Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барф дар Маскав. Ба ҷайби Қудратулло рубл рехт, кори Ҷомиро мушкил кард. ВИДЕО


Қудратулло Шодиев

Қудратулло Шодиев, муҳоҷири 35-солаи тоҷик дар Русия, ду рӯзи ахир 15 ҳазор рубл кор кард. Маблағе, ки нисфи моҳонаи ӯст. Ин пул дар пайи барфбории зиёд дар Маскав ба ҷайби ин муҳоҷири тоҷик рехт.

Ин кори осон нест, вале барои муҳоҷирон имконияти хуби ба даст овардани маблағи иловагӣ аст”

Дар чанд рӯзи ахир дар Маскав ба ҳадде барф борид, ки ба гуфтаи Идораи обуҳавошиносии Русия “таърихи кишвар ёд надорад”. Баландии барф дар минтақаҳои гуногуни Русия то ним метр мерасад.

"Шанс"-и пулкоркунӣ

Қудратулло Шодиев рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи барфбории зиёд техникаҳо ба тоза кардани роҳҳои асосӣ банд шуданд ва сокинони Русия барои пок кардани роҳҳои атрофи манзили зист ба кумаки муҳоҷирон эҳтиёҷ пайдо намуданд. Қудратулло се сол боз дар вилояти Маскав дар як бӯстонсаро ба ҳайси посбон кор мекунад ва беш аз 40 ҳазор рубл маош мегирад. Ӯ гуфт, барфбории зиёд ба ӯ шанси кор кардани маблағи иловагиро дод.

“Бо ду рафиқам дар маҳалли зист аз ҳамсояҳо дархост гирифтем, ки як боми бузургро тоза кунем. Ҳамин хел дархостҳо зиёд аст, чун барф зиёд боридааст. Албатта, ин кори осон нест, вале барои муҳоҷирон имконияти хуби ба даст овардани маблағи иловагӣ аст”, - афзуд ӯ.

Барфборӣ қатъ шуд, кор идома дорад

Ҳамсар ва се фарзанди Қудратулло дар Тоҷикистон қарор доранд ва ӯ мегӯяд, барои фароҳам кардани шароити хуб ба фарзандон бояд бештар кор кунад. Аксари муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳоло сардии ҳаво дар Русия ба беш аз 10 дараҷа мерасад ва дар ин шароит кор кардан барояшон бисёр душвор аст.

Маъмулан, аксари муҳоҷирони тоҷик дар зимистон ба Тоҷикистон бармегарданд ва танҳо афроде, ки мисли Қудратулло Шодиев, ки посбон ва корҳои доимии дигар доранд, дар Русия боқӣ мемонанд. Шариф Сатторов, муҳоҷири дигари тоҷик, гуфт, се моҳи ахир дар Русия бекор буд, вале дар пайи барфбории зиёд кор пайдо кардааст.

Қудратулло Шодиев
Қудратулло Шодиев

Дар кори онҳо хидматрасонии нав низ пайдо шудааст. Барои тоза кардани роҳи мошин аз хона то роҳи калон аз ҳазор то якуним ҳазор рубл ва тоза кардани барфи боми хонаҳои якошёна то 4 ҳазор пул пардохт мекунанд. Шариф мегӯяд, ҳоло барфборӣ қатъ шудааст, вале ҳоло низ пок кардани маҳаллаҳо аз барф идома дорад.

Роҳрӯбони расмии тоҷик мегӯянд, корашон зиёд шуд

Дар миёни муҳоҷирон аз ин барфборӣ аз ҳама бештар роҳрӯбоне, ки расмӣ кор мекунанд, ранҷи зиёд ва фоидаи камтар дидаанд. Кори онҳо аз меъёр бештар шудааст, вале даромадашон тақрибан бетағйир аст.

Ҷомӣ Раҳматов, роҳрӯби тоҷик дар Маскав гуфт, аксаран муҳоҷирон аз барфбори фоида диданд, ки кори аслиашон роҳрӯбӣ нест. Ӯ гуфт, баръакси дигар муҳоҷирон кори роҳрӯбони расмӣ зиёд шуд, аммо маошашон наафзуд. “Пештар кори мо аз соати панҷи саҳар то нӯҳ тамом мешуд, вале ҳоло то ҳашти шаб дар сардӣ кор мекунем. Ваъда карданд, ки пули иловагӣ медиҳанд, лекин ҳоло дақиқ нест. Мо аз барфи зиёд дигар аз ҷоямон ҷунбида наметавонем”, -гуфт Ҷомӣ.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, кори муҳоҷирони тоҷик дар ин шабу рӯз бештар шудааст, вале шикоят аз мушкилоти онҳо сабт накардаанд.

Корфармоҳо ваъдаи пули бештар додаанд

Иброҳим Аҳмадӣ
Иброҳим Аҳмадӣ

Ӯ гуфт, “боридани барфи зиёд боис ба мушкили муҳоҷирони тоҷик нашудааст. То ҳол ягон ҳодисаи осеб дидани муҳоҷиронро сабт накардаем. Тайи чанд рӯзи ахир ҳаҷми зиёди барф борид ва бисёре аз муҳоҷирони мо, ки дар хоҷагиҳои коммуналӣ кор мекунанд, албатта, корашон бештар шудааст. Ба назар мерасад, ки аз реҷа зиёд кор мекунанд. Муҳоҷирон гуфтанд, ки корфармоён ваъдаи моҳонаи бештар додаанд.”

Солона аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди як миллион аҳолӣ барои кор меравад. Иқлими Русия назар ба иқлими Тоҷикистон сардтар аст. Пизишкон мегӯянд, аксари муҳоҷироне, ки аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд, гирифтори бемориҳое ҳастанд, ки дар сардӣ аз ҳисоби дуруст напӯшидану истеъмол накардани ғизо дар баданашон пайдо шудааст. Бемориҳое, ки ба гуфтаи пизишкон баъзан маблағи корашон дар муҳоҷират барои табобат дар ватан кифоят намекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG