Тасмим рӯзи 24-уми сентябр эълон шуд.
Дар умум беш аз 40 кишварро ба барномаи Visa Waiver Program (VWP) пазируфтаанд.
Аксар кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд бе раводид ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунанд, ҳампаймонҳои қадимии Вашингтон дар Аврупо ва Осиё ҳастанд.
Қатар кишвари дувуми исломист, ки аз он баҳравар мегардад. Кишвари дигари мусалмоннишин дар ин барнома Бруней аст. Давлати хурде дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи сешанбе дар изҳороте Қатарро шарики истисноии Иёлоти Муттаҳида номбар кард.
Қатар дар талош барои музокироти оташбас дар Ғазза нақши калидӣ дорад ва ҳангоми берун рафтани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон шарики аслияш буд.