Ҷаласаи сарони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дар Сочи бо имзои 18 санад хотима ёфт. Дар поёни ҷаласа, ки бо иштироки аксар раҳбарони кишварҳои узв ҷараён гирифт, қарори ба Тоҷикистон гузаштани раҳбарияти Кумитаи иҷроияи ин созмон дар соли 2018-ро қабул шуд. Ҷаласаи сарони кишварҳои ҳамсуд октябри соли оянда дар Душанбе баргузор мешавад.
Навори видео дар инҷост:
Яке аз санадҳои дигари қабулшуда – “Консепсияи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СНГ дар бахши мубориза бо шустушӯи даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада, маблағгузории терроризм ва паҳн кардани силоҳи куштори ҷамъӣ” мебошад. Инчунин раҳбарони кишварҳои узв консепсияи мубориза бо коррупсия ва созишномаи байни ҳукумати Русия ва кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ оид ба мубориза бо ҷинояти созмонёфта ва дигар навъҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави СНГ-ро имзо карданд. Қарори дигар марбут амният будааст, ки самтҳои аслии татбиқи низоми дифои зиддимушакии кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дар бахши кайҳонро дар назар мегирад.
Ҷаласа таҳти раҳбарии Путин гузашт
Рӯзи 11 октябр дар Сочи таҳри раҳбарии президенти Русия Владимир Путин нахуст ҷаласаи раҳбарони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ баргузор шуд ва шом қарор аст нишасти президентони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барпо шавад.
Нозирон мегӯянд, президенти Русия Владимир Путин талош дорад ин нишастҳоро ҳам барои тақвияти нуфузаш дар минтақа баъди 26 соли пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истифода кунад.
Дар оғози нишаст Путин дар муроҷиат ба ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СНГ гуфт, ки шароити тавсеаи доираи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмон фароҳам омадааст.
Ҷаласаи имсола дар шароите баргузор мешавад, ки таниш дар равобити ду ҳамсояи наздик – Қазоқистону Қирғизистон афзоиш ёфта, Бишкек Остонаро дар талоши мудохила ба интихоботи раёсатҷумҳурии 15 октябр муттаҳам кардааст.
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 9 октябр гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бесуботӣ дар кишвар дар остонаи интихобот ба ҷаласаҳои Сочи намеравад ва ба ҷои худ нахуствазири кишварро фиристод. Отамбоев Қазоқистонро дар пуштибонӣ аз рақиби ҳизби ҳоким Омурбек Бабанов муттаҳам кард. Мулоқоти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо Бабанов сентябри имсол дар Остона баргузор шуд.
Мулоқоти пушти дарҳои баста бо Раҳмон
Рӯзи 10 октябр президенти Русия бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мулоқоти ҷудогона анҷом дод ва дар робита бо даргузашти бародараш дар рӯзи 7 октябр изҳори тасаллият кард. Кремлин гуфт, ки ҳузури Раҳмонро дар ин нишаст дар ин шабурӯз қадрдонӣ мекунад.
Дар як мулоқоти пушти дарҳои бастаи Раҳмону Путин дар Сочи, ба иттилои дафтари президенти Тоҷикистон, мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба, мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳо дар бахши гуманитарии миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Раҳмон аз Путин барои роҳандозии маъракаи афви муҳоҷирони мамнӯъ-ул-вуруд, ки шуморашон беш аз 100 ҳазор нафар аст, изҳори сипос кард.
Рӯзи сешанбе инчунин Путин бо президенти Молдова Игор Додон мулоқот кард. Додон як раҳбари рӯ ба Кремлин буда баробар бо ситоиш аз Путин пайваста таъкид кардааст, ки Молдоваро ба самти Аврупо ҳидоят мекунад.
"Бовафо" соҳиби нав пайдо кард
Дар остонаи нишасти 11 октябр Путин инчунин бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард. Бердимуҳаммадов дар ин дидор ба муносибати зодрӯзи раиси ҷумҳурии Русия ба ӯ саги зоти алабайро тақдим кард ва гуфт, ин як зоти нодир буда, исми саг ҳам Бовафо (Верный) аст.
Путин рӯзи 7 октябр 65-сола шуд ва интизор меравад, ки дар интихоботи моҳи марти соли 2018 ӯ бори дигар номзадиашро ба президентӣ пешбарӣ мекунад. Туркманистон, як кишвари ғанӣ аз газ ва дар инзивои сиёсӣ, дар ҳайати иттиҳоди Муштарак-ул-Манофеъ узвияти комил надорад ва аз соли 1991 ба ин сӯ мавқеи ҳамшарики ин созмонро ҳифз кардааст.
Путин дар остонаи нишаст инчунин бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳам дидору гуфтугӯ кард. Ин нахустин ҷаласаи сарони СНГ аст, ки дар он Шавкат Мирзиёв дар мақоми президенти Узбакистон иштирок мекунад. Баъди соли гузашта даргузаштани Ислом Каримов, нахуствазири вақт Мирзиёв дар интихоботи декабри соли 2016 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд.
Ба узвияти СНГ Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомил ҳастанд. Кишварҳои назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстония ҳеҷ гоҳ аъзои ин созмон набуданд. Гурҷистон баъди ҷанги моҳи августи соли 2008 бо Русия аз узвияти СНГ хориҷ шуд.
Украина, кишваре, ки бо Русия дар ҳолати ҷанг қарор дорад, мисли Туркманистон дар мавқеи ҳамшарикӣ қарор дорад, вале баъди он ки соли 2014 нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия ишғол шуд ва ин кишвар аз ҷудоиталабони шарқи Украина пуштибонӣ кард, Киев дигар ҳамеша аз СНГ фосила гирифтааст.
Дар паи мулоқоти сарони раҳбарони СНГ президентони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ҷудогона ҷаласа барпо мекунанд.
Rost meguyad
Кумитаи Зиддиинхисори Аввалаш ин номи нофахмост... Дувумаш барои чи чарима мекунен... Савумаш пули чаримакадикон кучо шуд? раиси Кумитаи Зиддиинхисори Шумо метонистен бо ин маблаг ОРДУ РАВГАН ворид мекарден, нарха дар бозор мефароварден... камтар фикри мардуми камбизоата кунен, нархора арзон кунен....
Алим шарм ва вичдон надорад. Фочиаи Рушонро ба ту касе намебахшад.
Нарх дар бозор дандон шикан вати он расидастки хукмат захира и 2 солащро банархи арзонтар нисбати бозор ба савдо барора ки зури мардум намераса [ инки маоша ё нафакара ай 3 хазор соман боло кунад 200 нафака мегира як баклашка руган мешава бо чикор кунад.
Таваллудро кам кардан даркор.