Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ дубора президенти ФФТ интихоб шуд


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, писари 28-солаи Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои чаҳор соли дигар президенти Федератсияи футболи кишвар боқӣ монд.

Беш аз 60 вакили конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки 15 январ дар меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ"-и Душанбе баргузор шуд, Рустами Эмомалиро дубора президенти ин федератсия интихоб карданд. Интихоби дубораи писари 28-солаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин мақом бидуни рақиб сурат гирифт. Ӯ тӯли чаҳор соли дигар раҳбарии ФФТ-ро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Дар ин конфронс Хуршед Файзуллозода, ноиби аввали президент ва дабири кулли ФФТ, аз фаъолияти федератсия дар солҳои 2012-2015 ҳисобот дод. Дар ҳисобот, аз ҷумла зикр шуд, ки ФФТ дар муддати чаҳор соли охир корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар ба ҷо овардааст.

Дар ин муддат, пеш аз ҳама, ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда шуд.

Дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) соли 2015-ум дар Душанбе бозиҳо бо ширкати бошгоҳҳои футбол аз Ироқ, Кувайт, Туркманистон, Сурия ва Малайзия баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар соли аввали ширкати худ дар ин мусобиқаи қитъавӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон порсол ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 мушарраф шуд. Инчунин мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифт.

Вакилони конфронс фаъолияти ФФТ-ро дар тӯли ин муддат қаноатбахш арзёбӣ карданд. Рустами Эмомалӣ ба вакилони конфронс дар бораи муҳимтарин вазифаҳои ФФТ дар чаҳор соли оянда иттилоъ дод.

Дар конфронс кумитаи иҷроияи ФФТ дар ҳайати 13 нафар интихоб шуд. Ба ғайр аз президенти ФФТ ва ду ноиби ӯ, Қоҳир Расулзода, Аҳтам Абдуллозода, Шоҳрух Саидов, Шариф Назаров, Исроил Шарифов, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов, Бароталӣ Ҳамидзода, Фарҳод Сайфиддинов ва Мӯҳсин Муҳаммадиев аъзои кумитаи иҷроия интихоб гардиданд. Ноибони президент ва дабири кулли ФФТ дар ҷаласаи наздиктарини кумитаи иҷроияи Федератсия тасдиқ карда мешаванд.

Дар конфронси мазкур Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, суханронӣ карда, ба роҳбарону кормандони ФФТ барори кор ва комёбиҳои тоза орзу намуд.

Номзадии Рустами Эмомалӣ ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои бори аввал 5 январи соли 2012 пешниҳод ва ӯ дар ин мақом Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро, ки тақрибан даҳ сол раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда дошт, иваз кард.

Рустами Эмомалӣ писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки ҳоло раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ мебошад. Вай 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст.

Ӯ соли 2013, вақте ҳамагӣ 26 сол дошт, бо дарёфти унвони генералӣ раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Аз ин пеш муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе ва муовини раиси Созмони ҷавонон буд.

XS
SM
MD
LG