Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сова": Дар Русия ростгароҳо қомат рост кардаанд


"Русский марш" дар Маскав. 4.11.2013
"Русский марш" дар Маскав. 4.11.2013

Маркази иттилоотиву таҳлилии "Сова" дар як гузориши пажӯҳишӣ таҳти унвони “Ростгароҳои тундрав қомат рост кардаанд” гуфтааст, сатҳи зӯровариҳои нимақонунӣ ва ҳуҷум ба муҳоҷирони корӣ дар соли 2013 рӯ ба афзоиш овардааст.

Муаллифони ин гузориши пажӯҳишӣ мегӯянд, унвони гузориш як образи адабӣ аст, вале ба сурати умум хушунати қавмиву нажодӣ дар Русия бо шеваҳои боз ҳам бадтар зуҳур кардааст.

Александр Верховский, яке аз муаллифони гузориш дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин далел, ки пулис бо миллатгароёни рус дасти ба даст алайҳи муҳоҷирони корӣ амалиёт пиёда мекунанд, ба афзоиши сатҳи зӯроварии нимақонунӣ роҳ кушод.

Александр Верховский
Александр Верховский
Александр Верховский: Ба эҳтимоли қавӣ кушторҳо нисбат ба солҳои пештара бештар буд. Аз сӯи дигар, ҳар гуна рейдҳои тундравони ростгаро дар макони зисти муҳоҷирон ва маҳалли кори онҳо ба таври густарда таҷруба мешавад. Ин амалҳо метавонанд номҳои мухталиф дошта бошанд, мисли “Поккории русӣ” ё “Сипари Маскав”. Онҳо касеро пайдо мекунанд ва пулис гӯё тӯдаи “ғуломон”-ро берун мекунад. Ба назари ман, ҳамин зӯровариҳои нимақонунӣ метавонанд ба раванди хатарнок табдил шаванд.

Озодӣ: Оё дар гузориш рақамҳое мушаххасе зикр шудаанд, ки ба афзоиши сатҳи зӯровариҳо ишора кунанд?

Александр Верховский: Албатта, омор вуҷуд дорад, аммо мо танҳо аз як бахши ками қурбониҳо бохабар ҳастем. Мо дақиқан медонем, ки соли гузашта 20 куштор дар заминаҳои ақидатӣ ва қавмиву миллатбадбинӣ анҷом шудааст. Соле пештар 19 нафар қурбони чунин ҳамлаҳо шуда буд. Дар маҷмӯъ мо 200 ҷабрдидаро медонем, дар ҳоле, ки теъдоди онҳо бештар аз ин аст. Аз сӯи дигар, ҳар сол шумори онҳое, ки бо ҷурми ҳамлаҳои қавмгароёна зиндонӣ шудаанд рӯ ба коҳиш овардааст ва баръакс теъдоди онҳое ки барои кадом як изҳороти қавмгароёна муттҳам шудаанд рӯ ба боло рафтааст. Масалан, ҷурме, ки нафаре дар Интернет кадом навореро пахш кардааст, албатта, ин кори хуб нест ва бояд ҷазо дошта бошад. Аммо ин дар муқоиса бо ҳуҷумҳои воқеъӣ хатарнок нест. Ман мехоҳам бигӯям, ки сол то сол ҳукми додгоҳҳо дар робита ба ҷурмҳои мисли ҳуҷуму кордзанӣ камтар мешавад.

Озодӣ: Шумо дар гузориши худ аз ягон гурӯҳи мушаххас ном бурдаед?

Тесак
Тесак
Александр Верховский: Ҷумбишҳои тундрави миллӣ асосан аз гурӯҳҳои хурди беном иборатанд. Бинобар ин ном бурдан аз онҳо на ҳамеша ҳамеша имкон дорад. Баъзе гурӯҳҳои начандон бузург дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур кардаанд, мисли ҷумбиши “Русские”. Онҳо ҳатто талош карданд, ки ҳизби худро сабти ном кунанд, аммо муваффақ нашуданд. Аммо баъзеҳояшон тавонистаанд сабти ном шаванд, масалан ҷумбиши “Родина”-и Рогозин ё “Иттиҳоди мардумии умумирусӣ”-и Бабурин. Аз сӯи дигар, шабакаҳои сохтории ғайрирасмӣ низ вуҷуд доранд, масалан, пайравони неонатсисти машҳур Максим Мартсинкевич (Тесак). Ин ҷумбиш “Реструкт” ном дорад ва аз гурӯҳҳои хурд иборат буда, дар шабакаҳои интернетӣ ҷонибдор ҷустуҷӯ мекунад. Бештар ҷавонҳо дар Интернет таҳти таъсири ин гурӯҳ мемонанд ва ин аст, ки тарафдоронашон бештар мешавад.

Озодӣ: Дар маҷмӯъ ба назари шумо, сиёсати давлатии Русия дар робита ба миллатбадбинӣ ва миллатгароӣ дигар шудааст?

Александр Верховский: Ин суолест, ки ҷавоби содда надорад. Агар сӯҳбат бораи гурӯҳҳои тундрав бошад, метавонам бигӯям, ки ҳукумат дар баробари ин гурӯҳҳои тундгаро бархӯрди шадид дорад ва мехоҳад онҳоро саркӯб кунад. Маълум аст, ки ҳамаи онҳоро намешавад зиндонӣ кард, мардуми зиёд аст, аммо мақомот талош мекунад онҳоро дар ҳошия нигаҳ дорад ва масъаларо умда намекунад. Дар маҷмӯъ фишор ба ин гурӯҳҳо ба андозае нест, ки бояд бошад. Ҳукумат баъзан бо сабаҳои номаълум корҳои дигарро анҷом медиҳад. Масалан, ҳамон маъракаи зидди муҳоҷирони корӣ, ки соли гузашта дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия анҷом шуд, хеле ва хеле ба манфиати тундравон буд. Аввалан, ин маърака ҳавои миллатбадбиниро дар ҷомеъа бештар кард. Дувуман, ростгароҳои тундрав эҳсос кардаанд, ки амалҳои онҳо чизе монанд ба “сиёсати ҳизбӣ” аст ва ин умедвориро ба дурнамои ҷумбишҳои ростгарои тундрав ё радикалҳо бештар кард.
XS
SM
MD
LG