Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қрим-2? Донетск хостори пайвастан ба Русия шуд


Харитаи Украинаи пора-пора
Харитаи Украинаи пора-пора

Мақомоти худхондаи "Ҷумҳурии мардумии Донетск" аз Русия хостаанд, то "ба хотири барқарор кардани адолати таърихӣ" ин вилоятро ба қаламрави Русия ҳамроҳ кунад.

Мақомоти худхондаи "Ҷумҳурии мардумии Донетск" хостори ба Русия ҳамроҳ кардани ин вилоят "ба хотири барқарор кардани адолати таърихӣ" шудаанд. Ин дархостро Денис Пушилин, як узви аршади "Ҷумҳурии мардумии Донетск" рӯзи 12 май дар як нишасти хабарӣ дар Донетск кардааст.

Пушилин гуфт, "бар асоси иродаи мардум ва барои эҳёи адолати таърихӣ, мо аз Федеросиюни Русия дархост мекунем, то масъалаи ба Федеросиюни Русия пайвастани Ҷумҳурии мардумии Донетскро ба баррасӣ бигирад." Ӯ афзуд, "мардуми Донетск ҳамеша худро бахше аз ҷаҳони русӣ мешуморанд. Барои мо, таърихи Русия таърихи мост."

Рӯзи 11 май ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳанск бо талаби истиқлоли ин манотиқи умдатан русзабон аз Украина "раъйпурсӣ"-ҳо доир карданд. Дар ин ба ном "раъйпурсӣ"-ҳо дар вилояти Донетск, ба гуфтаи ҷудоиталабон, 89,7 дарсад ва дар Луҳанск гӯё 96 дарсад аз "истиқлол"-и "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск" пуштибонӣ кардаанд.
Денис Пушилин
Денис Пушилин
Аммо билофосила баъди эълони истиқлол хостори ба Русия пайвастани ҷудоиталабон дар Донетск нишон медиҳад, ки дар инҷо сенарияи Қрим такрор мешавад. Русия дар моҳи март чанд рӯз баъд аз раъйпурсие, ки дар он аксарияти сокинони Қрим гӯё ба тарафдорӣ аз "истиқлол"-и ин нимҷазира овоз доданд, ин вилояти Украинаро ҳамроҳ бо шаҳри Севастопол ҳамчун ду ду субъекти алоҳида ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Ҷудоиталабон: Луҳанск бояд узви СММ шавад

Дархости ҷудоиталабони Донетск барои ҳамроҳӣ ба Русия дар ҳолест ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилояти Луҳанск мегӯянд, ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Украина дар ин вилоят иҷозат намедиҳанд ва барои узвият ба СММ муроҷиат хоҳанд кард.

Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилояти Луҳанск дар шарқи Украина мегӯянд, ба баргузории интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина дар қаламрави ин вилоят иҷозат намедиҳанд. Васил Микитин, сухангӯи худхондаи "Артиши ҷануби шарқ" рӯзи 12 май дар Луҳанск гуфт, ба ин далел ки ин минтақа номи "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск"-ро гирифтааст, интихоботи президентии Украина дигар дар ин вилоят доир нахоҳад шуд.

Ин иддао да пайи раъйпурсии рӯзи 11 май аст, ки дар он, ба иддаои ҷудоиталабон, 96 дарсади аҳолӣ аз таъсиси "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск тарафдорӣ кардаанд. Микитин гуфт, баъди ин раъйпурсӣ Шӯрои вилояти Луҳанск қонунмандиашро аз даст дод. Микитин гуфт, мақомоти ҷудоиталаб акнун аз СММ дархост хоҳанд кард, то "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск"-ро ба расмият бишиносад.

Мақомоти Украина раъйпурсиҳои доиршуда дар Донетску Луҳанскро "ғайриқонунӣ" эълон кардаанд.

Даъвати Русия аз Киев ба музокира бо ҷудоиталабони Донетску Луҳанск
Сергей Лавров
Сергей Лавров
Ҳукумати Русия гуфт, мақомоти Украина бояд бар асоси натоиҷи раъйпурсиҳои рӯзи 11 май дар шарқи ин кишвар бо ҷудоиталабони тарафдори Русия вориди музокирот шаванд. Кремл мегӯяд, ба "изҳори иродаи мардум" дар раъйпурсиҳои вилоятҳои Луҳансу Донетски Украина эҳтиром мегузорад. Маскав гуфтааст, натоиҷи раъйпурсӣ бояд "ба таври мутамаддин иҷро шаванд."

