Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СМС-и Вазорати дифои Русия барои даъвати сарбозон ба ҷанг


Дар Русия бо фиристодани СМС ё паёмакҳои дастҷамъӣ мардумро барои рафтан ба ҷанг дар Украина даъват кардаанд.

Ин паёмакҳо ба воситаи ҳама ширкатҳои мухобиротӣ ва аз рақами "117" расида, як мазмун доранд, ки "бо Вазорати мудофиа қарордод банд ва дарҳол 800 ҳазор рубли Русия дарёфт кун."

Ирсоли паёмакҳо аз якуми август сар шудааст, вале расонаҳо дар бораи ин нақшаи Вазорати дифои Русия ҳанӯз дар моҳи июн хабар дода буданд.

Русия саъй дорад, бо ин роҳ, яъне бидуни эъломи басеҷ ё сафарбарӣ, ки метавонад боис ба эътироз шавад, сарбозонро барои рафтан ба майдони ҷанг моил кунад.

Владимир Путин, президенти Русия, дар моҳи декабри соли 2023 дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки эълони нави сафарбарӣ нахоҳад шуд, зеро дар ҷабҳа аллакай "ним миллион нафар" ҳастанд.

Бино ба ҳисобҳои Бахши русии Би-би-сӣ ва Mediazona, аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дастикам 61 ҳазор низомии рус кушта шудаанд. Сухан танҳо дар бораи онҳое меравад, ки маълумот дар бораи кушта шуданашон дастрас ва номашон дақиқ шудааст. Омори воқеӣ метавонад аз ин ҳам зиёд бошад.

XS
SM
MD
LG