Муборизоти интихоботии раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 2-юми феврал бо баргузории гирдиҳамоиҳо ва сӯи номзадҳо дар Кобул ва шаҳрҳои дигари ин кишвар оғоз шуд.
Кормандони ситодҳои интихоботии раёсати ҷумҳур дар авоили субҳи рӯзи якшанбе бо насби овезаҳо ва аксҳои таблиғотӣ дар нуқтаҳои пуриздиҳоми шаҳри Кобул ба муборизоти интихоботӣ пардохтанд. Ҳарчанд аз чанд рӯз ба ин тараф ҳаво сард буд ва Кобул қабои сафед ба бар кардааст, аммо ин шаҳр чеҳраи рангин аз аксҳои таблиғотии номзадҳои раёсати ҷумҳуриро гирифтааст.
Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон барои иштирок дар ин интихобот 11 нафар, ба шумули Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Абдураб Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Абдураҳим Вардак, Зулмай Расул, Нодир Наъим, Қаюм Карзай, Гул Оғо Шерзай, Ҳидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзайро ба унвони номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон сабти ном кардааст..
Интихобот барои 5 апрел барномарезӣ шудааст ва номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ, ки ду давраи раёсаташ ба поён мерасад, мубориза хоҳанд кард.
Карзай аз соли 2001, яъне аз соли вуруди нируҳои Амрико ва эътилофи байналмиллалӣ ба Афғонистон ва шикасти Толибон дар Кобул раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад. Тибқи қонун Карзай ҳақ надорад бори севвум худро номзад пешбарӣ кунад. Ҳоло 11 нафар барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза мекунанд ва касе аз онҳо аз бартарии мутлақ бархӯрдор нест.
Вале гуфта мешавад, ки рақобати ҷиддӣ миёни Абдуллоҳи Абдуллоҳ -- аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд ва намояндаи Эътилофи шимол ва миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Зулмай Расул, ки аз пуштибонии низоми ҳоким дар Кобул бархӯрдоранд, сурат мегирад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин интихобот барои ояндаи Афғонистон муҳим аст. Бори аввал бидуни кӯмаки мустақими хориҷӣ дар Афғонистон интихоботи мустақил баргузор мешавад. Дар асоси ҷадвали замони интихобот, қарор аст муборизоти интихоботии номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ то ду моҳи дигар идом ёфта ва чиҳилу ҳашт соат қабл аз рӯзи баргузории интихобот поён ёбад.