Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Бирюлёво то "Русский марш". Ба оташи низоъ кӣ равған мерезад?


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар робита ба ҳамла ба қатори хайсайри Маскав-Душанбе ба вазорати умури хориҷии Русия нота фиристодааст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нота аз ҳамлаи миллатгароҳо ба қатори Душанбе изҳори нигаронӣ ва аз вазорат даъват шудааст, ки ҳарчӣ зудтар ба ин қазия расидагӣ кунад. Ӯ афзуд, ки то гирифтани посухи расмии вазорат ба ин нота аз шарҳи бештари ин қазия худдорӣ мекунад.

Бар пояи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин ҳодиса рӯзи 26 октябр, соати 23-ву15 дақиқа ба вуқӯъ пайваст. Тақрибан 20 ҷавони рус дар истгоҳи фаннии роҳи оҳани “Терновка”, воқеъ дар вилояти Астрахан, мусофирони қатори хатсайри Маскав-Душанберо дашном дода, шиорҳои қавмгароёна заданд. Сипас онҳо 20 шишаи тирезаи вагонҳоро шикаста, ба чандин мусофир осеби сабуки ҷисмонӣ расондаанд.

Сафорати Тоҷикистон аз он тааҷҷуб кардааст, ки ходимони пулиси маҳаллӣ дар ҷойи ҳодиса буданд ва аммо барои ҷилавгирӣ аз он чорае наандешидаанд. Бригадири қатори Маскав - Душанбе хостааст, дар бораи ин ҳодиса ба истгоҳи ояндаи Волгоград барқия бифиристад, вале барқияи ӯро ба далели он ки миёни Тоҷикистону Русия дар ин бора созишномае нест, қабул накардаанд. Ду корманди хадамоти назорати амният дар роҳҳои оҳани вилояти Астрахан, ки қатори Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекарданд, низ чорае барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи нажодпарастон наандешиданд ва аз ин ҳодиса мақомоти масъулро хабардор ҳам накарданд.

Хабари ҳамлаи миллатгароҳои рус ба қатори Маскав-Душанбе дар ҳоле расид, ки шаҳрдории Маскав бо раҳбарони нажодпарастҳои рус мавзӯи баргузории раҳпаймоии онҳо мавсум ба “Русский марш”-ро ҳамоҳанг мекард. Қарор аст, ин раҳпаймоӣ рӯзи 4 ноябр дар хиёбони Перерваи Маскав сурат бигирад ва бо консерти як гурӯҳи нажодпарастҳои рус - “Коловрат” анҷом ёбад. Зимнан ин
Қавмгароҳои рус дар яке аз раҳпаймоиҳои солҳои пеш
Қавмгароҳои рус дар яке аз раҳпаймоиҳои солҳои пеш
гурӯҳ, ки чанд таронааш ифротгароёна арзёбӣ шудааст, барои раҳпаймоии рӯзи 4 ноябр таронаҳои вижа иншо ва сабт кардааст.

Коршиносон мегӯянд, баргузории раҳпаймоии нажодпарастҳои рус дар ҳоле, ки хотираҳои мағшуш аз бенизомиҳо дар Бирюлово аз ёдҳо берун нарафтаанд, метавонад вазъи Маскавро ноором ва душманӣ миёни қавмгароҳову шаҳрвандони Қафқозу Осиёи Марказиро бештар кунад. Ёдовар мешавем, рӯзи 13 октябр баъд аз куштори сокини Бирюлёво Егор Шербаков издиҳом хостори боздошту муҷозоти қотил шуд. Ин намоиш ба бенизомиҳо дар канори маркази тиҷоратии “Бирюза” ва задухӯрди миллатгароҳо бо полис печид. Ба думболи ин амалиёти густурда барои ошкор анмудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ сурат гирифт ва рӯзи 14 октябр беш аз 1200 нафар аз кормандони бозори умдафурӯшии “Бирюлово” аз сӯи полис боздошт шуданд. Бозор бо қарори додгоҳ муваққатан баста шуд.

Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, дар ин бозор ду гурӯҳи тоҷикон кор мекарданд – гурӯҳи аввал - соҳибони дукону анборҳо ва гурӯҳи дуввум муҳоҷироне, ки ба ҳаммоливу дигар хадамот машғул буданд. “Рӯзҳои аввал ҳамватанҳое, ки дар ин бозор дукону анбори умдафурӯшӣ доштанд, дар гирифтани борҳои худ мушкилӣ мекашиданд ва аммо онҳо баъдан бидуни дахолати мо ин мушкилро ҳал намуданд”, мегӯяд намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Ӯ меафзояд, ки то ҳол аз ягон корманди бозори “Бирюлово” ба сафорат шикоят нарасидааст.

