудоӣ аз Испания шудаанд.
Ҳамапурсии рӯзи 1-уми октябр дар Каталония дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳукумати Испания онро ғайриқонунӣ эълон карда буд ва пулис барои пешгирӣ аз баргузории он, даҳҳо ҳавзаҳои раъйдиҳиро баст. Аз сӯи дигар, дар даргириҳои рӯзи якшанбеи 1-уми октябр байни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон, садҳо нафар захмӣ шуданд. Дар пайи ин ҳодиса ҳукумати маҳаллии Каталония ҳушдор дод, ки парвандаи ин ҳодисаҳоро ба "додгоҳҳои байналмилалӣ" мебарад.
Рӯзи 2-юми октябр сухангӯи ҳукумати маҳаллии Каталония эълон кард, ки 2,24 миллион нафар дар ин ҳамапурсӣ ширкат карданд ва аз он ҷиҳат, ки афроди дорои ҳаққи раъйдиҳӣ 5,2 миллион нафар ҳисоб шуда буд, ин рақам ба маънии ширкати 42 дарсади дар раъйгирӣ аст.
Карлес Пучдемон, раиси ҳукумати маҳаллии Каталония дар як суханронии телевизионӣ гуфтааст, "дар ин рӯзи умед ва андӯҳ, шаҳрвандони Каталония ҳаққи истиқлолро барои ташкили як ҷумҳурии мустақил ба даст оварданд". Пучдемон мегӯяд, "дар рӯзҳои оянда ҳукумати ман натиҷаҳои раъйгириро ба порлумон мефиристад...то бар асоси қонун, ҳамапурсӣ амалӣ шавад."
Ҳукумати марказии Испания мегӯяд, ҳамапурсӣ хилофи Қонуни асосии он кишвар аст. Мариниа Рахой, нахуствазири Испания шаби гузашта гуфт, ҳамапурсӣ ғайриқонунӣ аст ва афзуд, аз нигоҳи ӯ дар ин минтақа барои истиқлол раъйгирӣ нашудааст. Оқои Рахой бидуни ироаи ҷузъиёте гуфтааст, ки аксарияти бузурги мардуми сокини шимол-шарқи Испания, хостори ҷудоӣ нестанд.
Мақомҳои маҳаллии Каталония мегӯяд, ки ҳадди ақал 840 нафар дар пайи даргирӣ ва хушунатҳои рӯзи якшанбе, ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Вале маълум нест, ки чӣ қадар аз эътирозгарон ба таври ҷиддӣ захмӣ шуда ва ё дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол пулиси Испаният эълом кардааст, ки 33 нафар аз кормандон пулис ҷароҳат бардоштаанд.
Наковен.Намеёваншон.Чи хеле дигароша наефтан.
Хандаи кас меояд ба ин соддагии одамон ... Шуморо худи макомот шикор кард , шумо бошед гуё , ки намедонед боз пеши худашон рафта ариза менависед.... Кудаки синфи 3-ро пурсед ба шумо мегуяд , ки аз ариза навиштана дари дигар кабинетро дар худи хамон шуьба кушоеду гиред чизхои худро.... О чихел онхо худашонро мекобан ?! Анекдот накл накунед ба мардум .... Мардум он мардуми соли 92 нестан ..... Дунё дигар шудааст.... Хама чиз ва хама кор маьлум давно .... Ба чашми Халки Точик Хок напошед ....
Кормандони хифзи хукук дар замони хозира рохзанхои конуниянд яъне "законый преступникан" ки хуччат доранд ва руи рост рохзани мекунанд.
Конечно монеъ мешаванд. Ки мехохад дар бораи худаш спектакл бинед?
Банда дар донишкадаи Исломии ба номи Имом Аъзам (мадраса) Мударрис ҳастам ва устод Шерзод А-ро хуб мешиносам. Устод низ вазъи ин донишкадаро хуб медонанд. Фишорхои амният ва дигар ниҳодҳои давлати болои устодон ва донишҷӯён хело зиёд аст.