Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Облава» дар Восеъ боиси сӯхтани як зан ва ҷавони фирорӣ шуд


Дар пайи гузаронидани рейди иҷбории даъват ба артиш, дар маркази ноҳияи Восеъ як зан ва як ҷавони фирорӣ аз равғани сӯзон ҷароҳат бардоштаанд.

Амриддин, як шоҳиди ин ҳодиса рӯзи душанбеи 6--уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «облава» соатҳои 11 дар маркази ноҳияи Восеъ дар бозори ин минтақа сурат гирифтааст, ки ҳангоми гурези ду ҷавон аз дасти кормандони комиссарияти низомӣ, онҳо ба деги зани «пирожки»-фурӯш бармехӯранд. Ба гуфтаи Амриддин, дар натиҷаи ин бархӯрд зани «пирожки»-фурӯш ва яке аз ҷавонони фирорӣ сӯхта ва ҷароҳат мебардоранд.

Амриддин гуфт, ки «облава» тавассути кормандони комиссарияти низомии ноҳияи Восеъ дар бозори марказии ин ноҳия дар ҳузури даҳҳо тан тоҷирону харидорон ва мусофирон иттифоқ афтодааст. Аммо Раҳматулло Иброҳимов, комиссари низомии ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин танҳо як овоза ҳаст.

Дар ҳамин ҳол масъулони бемористони марказии ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки як занро бо аломатҳои сӯхтагӣ аз қисмати пой ва шикам дар ин беморхона бистарӣ карданд. Пизишкон ҷароҳати занро сабук хонданд, аммо сабаби онро шарҳ намедиҳанд.

Иттифоқи ғайриодие бар асари «облава» дар маркази ноҳияи Восеъ дар ҳолест, ки субҳи рӯзи панҷшанбеи 2-юми май дар хобгоҳи устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, низ аз сӯи кормандони комиссарияти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, «облава» сурат гирифта буд ва ду устоди ин донишгоҳ маҷбуран ба хизмат дар Артиш сафарбар шуданд.

Ҷамшед Бобохонов ва Зафари Саъдӣ, омӯзгорони факултаи физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи Кӯлоб ҳастанд, ки қурбонии «облава» шуданд, аммо масъулони ин дар ин робита хомӯширо ихтиёр кардааст.

Сӯҳроб Ахмедов, комиссари ҳарбии Кӯлоб дар як сӯҳбати бидуни микрофон «облава» шудани ду омӯзгорро шарҳ надод, вале гуфт, фаъолияти онҳо дар доираи қонун ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мушкили даъвати ҳарбӣ ҳоло дар ин аст, ки аксари даъватшудагон дар ҷои зисташон ҳузур надоранд.

-Мо ба 5 ҳазор ҷавони ба сини хидмати ҳарбӣ расида, даъватнома равон кардаем, вале аксари ин ҷавонон дар ҷои зисташон ҳузур надоранд. Мушкили кори мо ҳоло фақат ҳамин аст, аммо мо ҳеҷ гоҳ «облава» намекунем ва кӯшиш мекунем, дар доираи қонун мушкилиро ҳал кунем,-гуфт, ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Саттор Ризоев, муовини комиссари ҳарбии Кӯлоб, дар як сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфта буд, ки дар ин даъват шумораи ихтиёриён хеле афзоиш ёфтааст. Ӯ дар сӯҳбати қаблиаш гуфта буд, ки имсол сафи наваскарони соҳиби маълумоти олӣ дар даъвати якум дар қиёс ба солҳои гузашта се маротиб афзоиш ёфтааст.

Ӯ гуфт: «Масалан, соли гузашта агар дар даъвати якум мо 5 ҷавони соҳиби маълумоти олиро гусел карда бошем, имсол дар даъвати якум 15 нафарро гусел кардем. Ҳоло бисёре аз ҷавонон, ки донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардаанд, хоҳиши хизмат кардан дар артишро доранд. Дар донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбӣ нест ва ин ҷавонон мехоҳанд, бо як соли хизмати ҳарбӣ соҳиби рутба шаванд ва оянда дар соҳаи низомӣ кор кунанд.»

Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба, баҳорон ва тирамоҳ расман ҷавононро ба сафи артиш даъват мекунанд. Аммо бинобар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани теъдоди бузурги ҷавонон, нақшаи даъват ба артиш ба кундӣ иҷро мешавад.
XS
SM
MD
LG