Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 35 ба 30. Кушодани роҳи Рустами Эмомалӣ ё..?


Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

Бар асоси тарҳи иловаҳо ба Қонуни асосӣ, ки ҳоло барои баррасӣ дар дасти вакилони парлумон қарор дорад, синни номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон то 30-солагӣ поин оварда хоҳад шуд.

Синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 35-солагӣ, ки дар Қонуни асосии кунунии кишвар дарҷ шудааст, то 30 поин оварда хоҳад шуд. Дар тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ, ки нусхаи он рӯзи 13 январ ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст: "Дар моддаи 65-ум, қисми дувум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: Шахсе ба номзадии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад."

Ин илова ба Қонуни асосӣ дар сурати тасвибаш ба Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад. Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, бар асоси муқаррароти Қонуни асосии феълии Тоҷикистон, ҳаққи пешбарии номзадиашро надошт, чунки дар он синни ҳадди ақалл барои номзад ба президентӣ 35 муқаррар шуда буд.

Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ, бино ба нусхае, ки ба дасти Озодӣ расид, ба моддаи 65-ум ин банд илова шудааст, ки ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Шокирҷони Ҳаким
Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, лоиҳаи ислоҳи Қонуни асосӣ бозгӯи он аст, ки худи Эмомалӣ Раҳмон мансаби президентиро тарк карданӣ нест. Ӯ мегӯяд, "ду бор интихоб шудани як нафар ба мансаби президентӣ ба Пешвои миллат дахл надорад дар ин тарҳ ҳамин мазмунро дорад."

Аммо ӯ поин бурдани синни номзад ба мақоми президенти ояндаро ба 30 сол ба “хотири рӯзи мабодо” дар оянда марбут медонад: "Агар то соли 2020 ҳеч таъсир нашавад ва ақидаи қудратҳо тағийр наёбад, пас, Эмомалӣ Раҳмон президентиашро бидуни мушкил идома хоҳад дод. Вале агар тавсияҳои дигар аз ҷониби кишварҳои таъсиргузор шавад, пас, Эмомалӣ Раҳмон имконият дорад, аз интихоботи президентии соли 2020 худдорӣ намуда, фарзанди худ ва ё нафареро тавсия дода, минбаъд бо дарназардошти ваколаташ ҳамчун Пешвои миллат давлатро идора кунад."​

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, бар асоси Қонуни асосӣ, ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2020-ро надорад, вале дар сурати тасвиби ислоҳоти ҷадид ӯ ҳам метавонад бидуни маҳдудият худро номзад кунад.

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ низ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.

Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов

​Аммо Маҳмадалӣ Ватанов, вакили Маҷлиси Намояндагон, аслан дар бораи ин ҷузъиёти ислоҳи Қонуни асосӣ сӯҳбат накард. Аммо гуфт, аз қабули Конститутсия вақти зиёд гузашта ва ҳоло фурсати ислоҳаш фаро расидааст. Ин вакили парлумон гуфт, ки тарҳи ислоҳот ба Қонуни асосиро 16 узви Маҷлиси Миллӣ ва 27 узви Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардаанд ва ҳоло дар дасти баррасист.

"Мувофиқи талаби моддаи 99-уми Сарқонун ва қонуни консититсионӣ дар бораи раъйпурсӣ аз се як ҳиссаи аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон ҳуқуқ доранд, ба Сарқонун тағйирот пешниҳод кунанд. Ҳоло вакилон аз ин ҳуқуқ истифода карда ва лоиҳаи тағйиру иловаҳро пешниҳод намудаанд," -- афзуд Ватанов.

Ӯ гуфт, ки тағйиру иловаҳо баъдан барои хулоса ба Додгоҳи Қонуни асосӣ фиристода шуда ва пас аз гирифтани хулосаи ин ниҳод масъалаи баргузории раъйпурсӣ муайян хоҳад шуд. Маҳмадалӣ Ватанов гуфт, "дар Сарқонун нисбат ба ягон масъала маҳдудият муқаррар намешавад. Танҳо аз қабули Қонуни асосӣ мӯҳлати зиёд гузаштааст. Ин қонуне ҳаст, ки дар ҳаракат аст ва бо рушди ҷомеа сахт вобаста аст. Баъзе меъёрҳои он такмил дода мешаванду бас."

​Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994, вақте дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, қабул шуд. Ба ин муносибат рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Қонуни асосӣ эълон шудааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Ҳоло, ки масъалаи то 30-солагӣ поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пеш омадааст, бисёриҳо тахмин мезананд, ки шояд ҳадаф аз ворид кардани ислоҳоҳо ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон барои нишастан ба ин курсист. Ҳоло Рустами Эмомалӣ ба синни 28 расидааст ва то интихоботи дигари президентӣ 33-сола хоҳад шуд.

Аммо ҳамзамон пешниҳоди лағви маҳдудиятҳо барои ширкати раиси ҷумҳурӣ кунунӣ ба ҳайси "Пешвои миллат" дар интихоботҳои президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ин имконро низ боқӣ мегузорад, ки дар интихоботи соли 2020 боз ҳам худашро пешбарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG