Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарҳои бастаи ошхонаҳо дар моҳи Рамазон (6 АКС)


Ошхонаи "Ҳоҷиён" дар моҳи Рамазон муваққатан дарҳои худро бастааст.
Ошхонаи "Ҳоҷиён" дар моҳи Рамазон муваққатан дарҳои худро бастааст.

Бо фаро расидани моҳи Рамазон дарҳои бархе ошхонаву қаҳвахонаҳо ҳам дар Душанбеву шаҳрҳои дигари Тоҷикистон баста шуд.

Дар моҳи шарифи Рамазон бархе аз ошхонаву қаҳвахона ва майкадаҳо дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон муваққатан дарҳои худро бастаанд. Ин тасмими соҳибони онҳо ба хотири гиромӣ доштани моҳи шарифи Рамазон аст, ки мусалмонон дар ин моҳ рӯза медоранд. Аммо бархе аз соҳибони ошхонаҳо, ки дар ин моҳ кор намекунанд, сабабро дар кам шудани муштариён дар ин моҳ медонанд, ки ба гуфтаи худашон, "кирои кор кардан нест".

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аз 28-уми июн оғоз шуд ва то 27-уми июл давом мекунад. Аммо ҳамзамон дар Душанбе кам нестанд ошхонаҳое, ки ба таври маъмулӣ фаъолият доранд ва ба назар мерасад, муштариёнашон ҳам кам нестанд. Имсол моҳи Рамазон дар гармтарин рӯзҳои сол рост омад ва дар кӯчаву хиёбонҳо нафарони зиёдеро дидан мумкин аст, ки дар даст зарфҳои об ва ё дар қаҳвахонае дар ҳоли хӯрдан ҳастанд.

Ҳоло тӯли рӯз, ки барои шахси рӯзадор хӯрдану ошомидан манъ аст, дар Тоҷикистон ҳудуди 17 соатро дарбар мегирад. Гармии ҳаво дар шаҳри Душанбе 38-40 дараҷа ва дар бархе манотиқи вилояти Хатлон то 42 дараҷа мерасад, ки доштани рӯзаро мушкил мекунад.

Ин 6 аксро хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе бардоштааст.

XS
SM
MD
LG