Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Карзай кӣ меояд: Абдуллоҳ? Карзай-2? Ё "Булдозер"?


Аз 27 довталаби курсии раёсати ҷумҳур, ки интихоботаш 5-уми апрел баргузор мешавад, номзадии танҳо 11 нафар ниҳоӣ шуд.

Аз 27 довталаби курсии раёсати ҷумҳур, ки интихоботаш 5-уми апрел баргузор мешавад, дар рӯйхати ниҳоӣ мақомот исми танҳо 11 нафарро боқӣ гузоштанд. Ин 11 номзад ҳар кадом бо ду ноиби худ вориди корзор шудаанд. Ин номзадҳо киҳоянд ва киро ноиби худ дидан мехоҳанд?

11 номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:40 0:00
Линки мустақим


Доктор Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ – аз тоҷиктаборони Афғонистон аст. Дар сурати пирӯзӣ ду нафар, Муҳаммад Хони паштун ва Муҳаммад Муҳаққиқи ҳазора аз ноибони ӯ хоҳанд буд. Доктор Абдулло собиқ вазири хориҷии Афғонистон ва аз рӯи ихтисос ҷарроҳи чашм аст. Ӯ дар интихоботи соли 2009 рақиби асоси Ҳомид Карзай буд ва бо ҳудудан 30 дарсади оро баъди Карзай ҷойи дуввумро гирифт.

Доктор Абдуллоҳ(дар марказ) бо ноибҳояш Муҳаққиқ(аз рост) ва Хон(аз чап)
Доктор Абдуллоҳ(дар марказ) бо ноибҳояш Муҳаққиқ(аз рост) ва Хон(аз чап)
Ин далел, ки доктор Абдулло ин бор ду нафар ҳоло начандон пуртарафдорро ҳамчун ноиби худ дар сабқати президентӣ интихоб кардааст, бисёриҳоро ба ҳайрат овард. Ҷамоати исломии Бурҳонуддин Раббонӣ, ки доктор Абдулло ба он тааллуқ мегирад, ва ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр рақибони сарсахте дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон буданд. Аммо ин рақобати гузашта монеъи интихоби Муҳаммад Хон, узви ҳизби Ҳикматёр ба ҳайси ноиби довталаби курсии раёсат нашудааст.

Ашраф Ғанӣ

А
Портрети Аҳмадзай бо ноибонаш
Портрети Аҳмадзай бо ноибонаш
шрафғанӣ Аҳмадзай, собиқ вазири молияи Афғонистон аст, ки дар риштаи фарҳанги антропология рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Генерали узбактабор Абдулрашид Дӯстум ва Саравар Дониш аз қавми ҳазора ба ҳайси ноибони Аҳмадзай пешниҳод шудаанд. Технократи таҳсилкардаи Ғарб Аҳмадзай дар интихоботи соли 2004 бо се дарсади райъҳо ҷойи чорумро гирифта буд. Ҳамкории ӯ бо ҷангсолор Дустум, ки дар нақзи ҳуқуқи башар дар солҳои ҷанг айбдор мешавад, тандеми аҷоиб ба назар мерасад.

Залмай Расул

Залмай Расул
Залмай Расул
Залмай Расул аз паштунҳои Афғонистон аст, ки Аҳмадзиё Масъуди тоҷик, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд ва Ҳабиба Саробӣ, намояндаи қавми ҳазораро ба ноибӣ пазируфтааст. Расул ҳам мисли доктор Абдулло собиқ вазири хориҷии Афғонистон аст ва аксарият ӯро номзади писандидаи президенти феълӣ Ҳомид Карзай медонанд. Ӯ аз қабилаи бонуфузи Муҳаммадзай дар ҷануби кишвар аст, ки намояндагони он асрҳо раҳбарони Афғонистон буданд. Расул як марди оромтабиат аст ва дар тӯли солҳои тӯлонии мушовириаш ба раиси ҷумҳур ҳамеша дар сояи Карзай мондааст.

Абдулрасул Сайёф

Сайёф бо ҳарду ноибаш
Сайёф бо ҳарду ноибаш
Сайёф аз паштунҳои Афғонистон аст, ки ҳамроҳ бо Исмоил Хони тоҷик ва Абдулваҳҳоб Ёрфани узбак вориди корзори интихоботӣ шудааст. Абдулрасул Сайёф аз бонуфузтарин намояндаҳои мардумӣ аз Кобул буда, яке аз номзадҳои зиддунақиз ва муҳофизакор дар интихоботи моҳи апрел унвон мешавад. Рӯҳонии таҳсилкардаи Миср Абдулрасул Сайёф нафарест, ки ба Афғонистон овардани саркардаҳои Ал-Қоида, бо шумули раҳбари он Усома Бин Лоденро ба ӯ рабт медиҳанд. Исмоил Хон, ёвари дасти рости Сайёф, собиқ вазирии энержии Афғонистон аст. Ӯ ҷангсолори тоҷиктабор аз вилояти Ҳирот аст, ки амири ғарби Афғонистон ҳам номаш мебаранд.

Қаюм Карзай

Қайюм Карзай
Қайюм Карзай
Қаюм Карзай бародари бузурги президенти феълии Афғонистон Ҳомид Карзай, аз паштунҳои Афғонистон буда, ҳамчун технократ маъруф аст. Ноибони ӯ дар сабқати президентии моҳи апрел намояндаи узбактаборҳои Афғонистон Ваҳидуллоҳ Шаҳронӣ, собиқ вазири маъдан ва Иброҳи Қосими ҳазора, собиқ вакили парлумон мебошанд. Қаюм Карзай соҳибкор ва собиқ намояндаи парлумони Афғонистон аст, ки гуфта мешавад, аз пуштибонии бародари худиаш Ҳомид Карзай бархӯрдор нест.

Гулоғо Шерзай

Гулоғо Шерзай
Гулоғо Шерзай
Шерзай паштун аст ва бо ду ноиби худ - Саидҳусайн Олими балхӣ аз қавми ҳазора ва Муҳаммадҳошим Зарии узбак ба маъракаи интихоботӣ ворид шудааст. Гулоғо Шерзай собиқ волии вилоятҳои Нангарҳор ва Қандаҳор аст, ки бино бар шеваи сахтгиронаи кор тахаллуси “Булдозер”-ро гирифтааст. Замони раҳбарӣ дар вилояти Нангарҳор ин ҷангсолори нирӯманд тавонистааст барномаҳои муҳим, аз қабили маҳви кишти кӯкнор ва кашидани лаҷоми ҷангиёнро дар муддати кӯтоҳ амалӣ кунад. Аммо ин пешрафти Шерзай дар сояи нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ки ӯ нуфузу мақоми худро барои ҷамъоварии сарвати хухусӣ истифода мекунад, монданнд. Шерзай аз тарафи рақибонаш ба зӯроварӣ ва пулситонӣ муттаҳам шудааст.

Абдулраҳим Вардак

Абдулраҳим Вардак
Абдулраҳим Вардак
Вардак аз паштунҳои Афғонистон аст. Ӯ Шоҳ Абдул Аҳади тоҷик ва Саидҳусайн Анвариро аз ҳазораҳо барои худ ноиб интихоб кардааст. Абдулраҳим Вардак, собиқ вазири дифоъи Афғонистон, то ба ҳамин наздикиҳо мушовири Ҳомид Карзай буд. Вардак таҳсилкардаи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аст ва дар бунёди Урдуи давлатии Афғонистон нақши калидӣ дорад. Вардак соли гузашта дар заминаи гӯё як идда шикастҳои амниятӣ ва изҳори нобоварии парлумон аз мақом сабукдӯш шуд. Вардак дар солҳои 1980 раҳбари яке аз гурӯҳҳои муҷоҳидини исломӣ буд ва бар зидди ҳукумати коммунистӣ ва артиши Шӯравӣ ҷангидааст.

Қутбиддин Ҳилол

Қутбиддин Ҳилол
Қутбиддин Ҳилол
Ҳилол аз қавми паштун аст, ки бо Иноятуллоҳ Иноят, намояндаи узбакҳо ва Муҳаммадалӣ Набизодаи тоҷик ба ҳам омадааст. Ин ду тан аз ноибони номзад ба курсии раёсати ҷумҳуранд. Ҳилол узви Ҳизби исломӣ, як созмони ҷиҳодии бадномшудае буд, ки Вашингтон раҳбари он Гулбиддин Ҳикматёрро ба рӯйхати сиёҳи террористҳо шомил кардааст. Ҳизби исломӣ, ки ба зӯроварӣ ва бадтарин поймолкунии ҳуқуқи инсон дар солҳои 90 муттаҳам мешавад, феълан алайҳи нирӯҳои байналмилалӣ ва артиши Афғонистон меҷангад.

Ҳидоят Амин Арсало

Ҳидоят Амин Арсало
Ҳидоят Амин Арсало
Арсало паштун аст ва дар интихобот ду нафар - генерал Худойдоди ҳазора ва Сафия Сидиқи паштуро ноиб интхоб кардааст. Арсало аз сиёсатмадорони шинохтаи кишвар ва собиқ вазири молия буда, дар Амрико таҳсил кардааст. Ноиби аввали ӯ генерал Худойдод дар гузашта вазири зидди маводи мухаддир буд. Ноиби дигари Арсало, Сафия Сиддиқ аз Нангарҳор буда, шаҳрвандии ҳам Канада ва ҳам Афғонистонро дорад.

Шоҳзода Муҳаммад Нодир Наим

Муҳаммад Нодир Наим
Муҳаммад Нодир Наим
Муҳаммад Нодир Наим ҳам паштун аст. Ноибони ӯ Тоҷмуҳаммад Акбар аз тоҷикҳо ва Азизуллоҳ Пӯӣ аз паштунҳои Афғонистонанд. Ӯ набераи Зоиршоҳ, подшоҳи собиқи Афғонистон аст, ки соли 1973 сарнагун шуд ва то соли 2002, то замони бозгашти дуборааш ба Афғонистон, дар Руми Итолиё ба сар мебурд. Наим аз соли 2002, аз вақти бозгашташ ба Афғонистон то замони вафоти шоҳи собиқ дар соли 2007 аз мушовирони наздики ӯ унвон мешуд.

Довуд Султонзай

Ин вакили собиқи парлумони Афғонистон дертар аз ҳама ба ҳацси номзад сабти ном шуд. Довуд Султонзай ба ҳайси ноибони худ Аҳмадфарид Фазлӣ, як муҳандис аз вазорати маодини Афғонистон ва хонуме бо номи Козима Муҳаққиқро пешбарӣ кардааст. Вале Султонзай ва ин ду ёри ӯ, ба гуфтаи нозирон, аз нуфузи зиёде бархӯрдор нестанд ва зоҳиран раъйи чандоне ҳам нахоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG