Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадризо Шаҷариён ҳунармандони дар хидмати сиёсатро сахт танқид кард


Муҳаммадризо Шаҷариён гуфт, сиёсатмадорон набояд ба зиндагии мардум дахолат кунанд.

Муҳаммадризо Шаҷариён, аз овозхонҳои маъруфи Эрон дар як мусоҳиба бо рӯзномаи "Шарқ" аз аҳамияти "вазифаи ҳунарманд" дар ҳамбастагӣ бо мардум ва додхоҳӣ дар баробари сиёсат сухан гуфтааст. Оқои Шаҷариён солҳо буд, ки бо расонаҳо cӯҳбат намекард. Ӯ ҳамчунин ҳунармандонеро, ки хидмат ба сиёсатро афзал мешуморанд, "одамони бечора ва бемоя" хондааст, чун ба ақидаи ӯ дар пайи "вазифа ва қудрат" ҳастанд.

Ба гуфтаи Муҳаммадризо Шаҷариён, "ин сиёсат аст, ки ба ҳаққу ҳуқуқи ҳунармандон ворид шудааст", вагарна ҳунармандон коре ба сиёсат надоранд. Ӯ дар идомаи мусоҳиба гуфтааст, бо ин ҳама, ҳунарманд "вазифа дорад, сухани мардумро дар баробари сиёсат бизанад".

Шаҷариён баён кардааст, ки сиёсат на фақат зиндагии ҳунармандонро таҳти таъсир қарор додааст, балки ба тамоми арсаҳои ҳаёти иҷтимоии мардум ҳам ворид шудааст. Дар мусоҳибаи ӯ омадааст: "Дар Эрон ҳама чизро сиёсӣ кардаанд. Ҳатто агар дар дӯкони нонфурӯшӣ ба вазъияти орд эътирозе бишавад, мегӯянд, кори сиёсӣ анҷом шудааст. Ҳатто "Раббано"-ро як дуои сиёсӣ карданд."

"Раббано" дуоест, ки бо садои Шаҷариён дар моҳи Рамазон тариқи радио ва телевизиони Эрон пахш мешавад.

"Чаро бояд сиёсат дар зиндагии мардум дахолат кунад?"

Дар бахши дигаре аз мусоҳиба, ки ба муносибати 80-умин зодрузи Муҳаммадризо Шаҷариён ба нашр расидааст, овозхони маъруфи Эрон афзудааст, ки мардум худашон бояд барои тайъини сарнавишташон тасмим бигиранд ва ё давлатмардон бояд бифаҳманд, ки ҳақ надоранд, дар кори мардум дахолат кунанд ва ворид кардани сиёсат ба ҳама арсаҳои зиндагии ҷомеа "иштибоҳ" аст.

Муҳаммадризо Шаҷариён бо ишора ба нақши сиёсат дар муқобила бо мардум, пурсидааст, ки "чаро бояд сиёсат дар зиндагии мардум дахолат кунад?". Ба гуфтаи Шаҷариён, "дар охир ҳам худашон хаста мешаванд ва ҳам мардумро аз кору зиндагӣ меандозанд".

Муҳаммадризо Шаҷариён, ки устоди овозхонии суннатии Эрон шинохта мешавад, пас аз эътирозҳои соли 2009 ҳадафи ҳамлаҳои созмонёфтаи ниҳодҳои вобаста ба усулгароён ва сензураи давлатӣ будааст. Муҳаммадризо Шаҷариён ҳамон сол дар номае ба раиси вақти радио ва телевизиони Эрон хостори нашр нашудани бархе сурудаҳояш, аз ҷумла "Эрон, эй сарои умед" шуд.

Баъди ин масъулони радио ва телевизионҳои давлатии Эрон, аз пахши садои ӯ пешгирӣ карданд ва аз ҷумла, иҷоза надоданд, ки ниёиши "Раббано", ки солҳо ва ба хусус дар моҳи Рамазон бо садои Шаҷариён садо медод, пахш шавад,

Чанд сол баъд муовини раиси Радио ва Телевизиони давлатии Эрон пуштибонии Шаҷариён аз эътирозгарон ба натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2009-ро "иштибоҳ" хонд ва гуфт, "ҳунарманд фарди сиёсӣ нест ва бояд дар ҳавзаи аслии худ бошад". Муҳаммадризо Шаҷариён дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҳам консерт додааст.

Дар Тоҷикистон низ солҳои ахир теъдоде аз ҳунармандону ҳунарпешагонро барои васфу ситоиши зиёди ҳукумат ва мадҳиясароӣ дар васфи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомот сахт танқид мекунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG