Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков: Бӯи Тоҷикистонро ёд кардам


Сомон Маҳмадбеков, варзишгари ҷавони тоҷик
Сомон Маҳмадбеков, варзишгари ҷавони тоҷик

Варзишгар, Сомон Маҳмадбекови 18-сола, ҳеҷ гоҳ интизор надошт, ки дар Душанбе ӯро на танҳо наздикон, балки мардуми зиёд ботантана пешвоз мегиранд. Сомон, агарчӣ дар панҷ соли охир, дар чандин сабқатҳо Тоҷикистонро муаррифӣ кардаву ба нишонҳо сарфароз шудааст, аммо бори аввал баъди расидан ба балоғат ба Тоҷикистон омадааст.

Ҳоло мехоҳад, дар Душанбе аз ҳавои шаҳри азиз нафас кашида ба қавле "бо Душанбеи нав, кӯчаву боғҳои навбунёдаш ошно шавад ва ҳам бо дустони даврони кӯдакӣ суҳбатҳо хоҳад кард

Ӯ даҳ сол аст, ки дар Иркутски Русия зиндагӣ мекунад ва баробар бо таҳсил дар мактаби ҷудои маҳаллӣ ҳам тамрин мекунад. Сомон баъди бурдани нишони биринҷии ҷоми қаҳрамонии ҷудо дар Хорватия ҳамакнун ба Душанбе барои аёдати волидонаш омадааст.

Пешвози Сомон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Пешвози Сомон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро дар баробари пайвандонаш, намояндагони Кумитаи ҷавонон, дӯстдорони варзиш ва наврасони зиёд пешвоз гирифтанд. Сомон Маҳмадбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин пазироӣ хушҳол аст ва баробари пушидани ҷомаву тоқии тоҷикӣ, бӯи ватанро дубора эҳсос кард.

Сомон Маҳмадбеков 19-уми октябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия ҷараён гирифт, ба мақоми сеюм ва медали биринҷӣ мушарраф шуд. Сомон дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Саини Сингҳ (Ҳиндустон) ва Исмоил Иброҳимов (Озарбойҷон), аз Даниел Каргнин (Бразилия) мағлуб шуд. Баъдан, ӯ дар даври тасаллобахш Рока Касес Салвадори испаниягиро шикаст дод. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Яъқуб Ҷаводов (Озарбойҷон) пирӯз шуд ва мақоми севумро сазовор шуд.

Сомон аз хонаводаи варзишгарони маъруфи тоҷик Маҳмадбековҳо аст, ки солҳои охир дар Иркутск ба сар мебаранд. Дар тамоми мусобиқаҳои байналмилаливу минтақавӣ Сомон аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Сомон гуфт, чандин бор ба ӯ пешниҳод шуд, ки аз Русия намояндагӣ кунад, вале ҳамеша ин пешниҳодҳоро рад кардааст.

Ҳоло мехоҳад, дар Душанбе аз ҳавои шаҳри азиз нафас кашида ба қавле "бо Душанбеи нав, кӯчаву боғҳои навбунёдаш ошно шавад ва ҳам бо дустони даврони кӯдакӣ суҳбатҳо хоҳад кард".

​Моёншо Маҳмадбеков, падари Сомон
​Моёншо Маҳмадбеков, падари Сомон

Моёншо Маҳмадбеков, падари Сомон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз шашсолагӣ шавқи зиёди варзишгариро дар дил дошт. Барои амалӣ кардани орзуи писар ӯро назди устоди варзиш Шариф Сулаймон бурд. Падари Сомон мегӯяд, маҳз амакҳои паҳлавон боис шуданд, ки Сомон ҳам баъдан ба навъи варзиши гуштӣ рӯ оварад. “Муҳити гуштигирҳо дар оилаи мо ба Сомон ҳам таъсир кард. Чун ҳоло бародару ҷиянҳоям ҳамагӣ варзишгаранд ва барои тамрини Сомон ҳам кумак шуд”, - гуфт ӯ.

Моёншо Маҳмадбеков мегӯяд, ҳар боре, ки дар пайи ғолибияти Сомон парчами Тоҷикистон боло мешавад, ӯ аз чунин писар ифтихор мекунад, ки тавонист барои ватан фарзанди варзишгаре тарбия кунад.

Сомони 18-сола шаҳрвандии Русияро низ дорад ва дар баробари варзиш дар факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Иркутск таҳсил мекунад. Ӯ мегуяд, дар Русия шароити тамрин барои як варзишгар хуб аст. Агарчӣ, донишҷӯ ҳам ҳаст, бо тақсими дурусти вақт талош мекунад ҳам тамрин кунад ва ҳам ба таълим бирасад.

Зимнан, Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Африқо миёни наврасон, ки моҳи апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Инчунин, ӯ дар Ҷоми Аврупо миёни навҷавонон, ки моҳи август дар Руминия барпо гардид, барандаи медали тилло гардид.

XS
SM
MD
LG