Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "Туркманистон" парвозҳоро ба Қазон бас кардааст


Ширкати ҳавопаймоии "Туркманистон" аз 2-юми июн парвозҳоро дар масири "Ишқобод-Қазон" бас кардааст.

Як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим ба далели ҳамлаи бесарнишинҳои Украина ба ҳудуди Тотористон, ки боиси баста шудани фурудгоҳи шаҳри Қазон гашт, гирифта шудааст.

Ширкат соли 2023 парвози ҳавопаймоҳоро ба шаҳри Маскав, баъди ҳамлаи бесарнишинҳо, қатъ карда буд.

Ба иттилои бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ, Тотористон аз оғози баҳори имсол аллакай 5 бор мавриди ҳамлаи бесарнишинҳо қарор гирифтааст.

Ҳамлаи охирин рӯзи 31-уми майи имсол сурат гирифт ва бесарнишинҳо корхонаи коркарди нафт ва ширкати низомии онро ҳадаф қарор дода буданд.

XS
SM
MD
LG