Як таҳқиқоти СММ мегӯяд, шумори занҳои муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ то рафт афзоиш меёбад ва дар миёни онҳо занҳои тоҷикистонӣ ҳам кам нестанд.
Гузориши нави идораи занони СММ мегӯяд, имрӯз беш аз нисф ё 54 дарсади тамоми муҳоҷирон дар минтақаи Аврупову Осиёи Марказиро занҳо ташкил медиҳанд ва ҳузури афзояндаи онҳо ҳам хусусияти иҷтимоии муҳоҷиратро тағйир додааст. Гузориш рӯзи 17 июл бо номи "Занҳо дар ҷараёни муҳоҷират ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва таҳлили равандҳои муҳоҷирати омехта" муаррифӣ шуд.
Муаллифони гузориш менависанд, беш аз 13 миллион занони зодаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар хориҷа ба сар мебаранд ва як вижагиаш ҳам ин аст, ки то рафт бештар занҳо ба таври мустақилона, на бо мақсади ҳамроҳии шавҳару хонаводаашон кӯч мебанданд: бархе бо мақсади таҳсил, дигарҳо дар ҷустуҷӯи кори шоиста, амният ва имкониятҳои иқтисодӣ. Ин падида симо ва ҷараёни муҳоҷиратро дар минтақа комилан дигар кардааст.
Мақомоти муҳоҷират дар Тоҷикистон омори ахири муҳоҷирони кориро дар кишварҳои хориҷӣ нашр намекунанд, вале ба навиштаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, то миёнаҳои соли 2024 аз Тоҷикистон 515 ҳазор нафар дар муҳоҷират қарор дошта 43% ё 219 ҳазор нафари онҳо занҳо будаанд.
Як далели афзоиши муҳоҷирати занҳо ҷанг дар Украина, тағйироти геостратегӣ дар Қафқози Ҷанубӣ, мушкилоти баъди ҷанг ҳалношуда дар Балкани Ғарбӣ, тағйироти иқлим, обхезиву биёбоншавӣ, зилзила ва норасоии об гуфта мешавад.
Белен Санс Луке, раҳбари минтақаии идораи занони СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, «тафовут дар ин аст, ки муддати дароз муҳоҷирати занонро ҳамчун як падидаи ҷинсиятӣ ё гендерӣ арзёбӣ мекарданд. Вале воқеиятҳои имрӯза, ки дар гузориш инъикос ёфтааст, вазъи комилан дигарро бозгӯ мекунад. Дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ занҳо ҳарчи бештар хусусияти муҳоҷиратро таъин мекунанд ва дар нақши донишҷӯ, коргар, парастор, соҳибкор, паноҳҷӯ ва раҳбар дида мешаванд».
Айни замон, ҳамоно барои занҳо имконияту подоши кору заҳматашон дар муқоиса бо мардон фарқ мекунад. Аксари ин занҳои муҳоҷир бо корҳое машғуланд, ки даромади камтар доштаву соҳаҳои ноустувори корӣ дониста мешаванд. Масалан, пиршавии аҳолӣ дар Аврупо эҳтиёҷро ба занҳои парастор бештар кардааст. Муҳоҷирзанҳо бо кори хона ё тиҷорати хурд машғул мешаванд.
«Дар ин соҳаҳо аз 30 то 50 дарсади занҳои муҳоҷири аз Қирғизистону Тоҷикистон омада машғул ҳастанд», мегӯянд муаллифони гузориш. Бисёр вақт ингуна корҳо хусусияти ғайрирасмӣ дошта, даромади пулиаш калон нест, ҳимояти зарурии иҷтимоӣ надорад ва хатари истисмор ё сӯиистифодаву кор дар шароити ноамну хушунати ҷинсӣ дар ин корҳо бештар вуҷуд дорад.
Ҷангу низоъ ва бесуботиҳо ба муҳоҷирати занҳо дар минтақа таъсири зиёд гузоштаанд. Солҳои 2022 то 2024, бо шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 61 дарсади муҳоҷирон аз Молдова ва 56 дарсади муҳоҷирон аз Украина занҳо буданд.
Як паёмади ҷиддии муҳоҷирати занҳо бӯҳрони вобаста ба қочоқи инсон мебошад. Соли 2022 духтарону занон беш аз 70 дарсади ҳамаи қурбониёни хариду фурӯши инсонро занҳо аз Албания, Косово ва Черногория ташкил додаанд. Соли 2023 дар Қафқози Ҷанубӣ 112 зани қурбонии қочоқи инсон ошкор шудааст. Дар Туркия аз соли 2019 то 2023 шумори занону духтарони қурбонии савдои одамон 82%-ро ташкил дода, аз ин шумор 266 нафарашон духтарҳо будаанд. Беш аз нисфи онҳоро ба ҳайси ғуломи шаҳвонӣ истифода кардаанд.
Як далели ҷиддии муҳоҷирати занҳо дар Аврупову Осиёи Марказӣ биёбоншавии замин ва бад шудани иқлим дониста мешавад. Донишмандон пешбинӣ кардаанд, ки то соли 2040 дар Осиёи Марказӣ 2,4 миллион аҳолӣ метавонанд бо сабаби тағйирёбии иқлим муҳоҷиратро интихоб кунанд.