Амалиёти ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ то ҳол идома дорад ва рӯзи 28 октябр беш аз ҳазор нафар муҳоҷироне, ки дар бозори “Садовод” кор мекарданд, ба идораҳои полис бурда шуданд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистонанд. Каримҷон Ёров, раиси созмони муҳоҷирони тоҷик ЭТМОС мегӯяд, ӯ шоҳиди боздошти муҳоҷирони корӣ дар ин бозор буд ва кормандони полис аз ҷумла, як писари амакашро, ки ахиран аз Украина ба Маскав омада буд ва ҳама санадҳояш комилу қонунӣ буданд, ба идораи полис бурданд. Каримҷон Ёров меафзояд, алҳол шумораи тоҷикони боздоштшуда дақиқ нест, зеро онҳоро ба шӯъбаҳои гуногуни Маскав тақсим карданд. Зимнан, ба гуфтаи ӯ, дар он шӯъбаҳо ҷой нест ва он ҷо муҳоҷирони зиёде ду-се ҳафта ва баъзеҳо ҳатто то як моҳ нигаҳ дошта мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки дар сӯҳбат бо мо худро Шарифхони Ҳасан муаррифӣ кард, гуфт, ҳам дар бозори умдафурӯшии меваҷоти тару хушк дар Бирюлово ва ҳам дар бозори “Садовод” аз ҳама бештар тоҷикон мавриди таъқибу фишор қарор гирифтанд. Ӯ афзуд, то ҳанӯз баъзе аз рафиқонаш, ки дар Бирюлово кор мекарданд, аз зарбу лати кормандони полис ранҷ мебаранд ва аммо аз тарси ихроҷ шудан лаб ба шикоят намекушоянд. Шарифхон мегӯяд, ҳама муҳоҷирон умедвор буданд, ки баъди имзо шудани созиш дар бораи тамдиди буду боши пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон вазъашон беҳтар мешавад, аммо рӯзҳои ахир онҳо он қадар ноумед шудаанд, ки ба ватан баргаштаниянд.
Каримҷон Ёров ҳам мегӯяд, ки баъд аз ҳаводиси Бирюлово ягон озарӣ ё арманӣ аз Маскав ихроҷ нашудааст ва аммо фақат дар як шӯъбаи полис ба ӯ дар бораи ихроҷи 37 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 30 нафар барои гӯё дар рӯзи ид шароб нӯшидан аз кишвар берун карда шудаанд.

Раиси созмони ЭТМОС боз аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имрӯзҳо касе ба доди муҳоҷирони корӣ намерасад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳам кормандони сафорат ва ҳам масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон на дар пайи расидагӣ ба мушкили ҳамватанҳо, балки дар ғами баргузор кардани интихоботи раёсатҷумҳуриянд, аз ҷумла, аксари дипломатҳо ва кормандони Хадамоти муҳоҷират барои ташкили ин маърака ба шаҳрҳои гуногуни Русия фиристода шудаанд. "Аз дасти як-ду нафаре, ки дар ин рӯзҳои мушкил дар Маскав мемонанд, чӣ кор меояд, ман намедонам", меафзояд мусоҳиби мо.

Дар ҳоле, ки шаҳрдории Маскав ва миллатгароҳои рус дар мавзӯи баргузории “Русский марш”-ро матраҳ мекарданд, Федератсияи муҳоҷирони Русия ҳам хостори рӯзи 4 ноябр баргузор кардани намоиши эътирозӣ бо ширкати ҳазор нафар дар се майдони Маскав – майдони назди муҷассамаи Пушкин, майдони Болотная ва майдони Лубянка шуд. Шаҳрдории Маскав ба талаби ин Федератсия то ҳол посух надодааст.

Каримҷон Ёров мегӯяд, ки дар сурати иҷозаи шаҳрдорӣ ҳам созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳанд кард, зеро аввалан онҳо узви Федератсияи муҳоҷирони Русия нестанд ва, сониян, ин гуна эътирозро дар вазъи феълии Маскав ба салоҳи кор намедонанд. Ӯ меафзояд, “ин федератсия агар мехост намоиши эътирозиро баъд аз он баргузор мекард, ки дар Бирюлово аввал як ӯзбак ва сониян як озариро бо корд зада куштанд”.

Аз нигоҳи мусоҳибони мо, намоиши эътирозии муҳоҷирон 4 ноябр - Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Маскав метавонад ба оташи низоъ равған резад ва барои “сарсиёҳҳо” паёмадҳои фоҷиабор дошта бошад.
XS
SM
MD
LG