Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров: "Муҳоҷирони мо дар баъзе давлатҳо ҳамчун фишанг истифода мешаванд." САДО


Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, онҳо "дар баъзе аз давлатҳо ҳамчун фишанг" истифода мешаванд. Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 22-юми ноябр дар ҷараёни ҷаласаи порлумон, ки буҷаи пешниҳодии ҳукуматро барои соли оянда баррасӣ мекард, баён намуд.

Дар гузашта як намунаи ошкоро дида шудааст, ки Русия бо талаби озод кардани ду халабони боздоштшуда барои қочоқ ва убури ғайриқонунии марз, даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ронд.

Вале солҳои охир мақомоти Русия аз муҳоҷирон мурооти қонунҳои худро мехоҳанд, ҳарчанд худи муҳоҷирони тоҷик ахиран батакрор хостори узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудаанд, ки гуфта мешавад, чунин узвият вазъи муҳоҷирони қирғизро дар Русия беҳтар кард. Аммо мақомоти Қирғизистон ин беҳбудро нисбӣ ва камтаъсир меноманд.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, сарфи назар аз он ки Маскав шумораи муҳоҷирони тоҷикро беш аз 1 миллион ва ҷониби Тоҷикистон 500 ҳазор мегӯяд, воқеият ин аст, ки "ҳудуди 600-700 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд".

Вай афзуд, ба ҷуз як қисми ками онҳо, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд ва вазъашон хуб аст, аксарияти тоҷикон дар он кишвар дар ҳолати ногувор зиндагӣ мекунанд.

"Як пули патентро супорида наметавонанд. Муҳоҷиронро ба ҳоли худ мондан даркор нест. Мо даҳ сол шуд, ки аз қафои Русия давида истодаем, аммо 3-4 шартномаи асосиро имзо намекунанд. Роҳбарони давлатҳо, порлумонҳо вохӯрданд, чанд бор масъаларо гузоштанд, аммо хуб-хуб мегӯянду тамом. Муҳоҷирони меҳнатии мо ба ҳайси як фишанг дар дигар давлатҳо истифода шуда истодаанд", -- афзуд ӯ.

Зуҳуров гуфт, "ман рӯйирост мегӯям [ба русҳо -- РО], он чизе, ки шумо мехоҳед, ба муҳоҷирон алоқаманд накунед. Ба як миллат як хел рафтор карда, ба як миллати дигар дигар хел. Барои он ки мо ба як қисми масъалаҳо розӣ нестем."

Баҳси вазъи муҳоҷирон дар порлумони Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
Линки мустақим

Сухангӯ шарҳ надод, ки тарафи Русия муҳоҷиронро ба чӣ хостаҳои худ пайванд додааст ва сабаби ин руҷӯи ӯ низ норӯшан монд. Танҳо ин буд, ки Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми баррасии тарҳи буҷаи давлатии соли 2020 бо истифода аз ҳузури муовини вазири муҳоҷират дар ҷаласа ва бо муроҷиат ба ӯ ва ҳам интиқод аз кори ин вазорат чунин паёмҳоро изҳор дошт.


Раиси Маҷлиси Намояндагон дар идома гуфт, Тоҷикистон аз ҷониби худ бояд корҳои заруриро анҷом диҳад ва онҳое, ки ба Русия мераванд, забонро донанд, аз қонуну қоидаҳои он кишвар огоҳ ва соҳиби тахассус бошанд.

Раиси Бонки милиии Тоҷикистон дар ҷараёни баҳсу баррасиҳо ба маблағҳои фиристода аз Русия ишора кард ва гуфт, имсол муҳоҷирон наздики 2,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Шукурҷон Зуҳуров ҳамзамон гуфт, соле низ буд, ки муҳоҷирон ба ватан то 4 миллиард доллар мефиристоданд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG