Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се соли асорати Алиҳайдари Гелонӣ


Акси Алиҳайдари Гелонӣ рӯзи 9 маи соли 2013, ба ҳангоми таблиғи барномаи интихоботиаш дар хонае дар шаҳри Мултон гирифта шудааст. Худи ҳамон рӯз ӯ ба асорат афтод
Акси Алиҳайдари Гелонӣ рӯзи 9 маи соли 2013, ба ҳангоми таблиғи барномаи интихоботиаш дар хонае дар шаҳри Мултон гирифта шудааст. Худи ҳамон рӯз ӯ ба асорат афтод

Нирӯҳои амрикоиву афғон писари собиқ нахуствазири Покистонро дар як амалиёти низомӣ дар вулусволии Гаёни вилояти Пактикои Афғонистон аз асорат озод карданд.

Нирӯҳои амрикоиву афғон писари се сол пеш рабудашудаи собиқ нахуствазири Покистонро дар як амалиёти низомӣ дар вулусволии Гаёни вилояти Пактикои Афғонистон аз асорат озод карданд. Дар ин бора вазорати хориҷаи Покистон рӯзи 10 май изҳороте пахш кард. Алиҳайдари Гелонӣ писари Юсуфризо Гелонӣ дар як амалиёти муштараки нирӯҳои афғониву амрикоӣ дар шарқи Афғонистон пайдо шуд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳоло баъди анҷоми ташхиси тиббӣ, омодагиҳо барои бозгардони ӯ ба Покистон ҷараён дорад. Ҳукумати Афғонистон Гелонӣро ба сафорати Покистон дар Кобул таслим кардааст. Алиҳайдари Гелонӣ аз ҷониби як гурӯҳи Толибон дар таърихи 9 маи соли 2013, ду рӯз пеш аз интихоботи сартосарӣ дар Покистон рабуда шуд. Гелонӣ сиёсатмадор буд ва барои ширкат дар интихобот омодагӣ медид.

Хабаргузории Ройтерс аз қавли ҳукумати Афғонистон ҳам менависад, ки дар амалиёте, ки Гелонии хурдӣ озод шуд, як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида нобуд ва писари сиёсатмадори покистонӣ тасодуфан дар ин паноҳгоҳ ошкор шуд. Дар изҳороти дафтари президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки худ рӯзи 10 май бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, гуфта

Юсуфризо Гелонӣ
Юсуфризо Гелонӣ

мешавад, ки Алиҳайдар Гелонӣ дар ҷараёни ин амалиёт пайдо ва аз дасти террористон озод карда шуд. Дар ҷараёни ин амалиёт 4 фарди мусаллаҳ кушта шудааст.

Дар вокуниши аввалияаш писари дигари нахуствазири собиқ Алимӯсо Гелонӣ дар сӯҳбат бо телевизиони покистонии Geo TV гуфт, ки “вақте ин хабарро аввалин бор шуниданд, аслан бовар накарданд. Вале вақте ин хабарро вазорати хориҷа пахш кард, боварии комил ҳосил карданд, ки хабар дуруст аст”. Алимӯсо гуфт, ки ҳоло хонавода барои пешвози Алиҳайдар омодагӣ мебинад, вале феълан ҳеҷ маросим ё маъракаи хосе дар назар нест. “Мо бояд аввал чеҳраи ӯро бубинем”, гуфт бародар.

Алиҳайдар Гелонӣ се соли пеш дар беруни дафтари ҳизби мардумии Покистон (РРР) дар шаҳри Мултони вилояти ҷанубии Панҷоб ба асорат афтод. Ду рӯз баъди ин ҳодиса, яъне 11 маи соли 2013, қарор буд дар Покистон интихоботи сартосарӣ баргузор мешуд.

Падари ӯ, як узви собиқадори РРР давоми 4 сол, аз соли 2008 то 2012 раҳбарии ҳукумати Покистонро ба ӯҳда дошт. Барканории ӯ аз мақом бо қарори Додгоҳи олӣ сурат гирифт ва гуноҳаш ин буд, ки нахост дар робита бо иттиҳомоти фасоди Осифалии Зардорӣ, президенти баъдии Покистон парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

Дар наворҳои видеоии рӯзи 10 май пахшшуда дидан мумкин буд, ки Юсуфризо Гелонӣ бо чеҳраи хандон даст ба дасти раҳбари РРР Биловал Бҳутто Зардорӣ дода аз тарафдоронаш ташаккур мекунад, ки барои зинда пайдо шудани писар ва озодии ӯ дуо кардаанд.

Алиҳайдар Гелонӣ танҳо чеҳраи баландпояи сиёсӣ набуд, ки солҳои охир ба дасти рабояндагон афтод. Як писари волии дигаре дар Покистон, ки зидди қонуни шадиди тӯҳмату бӯҳтон дар Покистон ошкоро баромад мекарду кушта шуд, соли 2011 рабуда шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ Шаҳбоз Таъсир дар минтақаи ҷанубуғарбии Кветта зиндаву саломат аз асорат озод шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG