Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди нашри мақолаи “Озодӣ” дар бораи як ҳафта хомӯш кардани барқи кони ангишти Шӯроб, ки охири моҳи май садҳо коргаронашро бекору бемузд гузошт, ҳукумат ба ин кони бузурги ангишт дар шимоли Тоҷикистон раҳбари нав таъин кард. Корхонаи Шӯроб ҳудуди 2 моҳ бе роҳбар фаъолият мекард ва ширкати “Барқи тоҷик” сабаби надодани барқ ба ин корхонаро, пардохт нашудани ҳудуди 250 ҳазор сомонӣ қарзи имсолаи он, номида буд.

Ҳоло раҳбарияти нави кони ангишти Шӯроб ба хотири аз байн бурдани эҳтимоли аз нав қатъ гардидани интиқоли нерӯи барқ, аз ҳукумати кишвар дархост кардааст, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои андоз ва барқи ин корхонаро, тамдид кунад. Вагарна корхона имкони молии ба зудӣ пардохт намудани қарзҳои худро надорад.

Кони “Ангишт”-и Шӯроби Исфара бо захираи ҳудуди 145 миллион тонна, аз бузургтарин захираҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон аст, ки баҳрабардорӣ аз он ҳанӯз охири солҳои 1930-юм шурӯъ шудааст.

Биноба иттилои расмӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли корхонаи ангишти “Шӯроб” Мақсудҷон Мамадҷонов таъин шудааст, ки то ин муддат симати мудири бахши нақлиёт ва хизматрасонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро бар ӯҳда дошт. Ӯ қаблан замоне дар кони ангишт ва ҳукумати шаҳраки Шӯроб низ кор кардааст.

Мақсудҷон Мамадҷонов рӯзи 6-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар тӯл як моҳи баъди як ҳафтаи қатъ гардидани барқ, ҳоло корхона ба таври муқаррарӣ кор мекунад ва ҳамаи коргарон -- ҳудуди 400 нафар сари кор ҳастанд. Ӯ афзуд, "корхона имсол 142 ҳазор сомонӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздор аст. Моҳи гузашта мо 30 ҳазор сомонӣ пардохт кардем ва ин моҳ ҳам пардохт мекунем. Мо хароҷоти зиёдатии худро коҳиш медиҳем ва барои пардохти маблағи нерӯи барқ имкон дорем."

Корхонаи ангишти Шӯроб соли гузаштаи 2016 57 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардааст ва имсол кандану берун овардани 50 ҳазор тонна ангиштро ба нақша гирифтааст. Дар айни ҳол корхона аз идораи андоз ҳудуди 12 миллион ва аз ширкати “Барқи тоҷик” ҳудуди 2.5 миллион қарз дорад, ки ба қавли масъулони ин корхона, аз соли 2000-ум ҷамъ шудааст.

Масъулони ин корхона мегӯянд, барои берун омадан аз зери бори қарзҳо, ба дастгирии ҳукумат ниёз доранд. Мақсудҷон Мамадҷонов, иҷрокунандаи вазифаи мудири куллии корхонаи Шӯроб мегӯяд: "Барои ҳамин, мо ҳама ҳуҷҷатҳоро барои тамдиди қарзҳои корхона ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудем, умедворем ҳамин моҳ баррасӣ мешавад ва ҳукумат моро дастгирӣ мекунад."

Мушкили байни кони ангишти Шӯроб ва Идораи барқу раёсати андоз сари пардохти қарзҳои ҷамъшуда ба миён омада буд. Масъулони идораи барқ дар Исфара мегӯянд, қонун ба онҳо ҳақ додааст дар сурати пардохт нашудани қарз, интиқоли нерӯи барқ ба корхонаи ангиштро қатъ кунанд. Ба ин тартиб, дар оянда низ дар сурати қатъи пардохти маблағ аз ҷониби корхонаи Шӯроб, эҳтимоли аз нав қатъ кардани интиқоли нерӯи барқ ба ин корхонаи бузург, боқӣ мемонад.

Коргарони кони Шӯроб мудирияти қаблии заъиф ва нодуруст дар корхонаи худро низ як сабаби зери бори қарзҳо рафтан меноманд. Абдурасул -- номи шартии як коргари ин корхона аст, ки мегӯяд, раҳбарони пешини кони Шӯроб баъди пош хӯрдани шӯравӣ инфрасохтори ин корхонаи бузург ва таҷҳизоти гаронбаҳои онро натавонистанд ҳифз кунанд ва ҳоло ин корхона иқтидори пешинаашро надорад.

Кони “Ангишт”-и Шӯроби Исфара бо захираи ҳудуди 145 миллион тонна, аз бузургтарин захираҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон аст, ки баҳрабардорӣ аз он ҳанӯз охири солҳои 1930-юм шурӯъ шудааст. Корхонаву муассисаҳо, мактабу бемористонҳои минтақаи шимолии Тоҷикистон умдатан аз ангишти ҳамин корхона харидорӣ мекунанд.

Дар охирҳои солҳои 80-и асри гузашта дар кони ангишти Шӯроб ҳудуди 4 ҳазор коргар кор мекард ва дар як шабонарӯз 5-6 ҳазор тонна ва солона беш аз 1.5 миллион тонн ангишт истеҳсол мекард. Вале соли 1990 иқтидори тавлидотии корхона то ҳудуди 450 ҳазор тонна ва соли 2002 то 6 ҳазор тонна поин рафт.

Соли 2015 ин корхона ҳудуди 35 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардааст. Дар чунин вазъ ҳукумати Тоҷикистон бо 400 миллион доллар сармояи ширкате аз Малайзия барномаи эҳёи шаҳраки Шӯроби шимоли Тоҷикистон, бо роҳи таҷдиди корхонаи ангишти шаҳрак ва бунёди як нерӯгоҳи ҳароратии барқ дар ин маҳалро рӯи даст гирифт.

Парлумони Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта шартномаи консессуалӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Малайзиёии “HOS International Trading SDN BHD”- ро ба тасвиб расонд, ки он бо 400 миллион доллар сармояи мустақими ин ширкат лоиҳакашиву бозсозии корхонаи "Ангишт" дар шаҳраки Шӯроби Исфара, бунёд ва мавриди баҳрабардории тиҷоратӣ қарор додани нерӯгоҳи ҳароратӣ дар ин шаҳрак ва таҷдиди зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисон, таҷдиди кони ангишти Шӯроб аз имсол шурӯъ мегардид ва 1 ҳазор ҷойҳои кории нав фароҳам мекард. Вале ба гуфтаи масъулони ин корхона, дар тӯли як сол ҷиҳати татбиқи ин барномаи густарда кори назаррасе ба анҷом нарасида, ҳоло бидуни дасгирии ҳукумат таъмини доимии он бо нерӯи барқ низ зери суол рафтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG