Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ҳукумат бо моликони "Адрасмон" ба Додгоҳи олӣ рафт


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Баҳси ҳукумати Тоҷикистон бо моликони қазоқистонии корхонаи маъдани “Адрасмон” дар шимоли кишвар ба Додгоҳи олӣ рафтааст. Баҳс баъди он бархост, ки бо як қарори Додгоҳи иқтисодӣ ин корхонаи маъдан давлатӣ гардонда шуд. Ҳоло тақрибан 700 нафар мунтазири азсаргирии фаъолияти корхона нишастаанд. Корхонаи маъдани «Адрасмон» фаъолияташро соли 2012 қатъ карда ва худро муфлис эълон кардааст. Ин корхона аз соли 2006 ба ширкати қазоқии “Кони Мансур” тааллуқ дорад ва умдатан хокаи нуқра истеҳсол мекард.

Кӣ чӣ мехоҳад?

Вақте корхона ба кор медарояд, албатта, дар як рӯз ҳамаи он қарзҳоро пардохт карда намешавад. Масалан, як нақша тартиб медиҳем ва тибқи он тадриҷан пардохт мекунем. Албатта, аввал қарзи андоз дода мешавад.

Матлуба Сатториён – раиси шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) – гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси як гурӯҳи корӣ барои аз нав фаъол кардани ин корхона талош дорад. Ӯ 28 январ гуфт, моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи иқтисодии Душанбе корхонаи маъдани «Адрасмон»-ро ба ихтиёри давлати Тоҷикистон баргардонд, вале моликонаш ин қарори додгоҳро қабул надоранд. «Моликони пештараи корхона бо аризаи кассатсионӣ ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардаанд ва тақдири онро Додгоҳи олӣ ҳал мекунад”, -афзуд ӯ.

Матлуба Сатториён
Матлуба Сатториён

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Сатториён, корхонаро посбононаш назорат карда, фаъолияти истеҳсолӣ надоранд. Ҳаҷми умумии қарзи корхонаи маъдани “Адрасмон” ҳудуди 30 миллион сомонӣ, муодили беш аз 4 миллион доллар ҳисоб шудааст ва ин маблағ асосан аз ҳисоби қарзи андоз ва нафақаву моҳонаи коргарон аст.

Тақдири "Адрасмон"-и баъди Шӯравӣ

Ҳоло ба таъкиди мақомоти Суғд, ҳукумати кишвар ба он хотир мехоҳад корхонаи “Адрасмон”-ро аз моликони қазоқи он бозпас гирад, ки дар тӯли 4 соли гузашта барои ба по хезондани корхонаи фалаҷгашта кори назаррасе анҷом надодааст. Ин корхонаи ба истилоҳ “шаҳрсоз” дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис гардида, дар канораш шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Вале пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти он қатъ шуд.

Соли 2006 ширкати қазоқии "Кони Мансур" корхонаро харида, сармоягузорӣ кард ва пас аз 3 сол ба кор даромад. Ҳудуди 700 коргари маҳаллӣ соҳиби кору моҳона гардиданд. Вале пас аз 3 соли дигар фаъолияташ пурра қатъ гардид.

Корниенко: Мехоҳем, корхона дар дасти моликонаш бимонад

Корхонаи "Адрасмон"
Корхонаи "Адрасмон"

Мутахассисони корхона қатъи фаъолияти онро ба поин рафтани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ ва таъсири буҳрони иқтисодӣ рабт доданд. Павел Корниенко, аз моликони қазоқистонӣ ва намояндаи корхона дар баҳсҳои додгоҳӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, корхона имконот ва зарфиятҳои фаъолият дорад ва захираи маъдани нуқра низ барои коркард мавҷуд аст.

“Корхона боз кор хоҳад кард. Инҷо шароити инфрасохторӣ, аз ҷумла нерӯи барқ бо шиддати зарурӣ, коргарон ва мутахассисон кифоят мекунад. Ман вазъро омӯхтам, коргаронро дидам ва сӯҳбат кардам. Вазъи онҳо таассуфовар аст. Аз байн бурдани корхона аз ҳама аввал, онҳоро бе ҷойи кориву моҳона мегузорад” – гуфт ӯ. Корниенко қарори Додгоҳи иқтисодиро, ки қарордоди байни моликони корхонаи “Адрасмон” ва ҳукуматро бекор ва корхонаро “давлатӣ” эълон кард, нодуруст донист ва афзуд, барои нигаҳ доштани корхона дар ихтиёри моликонаш талош дорад.

Музду нафақаи коргаронро кӣ хоҳад дод?

"Шӯроб" дар Исфара яке аз корхонаҳои боқимонда аз даврони Шӯравии собиқ аст
"Шӯроб" дар Исфара яке аз корхонаҳои боқимонда аз даврони Шӯравии собиқ аст

Аз ӯ пурсидем, пули нафақагирони имтиёзнок, ки солҳо боз нагирифтаанд ва қарзҳои моҳонаву андози корхона, ки ҳудуди 30 миллион сомонӣ гуфта мешавад, кай пардохт хоҳанд шуд? Ӯ ҳалли ин масъаларо ба фаъол шудани корхона бастагӣ дод: “Вақте корхона ба кор медарояд, албатта, дар як рӯз ҳамаи он қарзҳоро пардохт карда намешавад. Масалан, як нақша тартиб медиҳем ва тибқи он тадриҷан пардохт мекунем. Албатта, аввал қарзи андоз дода мешавад.”

Моҳи марти соли 2015 ҳудуди 60 нафақахӯри боимтиёзи корхонаи “Адрасмон” дар як номаи дастҷамъӣ аз ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон хоста буданд, барои ба кор даровардани корхона ва пардохти пули нафақаи онҳо мусоидат кунанд. Нафақаи коргароне, ки баъди ҳадди ақалл 10 соли кор дар шароити зараровар ба саломатӣ ба тариқи имтиёзнок бознишаста мешуданд, қаблан аз буҷаи давлати Тоҷикистон пардохт мешуд. Вале аз моҳи апрели соли 2012 ҳукумат бо роҳи тағйири қонуни нафақа ин масъулиятро бар дӯши худи корхонаҳо гузошт.

"Муҳим нест, ки корхона аз кӣ мешавад..."

Яке аз коргарони собиқадори корхонаи маъдани “Адрасмон” Обидҷон Мамадҷонов мегӯяд, пардохт нашудани ҳудуди 500 сомонӣ нафақаи ҳармоҳааш зиндагии ӯву ҳамкорони собиқашро бисёр вазнин кардааст. Яке дигар аз коргарони корхонаи маъдани “Адрасмон” бе ифшои номаш гуфт, барои онҳо чандон муҳим нест, ки молики нави корхона кӣ хоҳад шуд. Ӯ гуфт, муҳим аст, ки корхонаашон ба кор дарояд ва мисли пештара ҳудуди 700 нафар соҳиби ҷойи кору моҳона гарданд.

Минтақаи шимолии Тоҷикистон дорои 622 корхонаи саноатӣ аст, ки дар соли гузашта ба маблағи наздики 7 миллиард сомонӣ молу маҳсулот тавлид кардаанд. Бино ба омори расмӣ, 330 корхонаи саноатӣ назар ба соле қабл пешрафт карда, вале ҳудуди 100 корхона, таҳти фишори бӯҳрони иқтисодӣ аз фаъолият мондаанд.

Таҳлилгарони масоили иқтисодии минтақа мегӯянд, Тоҷикистон барои бунёд кардани корхонаҳои нави саноатӣ ваё корхонаҳои бозмонда аз Шӯравии собиқ пул надорад ва бештар сармояҳои хориҷӣ, умдатан кишвари Чинро ҷалб мекунад. Барои мисол, ҳоло Чин дар шаҳри Истиқлол бо ихтисоси ҳудуди ним миллиард доллар сармоя корхонаи бузурги метамлургӣ месозад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG