Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Мирзо хост, ҳангоми даъват ба артиш қонуншиканӣ нашавад


Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон.

Дар остонаи оғози даъвати ҷавонон ба артиш, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон аз зердастдони худ хостааст, ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ даст ба корҳои ғайриқонунӣ назананд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, Шералӣ Мирзо зимни як нишаст дар Душанбе масоили вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артишро баррасӣ кардааст.

Дар ин нишаст гуфта шудааст, ки дар баробари пешравиҳо, ҳамоно дар фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ як қатор камбудиҳо ба чашм мерасанд, ки боиси нигаронист.

Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солим, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш ва дигар қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, аз масъалаҳое будаанд, ки баррасӣ шудаанд.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад. Дар гузашта шикоятҳо аз даъвати иҷбории ҷавонон ба артиш ё ба қавле "сарбозшикор", борҳо садо додааст.

XS
SM
MD
LG