Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хомӯшии "Мурғи саҳар". Муҳаммадризо Шаҷариён даргузашт


Муҳаммадризо Шаҷариён.

Муҳаммадризо Шаҷариён, мусиқидон ва овозхони пуровозаи Эрон баъд аз зуҳри 8-уми октябр бар асари бемории саратон дар сини 80-солагӣ даргузашт.

Даргузашти Муҳаммадризо Шаҷариёнро писари ӯ Ҳумоюн Шаҷариён дар сафҳаи "Инстаграм"-и худ эълон кард. Оқои Шаҷариён солҳои ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва борҳо дар бемористон бистарӣ шуд буд.

Муҳаммадризо Шаҷариён, ки пахши садо ва тасвираш дар радио ва телевизиони Ҷумҳурии исломӣ аз соли 2009 бинобар пуштибониаш аз мардуми эътирозгар ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ мамнуъ шуда буд, ҳамеша худро аз тарафдорони мардум мегуфт.

Ӯ дар вокуниш ба суханони Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон, ки муътаризонро "хас ва хошок" хонда буд, гуфта буд, "садои ман садои хасу хошок аст ва ҳамеша ҳам барои хасу хошок хоҳад буд".

Муҳаммадризо Шаҷариён дар соли 2009 ҳамчунин дар эътироз ба пахши суруди "Эй Эрон, эй сарои умед" дар муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии исломӣ аз радио ва телевизон, дар номае ба раиси вақти ин созмон хост аз пахши осори ӯ худдорӣ кунанд.

Ӯ дар ин нома аммо дуои "Раббано" ва "Муноҷоти афшорӣ"-и худро "ба миллати Эрон тақдим кард" ва дар ҳамон даврон оҳанги "Забони оташ"-ро низ дар ҳимоят аз эътирозгарон нашр кард.

Масъулони радио ва телевизион дар вокуниш пахши садои Муҳаммадризо Шаҷариёнро аз радио ва телевизион ба куллӣ мамнуъ кардан ва ин мамнуият шомили дуои "Раббано" дар моҳи Рамазон низ шуд.

Оқои Шаҷариён машҳуртарин ва маҳбубтарин хонандаи табақаҳои гуногуни мардуми Эрон тайи дастикам чиҳил соли ахир ба шумор мерафт. Бо ин вуҷуд пас аз соли 2009 иҷозаи баргузории ҳеҷ консерте дар Эрон ба ӯ дода нашуд.

Муҳаммадризо Шаҷариён дар авоили солҳои навади асри гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ӯ дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG