Дар миёни онҳо намояндагони баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ, маъмурони зиндон, расонаҳои давлатӣ ва додрасҳои Беларус ҳастанд.
Аз он пеш Иттиҳоди Аврупо низ алайҳи 28 шаҳрванди Беларус таҳрим ҷорӣ кард.
Дар пайи интихоботи соли 2020, ки мақомот раҳбари худкома Александр Лукашенкоро баранда донистанд, дар саросари Беларус тазоҳуроти густурда ҷараён гирифт.
Мақомот эътирозҳоро бераҳмона пахш ва садҳо нафарро зиндонӣ карданд. Бисёре аз маҳбусон аз ёрии тиббии муносиб маҳруманд.