Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи якҳафтаинаи нерӯи барқ (аз 23 то 29 май) дар бузургтарин кони ангишти шимоли Тоҷикистон - “Шӯроб”-и ноҳияи Исфара, 300 коргарро бекору бемузд гузошта, иҷрои нақшаи ангиштканӣ ҳам ба таъхир афтодааст.

Ҳусейн Зоиров, сармуҳандиси ин корхона рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “агар шахта як рӯз бебарқ монад, баъд 10 рӯзи дигар онро ба кор омода мекунем. Чунки ҳавокаш, ки кор накард, дар шахта гази карбон зиёд ҷамъ меояд. Ду ҳавокаши шахтаҳои мо сӯхт ва ҳоло мутахассисони мо дар ду баст барои дуруст кардани ҳавокашҳову тоза кардани ҳавои шахтаҳо, кор карда истодаанд.”

Давоми як ҳафта - аз 23 то 29-уми май бебарқ гузоштани корхонаи давлатии ангишти “Шӯроб” дар ноҳияи Исфара, 300 ангишткани ин корхонаро бекору бемузд гузошт.

Вай гуфт, дар ду рӯзи баъди бебарқӣ ва мудохилаи муовини нахуствазир, таъмини барқ дар корхона аз сар гирифта шуд, вале иҷрои нақшаи истеҳсоли ангишт боз ҳам ба таъхир афтод. Ба гуфтаи Ҳусейн Зоиров, дар тайи як ҳафта коргарон 1200 тонна ангишт наканданд ва бо назардошти вижагиҳои фаннӣ, ҳоло истеҳсоли ҳамин миқдор ангишт то як ҳафтаи дигар ба таъхир андохта шуд.

Як ангишткани ин корхона, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо ҳар рӯз 30 километр роҳ тай карда, аз Чоркӯҳ ба Шӯроб рафта меоем. Ин ҳам сарфу хароҷот аст. Аммо барқ набуд ва корхона кор намекард. Акнун мунтазирем, ки кай барои шахта фаромадан иҷозат медиҳанд. Зиндагии мо аз пайи ҳамин касб аст, даромади дигар надорем. Барқро хомӯш карданду моро ҳам аз ризқамон маҳрум намуданд.”

Ин дар ҳолест, ки корхонаи “Шӯроб” таъмини қисмати умдаи маводи сӯхти муассисаҳои таълимиву тиббии вилояти Суғдро бар ӯҳда дорад. Масъулони ин корхона мегӯянд, тасмим доштанд аз 1-уми июн ба харидорони фурӯши ангиштро оғоз намоянд, аммо таваққуфи кор, ин равандро ба таъхир андохт.

Кони Шӯроб
Кони Шӯроб

Вале чаро интиқоли нерӯи барқ ба шахтаҳои корхонаи давлатии “Шӯроб”-ро “ширкати “Барқи тоҷик” як ҳафта қатъ кард? Ба гуфтаи масъулони корхонаи "Шӯроб", ба ин қарздории корхонаи мазкур сабаб шудааст. Ҳусейн Зоиров, сармуҳандиси корхонаи “Шӯроб” мегӯяд, корхонааш аз ширкати “Барқи тоҷик” 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст ва ҳамчунин 9 миллион сомонии дигар қарзи андоз бар дӯши ин корхона мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ин қарзҳои кӯҳна аст ва корхонааш мутобиқи шартнома бо намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” дар Исфара, ӯҳдадор буд ҳар моҳ 55-60 ҳазор сомонӣ қарзро пардохт намояд. “Вале як ҳафта пеш аз қатъи барқ моро огоҳ карданд, ки сар аз ин моҳ, бояд ҳар моҳ 120 ҳазор сомонӣ супорем. Гуфтам, ки дар ҳоли ҳозир корхона илоҷи пардохти ин маблағро надорад, чунки қарздорони мо ҳам қарзҳои худро дер ба ҳисобамон мегузаронанд. Вале ба ин ҳарфи мо гӯш накарданд ва барқро хомӯш карданд.”

Вале масъулони идораи барқи шаҳри Исфара мегӯянд, ки интиқоли барқ ба корхонаи “Шӯроб”-ро ба хотири пардохт нашудани беш аз 250 ҳазор сомонӣ қарзи имсолааш қатъ карданд. Қосим Сулаймонӣ, сардори Идораи барқи шаҳри Исфара рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “мо онҳоро як ҳафта қабл огоҳ карда бубем. Раҳбарияти корхона бояд чораҳои фаврӣ меандешид. Вале ягон чора наандешиданд. Мо ба онҳо барқ додем ва онҳо розӣ шуданд, ки то охири ҳамин моҳ маблағи қарзашонро пардохт мекунанд, вале пардохт накарданд.”

Мусоҳибам афзуд, тибқи қонун идораи барқ ҳақ дорад, интиқоли нерӯи барқ ба корхонаи ангиштро қатъ кунад. Ба гуфтаи ӯ, то пардохти қарзи корхона, эҳтимоли аз нав қатъ кардани интиқоли нерӯи барқ боқӣ мемонад.

Кони “Ангишт”-и Шӯроби Исфара бо захираи ҳудуди 145 миллион тонна, аз бузургтрин захираҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон аст, ки баҳрабардорӣ аз он ҳанӯз охири солҳои 1930-юм шурӯъ шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, замони бо иқтидори пурра фаъол будани кони ангишти Шӯроб дар солҳои 1960-70-и асри гузашта, аз ин кон солона то 1 милион тонна ангишт истихроҷ мешуд.

Сипас соли 1990 то ҳудуди 450 ҳазор тонна ва соли 2002 то 6 ҳазор тонна поин рафт. Ҳамчунин, шумораи аҳолии шаҳраки Шӯроб низ бо заъфи фаъолияти ягона корхонаи калонаш то 3.5 ҳазор нафар коҳиш ёфт. Соли 2015 ин корхона ҳудуди 35 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардааст.

Дар чунин вазъ ҳукумати Тоҷикистон бо 400 миллион доллар сармояи ширкате аз Малайзия барномаи эҳёи шаҳраки Шӯроби шимоли Тоҷикистон, бо роҳи таҷдиди корхонаи ангишти шаҳрак ва бунёди як нерӯгоҳи ҳароратии барқ дар ин маҳалро рӯи даст гирифт.

Парлумони Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта шартномаи консессуалӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Малайзиёии “HOS International Trading SDN BHD”- ро ба тасвиб расонд, ки он бо 400 миллион доллар сармояи мустақими ин ширкат лоиҳакашиву бозсозии корхонаи "Ангишт" дар шаҳраки Шӯроби Исфара, бунёд ва мавриди баҳрабардории тиҷоратӣ қарор додани нерӯгоҳи ҳароратӣ дар ин шаҳрак ва таҷдиди зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисон, таҷдиди кони ангишти Шӯроб аз имсол шурӯъ мегардид ва 1 ҳазор ҷойҳои кории нав фароҳам мекард. Вале ба гуфтаи масъулони ин корхона, дар тӯли як сол ҷиҳати татбиқи ин барномаи густарда кори назаррасе ба анҷом нарасида, ҳоло бо қатъи нерӯи барқ хавфи аз кор бозистодани корхона пеш омадааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG