Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сикҳҳои Афғонистон то чанд рӯзи дигар бо ватанашон хайрбод мегӯянд


Сикҳои Афғонистон дар маросими дафни қурбониёни ҳамла ба ибодатгоҳашон дар Кобул дар рӯзи 26-уми марти соли 2020
Сикҳои Афғонистон дар маросими дафни қурбониёни ҳамла ба ибодатгоҳашон дар Кобул дар рӯзи 26-уми марти соли 2020

«Кулли ҷавонҳои мо буд, амакам буд, зани амакам буд, дигар барои мо ҳеҷ кас намонд”. Сардор Гурбачан Сингҳ Ғазнивол яке аз намояндагони камшумори аққалиятҳои сикҳ дар Афғонистон аст, ки ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи талафоти аҳли хонаводааш дар ҳамла ба як маъбади ин аққалияти ғайримусулмон суҳбат мекунад.

Дар ҳамлаи гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар чаҳор моҳи пеш ба ибодатгоҳи сикҳҳо дар Кобул 9 узви хонаводааш кушта шуданд. Дар умум дар ин ҳамла дар рӯзи 25-уми март 25 нафар ҷон доданд.

Гурбачан Сингҳ 50 сол пеш дар вилояти Ғазнӣ ба дунё омадааст, вале қарор аст, ба зудӣ бо ватанаш хайрбод бигӯяд. Ӯ дар Афғонистон хона надорад ва бо ҳамсару се фарзандаш дар яке аз ибодатгоҳҳои сикҳҳо зиндагӣ мекунад.

Мегӯяд, ки таҳдидҳои амниятӣ ба аққалиятҳои ғайримусулмон ба мисли ҳиндуҳову сикҳҳо рӯз ба рӯз меафзояд. Ӯ, ки зимни сӯҳбат беист ашк мерехт, аз муносибати баъзе аз ҳамватанони мусулмонаш гила кард: “Дар мошин мешинем, мусулмон бародари мусулмон мегӯяд, мепурсад, ки аз куҷои Ҳиндустон омадӣ сардор. Ва ӯ ҳам фикр намекунад, касе, ки аз Ҳиндустон омадааст, форсӣ аз куҷо медонад. Ин лафзро аз куҷо медонад, паштуро аз куҷо медонад. Фикри бародарӣ надоранд.”

Дар Афғонистон дигар сикҳ намемонад?

Гурбачан Сингҳ ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Кобул.
Гурбачан Сингҳ ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Кобул.

Гурбачан Сингҳ танҳо сикҳе нест, ки қарор аст, аз Афғонистон биравад. Нарандар Сингҳ Холиса ягона намояндаи сикҳҳо дар порлумони Афғонистон мегӯяд, ки 180 сикҳи дигар то чанд рӯзи оянда ба Ҳинд мераванд.

Ӯ таҳдидҳои амниятиро сабаби аслии берун шудани сикҳҳо аз Афғонистон хонд: “Агар ҳукумат таваҷҷуҳ накунад, бисёр кам хонаводаҳо мемонанд. Мо тасмими қотеъ гирифтем, ки то 25 рӯзи дигар ин хонаводаҳо Афғонистонро тарк кунанд, чун онҳо ҳеч навъ зиндагӣ дар Афғонистон надоранд. Чаҳоруним моҳ шуд, ки дар ибодатгоҳи “Дарамсол” ҳамлаи маргталабона сурат гирифт, 17 миллион афғониро гирифтанд, натавонистанд, ки ибодатгоҳро зудтар бисозанд, ки мо дилгарм шавем.”

Пеш аз ин низ як хонаводаи сикҳ Афғонистонро тарк карда, ба Ҳинд рафтанд. Нарандар Сингҳ Холида мегӯяд, духтари 13-солаи ин хонаводаро моҳе пештар рабуда, ба вилояти Панҷшер бурдаанд. Ба қавли ӯ, баъди раҳо кардани духтар аз дасти одамрабоён, аҳли хонавода ба Ҳинд рафтаанд.

Мақомоти расмии Афғонистон то ҳол доир ба тарки кишвар кардани сикҳҳо изҳори назар накардаанд, аммо пеш аз ин Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раиси ҷумҳур гуфт, агар Афғонистон ором шавад, сикҳу ҳиндуҳо ба кишвар бармегарданд.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан 240 хонаводаи сикҳ дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Онҳо пеш аз ин низ, дар замони ҷангҳои дохилӣ ва ҳукуматдории гуруҳи тундрави Толибон рӯзҳои сахтеро пушти сар кардаанд.

XS
SM
MD
LG