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 12 май дар нишасти хабарие дар Маскав гуфт: "Мо ба иродаи мардуми Донетску Луҳанск эҳтиром мегузорем. Мо умедворем, ки татбиқи амалии натиҷаҳои раъйпурсиҳо ба таври мутамаддин, бидуни ҳар навъ бурузи хушунат, аз тариқи музокироти байни намояндагони Киев ва вилоятҳои Донетску Луҳанск сурат хоҳад гирифт."

Лавров ҳамин тавр, хостори ҷалби ҳатмии ҷудоиталабони шарқи Украина ба музокироти Женева шуд: "Бидуни ҷалби мухолифони режими Киев ба музокироти мустақим дар бораи роҳҳои ҳалли бӯҳрон, чизе ба даст нахоҳад омад."

Аммо вазорати хориҷаи Амрико ҳанӯз қабл аз раъйпурсиҳои ҷудоиталабон дар шарқи Украина дар як изҳорот гуфт, сарфи назар аз натоиҷаш, ин маъракаро эътироф нахоҳад кард.

Ҷудоиталабон дар шарқи Украина мегӯянд, рӯзи 11 май дар раъйпурсиҳо дар Луҳанску Донетск то 90 дарсади мардум аз истиқлоли ин манотиқи ҳимоят кардаанд. Мақомоти худхондаи "Ҷумҳурии мардумии Донетск" мегӯянд, дар ин вилоят 75 дарсади мардум дар райъпурсӣ ширкат кард ва 89,7 дарсад ба тарафдорӣ аз истиқлоли ин минтақа овоз доданд.

Дар Луҳанск, ба гуфтаи мақомоти ҷудоиталаб 96 дарсади мардум аз таъсиси "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск" ҳимоят кардаанд.

Сардори милисаро ба дор овехтанд?

Сардори идораи умури дохилаи шаҳри Мариуполро, ки рӯзи 9 май аз сӯи ҷудоиталабони тарафдори Русия рабуда шуда буд, ба дор овехтаанд.
Ҷасади ба дор овехтаи Валерий Андрошук - сардори идораи умури дохилаи шаҳри Мариупол - як ҷабҳаи асосии ҷангҳои рӯзҳои охири байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русияро рӯзи 10 май аз наздикии фурудгоҳи ин шаҳр пайдо кардаанд. Андрошук рӯзи 9 май ҳангоми ҳамлаи ҷудоиталабон ба бинои милисаи Мариупол асир уфтода буд.

Вакили порлумони Украина Олег Ляшко рӯзи 10 май ба Озодӣ гуфт, Валерий Андрошук то тамом шудани тирҳояш муқовимат нишон дод, вале баъди ин ҷудоиталабон ӯро ба бордони мошин бор карда, бурданд.

Як сомонаи наздик ба ҷудоиталабони шарқи Украина рӯзи 11 май хабар дод, ки Андрошук ҳамчун "ҷаллоди Мариупол" бо ҳукми додгоҳи "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск" ба қатл маҳкум шуда, ин ҳукм дар ҷангале дар канори Мариупол алакай иҷро шудааст.

Ҷудоиталабон Андрошукро "зархарид"-и миллиардер ва волии вилояти Днепропетровск Андрей Коломойский муаррифӣ кардаанд. Ҷудоиталабон Коломойскийро ба таъмини молии амалиёти "зиддитеррор" дар шарқи Украина айбдор мекунанд.

Аммо рӯзи 12 май Арсен Аваков, вазири умури дохилаи Украина хабар дод, ки Валерий Андрошукро аз асорат раҳо кардаанд, вале гуфта мешавад, ки ӯ дар як вазъи сангин қарор дорад.

Киев: Раъйпурсиҳоро Кремл ташкил кардааст
Силоҳбадастон дар қитъаи раъйдиҳӣ дар Донетск
Силоҳбадастон дар қитъаи раъйдиҳӣ дар Донетск
Украина райъпурсиҳои рӯзи 11 май доир кардаи ҷудоиталабон дар вилоятҳои Луҳанску Донетскро "мазҳакаи ҷиноӣ"-е номид ва гуфт, ин маъракаҳои "аз сӯи Кремл ташвиқ, ташкил ва таъмини молӣ шудаанд." Вазорати хориҷаи Украина бо пахши як баёния раъйпурсиҳои рӯзи 11 май дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск аз сӯи ҷудоиталабонро "мазҳакаи ҷиноӣ"-е номид, ки Маскав ташкил кардааст. Вазорати хориҷаи Украина гуфт, ин раъйпурсиҳо "аз сӯи Кремл ташвиқ, ташкил ва таъмини молӣ шудаанд."

Дар ҳамин ҳол, ҷудоиталабон дар вилояти Луҳанск эътироф карданд, ки дар 4 ноҳияи ин вилоят натавонистаанд райъпурсӣ бо талаби истиқлоли ин минтақаро доир кунанд.Василий Никитин, сухангӯи кумиссиюни интихоботи мақомоти худхондаи ҷудоиталабони вилояти Луҳанск дар шарқи Украина рӯзи 11 май ба хабарнигорон гуфт: "Ман мехоҳам расман изҳор бидорам, ки кумиссиюни мо дар ҳоли ҳозир наметавонад дар 4 ноҳияи вилоятт - Сватов, Новопсково, Белокуракино ва Перевалск - кор кунад. Мошинҳои ҳомили баргаҳои овоздиҳӣ ва протоколҳоро нирӯҳои артиш ва Горди миллӣ манъ кардаанд. Мошинҳои мо дар иҳотаи зиреҳпӯшҳо монда, ҳаракат карда наметавонанд."

Шарқи Украина: Раъйпурсӣ дар зери мили силоҳ

Бо ин вуҷуд, мақомоти худхондаи шарқи Украина мегӯянд, мизони ширкати мардум дар раъйпурсиҳои рӯзи 11 май бо талаби мустақилияти ду вилояти умдатан русзабони ин минтақа зиёд аст. Рӯзи 11 май дар шаҳри Донетск, маркази яке аз ду вилояте, ки дар ин рӯз бо талаби мустақилият раъйпурсӣ барпо мекунад, навбатҳои тӯлонӣ барои раъйдиҳӣ мушоҳида мешуд.

Дар ҳарду раъйпурсӣ дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск аз мардум суоли оддие пурсида мешавад, ки оё онҳо аз “мустақилият”-и сохторҳои бо номи “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” таъсисдодаи ҳокимони худхонда ва рӯ ба Маскави ин ду вилоят пуштибонӣ мекунанд?
Раъйпурсиҳо дар шарқи Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим
Яке аз ҷангиёни ҷудоиталаб дар Словянск
Яке аз ҷангиёни ҷудоиталаб дар Словянск
“Ҷумҳурии мардумии Донетск” рӯзи 6 апрел ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” рӯзи 28 апрел эълон шуд. Роман Ляҳин, раҳбари кумиссиюни интихоботи “Ҷумҳурии мардуми Донестк” гуфт, мизони ширкати мардум “ фавқулодда” аст. Аммо матбуоти тарафдори Украина мегӯяд, баръакс ширкати мардум дар ҳарду раъйпурсӣ – ҳам дар Донетск ва ҳам дар Луҳанск – хеле ночиз аст. Дар бораи раъй додани кӯдакон, ё ба ҷои чанд кас овоз додани як нафар низ гузоришҳо мерасанд, вале ин афрод иддао мекунанд, ки ба ҷои ҳамсар ё аъзои хонаводаашон овоз медиҳанд.
Раъйпурсӣ дар Донетск
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Сарвазири собиқи Украина ва яке аз номзадҳо ба интихоботи рӯзи 25 майи раёсати ин ҷумҳурӣ Юлия Тимошенко ба телевизиони Град ТВ-и Одесса гуфт, ин райъпурсиҳо “фоҷиаест, ки болои мо бор карданд ва мо бояд сароҳатан пеши роҳи онро бигирем.”

Дар рӯзи раъйпурсиҳо дар бораи даргириҳо дар Словянск – як маркази умдаи ҷудоиталабон дар шарқи Украина – низ гузоришҳо ба даст расиданд. Дар натиҷаи ҳамлаи ҷудоиталабон ба манораи телевизионие, ки таҳти назорати Горди миллӣ қарор дорад, ба гуфтаи низомиҳои украин, як сарбоз маҷрӯҳ шудааст.

Серҳий Пашинский, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Украина гуфт, нирӯҳои амниятии Украина дар посух ба ҳамла ба манораи телевизион як пойгоҳ ва чанд посгоҳи ҷудоиталабон дар канори шаҳрҳои Словянск ва Краматорскро “тахриб” кардаанд. Вале раъйпурсӣ дар Словянск ҳам доир шуда, шаҳрдори худхондааш Вячеслав Пономарёв ваъда додааст, ки мизони ширкати мардум дар ин райъпурсӣ “100 фоиз”-ро ташкил хоҳад дод.

Афроди мусаллаҳ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ
Афроди мусаллаҳ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ
Аммо дар Мариупол, як ҷабҳаи асосии даргириҳои рӯзҳои охир, мақомот гуфтаанд, ки барои ҳудуди ним миллион аҳолии шаҳр танҳо 8 нуқтаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.

