Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои барандаи ТВ баъди пахши мусоҳибаи дурӯғин бо Познер. ВИДЕО


Хабарнигори маъруфи телевизиони давлатии Қазоқистон як ҳафта баъди пахши мусоҳибаи дурӯғини ҳамкораш ба истеъфо рафт. Руслан Смиков аз телевизиони “Шабакаи аввали Евразия” дар номае ба унвонии раҳбарияташ гуфтааст, ки “ихтилофҳо бо назари мудирони телевизион” дар робита бо пахши мусоҳибаи дурӯғини Владимир Познер сабаби ин тасмим шудааст. Рӯзи 17 декабр Смиков барандаи барномае буд, ки дар он як дақиқа мусоҳибаи Аймира Шаукентаева, як ҳамкораш дар ин шабака бо журналисти маъруфи рус Владимир Познер пахш шуд.

Познер рӯзи 19 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мусоҳиба “як дурӯғ” ва кори “сохта аст”, ин сӯҳбат “ҳеҷ гоҳ анҷом нашуда буд” ва пахши чунин як мусоҳибаи дурӯғин “як аҳмақӣ аст”.

Баъди ин мудирони телевизион гуфтанд, ки “ин як шӯхӣ” буд ва вазири иттилооти Қазоқистон Даврон Абаев гуфт, ки “ин як шӯхии хеле аблаҳона” будааст. Корбарони шабакаи интернет сохтакории мусоҳибаи дурӯғини Владимир Познер бо барандаи телевизиони Қазоқистонро маҳкум ва ҳам Смикову Шаукентаеваро мавриди масхара қарор доданд.

Моҳҳои апрелу маи соли ҷорӣ ҳам Смикову Шаукентаева барои он интиқод шуданд, ки дар барномаи телевизиониашон ширкатдорони эътирозҳои замин дар саросари Қазоқистонро “фурӯхташудаҳои хориҷӣ” номида гуфтанд, ки ҳадафи онҳо “эҷоди бебандубориҳо дар Қазоқистон” аст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG