Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш оилаи тоҷик аз Сурия ба Русия интиқол ёфт


Сафорати Русия дар Димишқ мегӯяд, ки дар пайи нооромиҳо дар Сурия, бо хоҳиши шаҳрвандони Тоҷикистон 6 хонаводаи тоҷикро аз қаламрави ин кишвари ҷангзада, берун кардаанд.

Сафорати Русия дар Сурия рӯзи 19-уми ноябр дар як посухи катбӣ ба радиои "Озодӣ" иттилоъ дод, ки аз оғози нооромиҳои Сурия то кунун, бо муроҷиати шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар, сафорати Русия 6 хонаводаи тоҷикистониро бо ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, ба Русия интиқол додааст.

Намояндагии дипломатии Русия дар Сурия дар мавриди ному насаби ин афрод ва таърихи бозгашти онҳо маълумоте ироа накардааст. Дар робита ба суоли бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар мавриди кӯмаки ин кишвар ба шаҳрвандои тоҷик дар Сурия, консулгарии сафорати Русия посух дод ва зикр кардааст, ки агар минбаъд ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кунанд, ҷониби Русия кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт.

Тоҷикистон дар Сурия намояндагии дипломатии худро надорад ва то кунун маълум нест, ки шумораи шаҳрвандони мо дар ин кишвари ошӯбзадаи арабӣ чанд мебошанд. Аммо тибқи иттилои ғайрирасмӣ, қабл аз даргириҳо дар Сурия, даҳҳо нафар аз ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар дарс мехонданд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш муфтии аъзами Сурия, гуфт, ки дар ҷабҳаҳои алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асад то 100 000 ҷангӣ аз 83 кишвари дунё, аз ҷумла 190 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд. Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", дар ин бора Аҳмад Бадриддини Ҳассун, муфтии олии Сурия рӯзи 26-уми октябр дар як вохӯрӣ бо роҳбари Ҷамъияти фаластиниҳо православ дар Маскав хабар додааст.

Ба иттилои ин мақоми олии мазҳаби Сурия, дар ҷангҳои ин кишвари арабӣ аз тарафи мухолифони ҳукумати Башор Асад аз 5 то 8 ҳазор ҷангӣ аз Арабистони Саудӣ, 4 ҳазор аз Тунис, аз Ироқ 3 ҳазор, аз Чеченистон 1,7 ҳазор, аз Туркманистон 360 нафар, аз Украина 350 нафар, аз ИМА 290 нафар, аз Қазоқистон 250 нафар, аз Тоҷикистон 190 нафар, аз Канада 120 нафар, аз Озорбойҷон 100 нафар ва аз Гурҷистон 80 нафар дар сангарҳо бо мухолифон дар як ҷабҳа қарор доранд ва алайҳи режим меҷанганд.
XS
SM
MD
LG