Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскарҳои ноболиғ ба хона баргаштанд


Додситонии ҳарбии минтақаи Қӯрғонтеппа 4 нафар аз толибилмони мактабҳои Шаҳритусро аз артиш ба назди волидонашон баргардонд.

Маҳмудалӣ Алимардонов, додситони низомӣ, зимни ироаи ин хабар гуфт, танҳо дар ҷараёни даъвати баҳории ҷавонон ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 22 муҳассили мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба воҳидҳои низомӣ сафарбар шудаанд.

М. Алимардонов афзуд, даъвати талабаҳои мактаб ва ҷавонони зери синни 18 ба сафи артиш хилофи қонун буда, Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 25-ум май алайҳи масъулони ин амал парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Чанде аз аъзои комиссияи ноҳиявии даъвати ҷавонон ба артиш тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ - 314 ва 391, яъне "сӯйиистифода аз ваколатҳои мансабӣ" ва "сӯиистеъмоли мақоми ҳокимият ё мақоми хизматӣ ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан" ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Додситони ҳарбии минтақаи Қӯрғонтеппа дар идома гуфт, ки аз 22 толибилми ба артиш роҳишуда, то имрӯз тафтишот маълум кардааст, ки дастикам 13 нафарро ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб кардаанд. Тафтиши ин парванда феълан идома дорад.

Аммо маълум нест, ки акнун сарнавишти он чаҳор талабаи озодшуда аз артиш чӣ хоҳад буд: оё ба онҳо имкони супурдани имтиҳоноти давлатӣ барои хатми таҳсил дода мешавад, ё ба сабаби даъват шудан ба хизмати сарбозӣ, онҳо як соли дигар бояд дар мактаб таълим бигиранд?

Даъват ба сафи артиши миллӣ солҳои ахир бо ҳодисаҳои "облава" ё боздошти ҷавонон дар кӯчаву мактабу бозор ва норозигии волидон аз ин иқдомот ҷараён мегирад. Ахиран дар пайи рейди мақомоти низомӣ чанд устоди донишгоҳи Кӯлоб низ иҷборан ба артиш сафарбар шуданд. Ҳодисаҳое низ буданд, ки афроди озод аз хизмати артиш низ "облава" шуданд.

Хизмат дар сафи артиши Тоҷикистон барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ва онҳое, ки дар макотиби олӣ таҳсил мекунанд, ҳатмӣ аст.
XS
SM
MD
LG