Ин раъйпурсиҳоро мақомоти кунунии Украина ва кишварҳои Ғарб қонунӣ намешуморанд. Рӯзи 7 май раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ дар мазҳари омм аз ҷудоиталабони шарқи Украина хост, то ин маъракаҳоро ба таъхир гузоранд, вале ин даъват аз сӯи ҳокимони худхондаи ҳам Донетск ва ҳам Луҳанск рад шуд ва рӯзи 11 май райъгирӣ дар ҳарду вилоят оғоз ёфт. Ва он ҳам дар шароите ки нирӯҳои давлатии Украина ба амалиёти “зиддитеррор” алайҳи ҷудоиталабон дар чандин шаҳр дар шарқи ин кишвар идома медиҳанд.
Раъйпурсӣ дар Луҳанск
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов раъйпурсиҳои рӯзи 11 майро “пой гузоштан ба варта” номид. Турчинов гуфт, онҳое, ки аз ҷудоиталабон ҳимоят мекунанд, “намефаҳманд, ки ин ба маънои тахриби комили иқтисод, барномаҳои иҷтимоӣ ва умуман зиндагии аксари мардум хоҳад буд.”

Аз тарафи дигар, аз даст додани манотиқи шарқӣ, ки бо силсилаи конҳои ангишту корхонаҳои пӯлодгудозиаш 16 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Украинаро медод, зарбаи сахте барои ҳукумати марказии ин кишвар дар Киев хоҳад шуд. Турчинов гуфт, ӯ хоҳони музокира бо намояндагони шарқи Украина аст, вале на бо онҳое, ки ӯ “террористҳои масъули тахриби кишвар”-ашон унвон кард.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ҷен Псакӣ рӯзи 10 май дар як баёния гуфт, “Иёлоти Муттаҳида натиҷаҳои раъйпурсии ғайриқонуниро эътироф нахоҳад кард.” Ба гуфтаи Псакӣ, ин маъракаҳо “ҷудоӣ ва беназмиҳои бештареро ба ҳадаф доранд.” Рӯзи 10 май садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд низ муштаракан раъйпурсиҳо дар шарқи Украинаро “ғайриқонунӣ” унвон карданд.

Таҳлилгарон раъйпурсиҳои рӯзи 11 май дар Донетску Луҳанскро ба айни маъракаи рӯзи 16 март дар Қрим монанд мекунанд. Қрим баъди чанд рӯзи он раъйпурсӣ ва эълони гӯё “истиқлол”-аш расман аз сӯи Русия тасарруф шуд.

Бино ба натоиҷи назарсанҷие, ки дар ин ҳафта Маркази таҳқиқотии Pew, марказаш дар Вошингтон, нашр кард, 70 дарсади мардум дар шарқи Украина мухолифи ҷудоӣ аз ин кишваранд. Аммо азбаски аксари тарафдорони ваҳдати Украина гуфтаанд, ки ба райъпурсӣ намераванд, ин боиси ба сандуқҳо фурӯ рехтани асосан баргаҳо ба тарафдорӣ аз “мустақилият”-и Донетску Луҳанск хоҳад шуд. Адами нозирони мустақил дар айни замон имкони дасткорӣ ва тахаллуфи натоиҷи раъйпурсиҳоро низ хеле зиёд мекунад.

Рӯзи 10 май, бино ба хабарҳо, зимни як амалиёт дар канори шаҳри Словянск, ки таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, нирӯҳои амниятӣ аз як мошин 100 0000 баргаҳои овоздиҳиро кашф ва мусодира карданд. Аз видеое, ки дар Ютюб нашр шудааст, бармеояд, ки тамоми ин баргаҳо аз пеш ба тарафдорӣ аз “мустақилият”-и вилоятҳои русзабон пур карда шудаанд:


Ба бовари бисёриҳо, ҷудоиталабон дар Донетску Луҳанск, сарфи назар аз натоиҷи воқеӣ, иддао хоҳанд кард, ки дар раъйпурсиҳои рӯзи 11 май “аксарияти кулл”-и мардум ширкат карда, “аксарияти кулл”-и ин ин “аксарияти кулл” аз мустақилияти ин ду вилоят тарафдорӣ карданд. Айни сенарияе ки дар Қрим таҷриба шуда буд. Сергий Ткаченко, раҳбари Кумитаи интихобкунандагони Донетск ба Озодӣ гуфт, “созмондиҳандагони ин райъпурсии қалбакӣ ҳар натиҷаеро, ки онҳо мехоҳанд, эълон хоҳанд кард.”

Аз 4,3 миллион аҳолии вилояти Донетск 58 дарсадашро украиниҳо ва 38 дарсадашро русҳо ташкил медиҳанд. Аҳолии вилояти Луҳанск (собиқ Ворошиловград) 2,2 миллион нафар гуфта мешавад, ки аз онҳо 58 дарсадаш украиниҳо ва 39 дарсад русҳоянд.
XS
SM
MD
LG