Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - дар пушти дари созмони АвроОсиё: Дароям ё..?


Душанбе мегӯяд, ба сиёсати "дарҳои боз"-аш содиқ мемонад, вале нигароние вуҷуд дорад, ки Маскав метавонад барои "ташвиқ"-и Тоҷикистон ба равандҳои "ҳамгироӣ"-яш, назири Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё аз бархе васоили фишор низ кор бигирад.

Маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ – «Рушди АвроОсиё» дар нахустин ҷаласааш, рӯзи панҷшанбе, 12-уми июн дар Душанбе, эълом дошт, ки ҳадафаш мусоидат ба барномаҳои ҳамгироӣ дар фазои Авроосиёст.

Унвони ҷаласае, ки рӯзи 12-уми июн дар Душанбе шуд, “Шакл ва аслҳои ҳамгироии авруосиёӣ баъд аз таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё” буд ва дар он мисли даъвате аз Тоҷикистон барои узвияти оянда дар эътилофи нав садо медод. Аммо ҳамзамон гуфта мешуд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳоли омӯзиши пайомадҳои чунин узвият аст ва аз ҳеҷ тарафе ба Душанбе барои вуруд ба созмони нав фишор оварда намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз мавқеи худро дар баробари Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё расман изҳор надоштааст.

Даъват ба густариши ҳамгироӣ табъан пурсишҳоеро ба миён овард, ки Тоҷикистон аз узвият дар иттиҳоди нав чӣ фоида хоҳад дид? Посух ин буд, ки маҳфили коршиносон барномаҳоеро таҳия ва пешниҳод хоҳад кард, ки ба Тоҷикистон фоида хоҳанд овард.
Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Русия, ки раҳбари маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ – «Рушди Авроосиё» интихоб шудааст, гуфт, илҳомбахши роҳандозии ин созмон Юрий Крупнов, иқтисоддони рус аст: «Вай мегӯяд, ки навиштани тарҳҳо барои Тоҷикистон дар кабинетҳои Маскав аҳмақист. Мо тасмим гирифтем, ки олимони қавиро ҷамъ орем, то тарҳҳоро омода кунанд ва мо онро ба Русия пешниҳод кунем. Ҳеҷ як сармоягузор софу сода пулро рӯи мизи мо намегузорад. Аввал ӯ мепурсад, ки ин пулро кай истифода ва чӣ кор мекунед? Мутаассифона, дар Тоҷикистон чунин як пажӯҳишгоҳ нест.»

Ин ақида, ки Тоҷикистон тарҳеро ба Русия пешниҳод накарда бошад, аз ҷониби иддае аз ширкатдорони ҳамоиш рад шуд. Онҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон даҳҳо тарҳ, аз ҷумла тарҳи се нерӯгоҳи миёнаро ба Русия пешниҳод карда буд, аммо он ҷониб то ба ҳол иқдом накардааст.

Аммо дар ин ҷаласа сухан бештар аз он буд, ки маҳфили коршиносон дар ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё чӣ нақш хоҳад дошт.
Юрий Крупнов.
Юрий Крупнов.
Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё як эътилофи иқтисодӣ шумурда мешавад, ки Русия, Белорус ва Қазоқистонро муттаҳид кард. Созишномаи таъсиси он рӯзи 29-уми май дар Остона ба имзо расид ва то ҳол Арманистону Қирғизистон гуфтаанд, ба ин эътилоф ҳамроҳ хоҳанд шуд. Аммо бархӯрди Ӯзбакистон ва Озарбойҷон ба он манфӣ будааст.

Юрий Крупнов, сарвари Ҳаракати рушди Русия ва яке аз ширкатдорони ҷаласаи Душанбе гуфт, маҳфили коршиносон як ташаббус аз қишрҳои поён ва ҳимояти онҳо аз ҳамгироист, аммо ин ташаббус аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҷонибдорӣ шуд, чун созмонро ба қайд гирифт ва он ба кори худ шурӯъ кард: «Ва хеле муҳим аст, зикр кунем ки созмон пештар аз ҳамгироӣ қадам мезанад, зеро рушди авроосиёӣ маъно ва ҳадафи ҳамгироӣ аст. Ҳамгироии расмӣ шояд бидуни натиҷа ба анҷом расад. Агар он дар сатҳи расмӣ ба вуҷуд ояд, мардуми оддӣ ва ҳамаи мо натавонем фаҳмид, ки ниҳоят чӣ хоҳад шуд. Аммо ҳамгироии авроосиёӣ ҳадафи мушаххас пеш гузоштааст, ки ин ҳам боло бурдани некӯаҳволии мардум аст».

Тоҷикистон, ки пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолият ба даст овард, дар созмонҳои таҳти нуфузи Русия, аз қабили ИДМ ва СПАД боқӣ монда, мизбони калонтарин пойгоҳи ҳарбии Русия аст. Дар ин Тоҷикистон узви СММ, САҲА, Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуда, бо ниҳоди низомии амалан зиддирусӣ – НАТО ҳамкорӣ мекунанд. Кишвар ҳамчунин уви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст ва бо давлатҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон ҳамкории густарда дорад. Дар ин замина Душанбе ҳамеша гуфтааст, ки ба «сиёсати дарҳои боз» содиқ аст.

Ширкаткунандаи дигари ҳамоиш, муовини аввали Маркази мутолиоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров гуфт, “чунин сиёсат Тоҷикистонро ба равандҳои ҳамгироии ҷаҳонӣ шарик кард.” Аммо вай ба ин ҳам ишора кард, ки вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ хуб нест.

Дар ин нишаст ба масъалаи амнияту субот ва ҳифзи марзҳо таъкид шуд, ҳол он ки гуфтугӯ асосан ба густариши ҳамгироии иқтисодӣ бахшида мешуд.

Ҳамчун ситоиши рӯҳбаландкунанда ҷонибдорони ҳамгироии авроосиёӣ Тоҷикистонро «шери иқтисодӣ» унвон карданд, аммо Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон чунин баҳои муболиғаомезро напазируфт. Вай мегӯяд, Тоҷикистон дар ин муддат фақат ба сатҳе расид, ки як кишвари дорои сиёсатҳои мустақил дар чорроҳаи байни Шимолу Ҷануби АвроОсиё бошад ва ҳоло наметавонад дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё аз рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиаш бурида шавад: «Агар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё сохтмони роҳи оҳани Қошғар – Олой – Душанбе – Панҷ – Мазори Шариф ва CASA – 1000 – ро замонат дода, мусоидат кунад ва ҳам кафолати ширкат дар барқароркунии баъдиҷангии Афғонистонро дошта бошад, Тоҷикистон метавонад узви он шавад».

Вале ин нукта ва лаҳни умумии суханвароне, ки шояд ҳанӯз барои Тоҷикистон аз узвият дар итиҳоди нав бурдеро намебинанд, паёме нуҳуфтааст, ки Душанбе дар ин миён ҷои хеле каме барои манёврҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG