Ин консулгарӣ рӯзи шанбе дар хабарномае гуфтааст, ки зиндониёни озодшуда шомили занону кудакон ва 21 донишомузи мадрасае ҳастанд, ки ба бинобар надоштани санад ба зиндон афтода буданд.
Ин зиндониён аз тариқи гузаргоҳи "Турхам" ба Афғонистон баргаштаанд.
Дар хабарнома омадааст, ки ҳамаи хароҷоти онҳо, аз хурок гирифта то пули вакили дифоъ, аз суи ҳукумати Толибон пардохта шудааст.
Ба гуфтаи консулгарии Афғонистон, 15 то 20 шаҳрванди Афғонистон ҳануз дар зиндонҳои вилояти Синд қарор доранд.