Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё сарнавишти Донетск ва Луҳанск чун Қрим хоҳад буд?


Қарор аст фардо, 11-уми май дар шарқи Украина ҷудоихоҳони ин кишвар дар бораи сарнавишти баъдии ин минтақаҳо раъйпурсӣ баргузор кунанд.

Бо вуҷуди он, ки рӯзи 7 май Владимир Путин аз ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар манотиқи шарқии Украина хост, ки ин раъйпурсиро ба таъхир андозанд, аммо қарор аст рӯзи якшанбе онҳо дар бораи сарнавишти баъдии ин минтақаҳо раъйпурсӣ баргузор кунанд.

Ин раъйпурсӣ аз ҳамон навъи раъйпурсист, ки моҳи март ҷудоихоҳон дар нимҷазираи Қрим баргузор карданд ва бар асоси он, ин минтақа гӯё ба Русия пайваст. Суоле пеш меояд, ки раъйпурсии кунунӣ дар куҷо баргузор мешавад?
Ҷудоихоҳон ба нақша гирифтаанд, ки онро дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск баргузор кунанд. Ин ду вилоят бо Русия ҳаммарзанд ва дар рӯзҳои охир дар ин ду вилоят байни ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматии Украина даргириҳои шадид рух додааст.
Баргузории райпурсиро комиссияҳои интихоботии “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” бар ӯҳда гирифтаанд. Роман Лягин, раиси Комиссияи интихоботии Донетск ба ҳукумати Киев итоат намекунад. Вай мегӯяд, барои раъйпурсӣ аз зербиное истифода хоҳанд кард, ки ҳукумати нав барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин минтақа омода карда буд, вале имкон нахоҳанд дод, ки 25 май дар ин минтақа интихоботи расёати ҷумҳурӣ баргузор шавад.

Дар ин раъйпурсӣ онҳо ин суолро дар баргаҳои рай навиштаанд: “Оё шумо аз санади истиқлоли давлатӣ ҷонибдорӣ мекунед?” Вале маълум нест, ки ин “истиқлол” чиро дар назар дорад, истиқлол дар таркиби Украина ё ҷудоӣ аз Украина? Баргаҳои раъйро ба ду забон омода кардаанд, ба забонҳои русӣ ва украинӣ, ба ҳамон тартибе, ки дар минтақаи Қрим буд ва заминаи пайвастани ин нимҷазира ба Русияро фароҳам овард.

Назархоҳиҳое, ки дар остонаи ин раъйпурсӣ Пажуҳишгоҳи байналмиллалии мутолиоти иҷтимоии Киев анҷом дод, нишон медиҳад, ки бештар аз 10 дарсади аҳолии вилоятҳои Донетск ва Луҳанск мехоҳанд аз Украина ҷудо шаванд. Дар маҳалҳо нозирон бар ҷараёни раъйдиҳӣ назорат намекунанд ва бими он меравад, ки раъйдиҳандагонро ба гунае интихоб кунанд, ки онҳо ба ҷонибдорӣ аз ҷудоии ин минтақаҳо аз Украина раъй диҳанд.

Ба сабаби он, ки дар бораи меъёри ширкаткунандагони раъйдиҳӣ дар ин минтақаҳо қонуне вуҷуд надорад, ҷудоихоҳон ҳатто дар сурати ширкати хеле ночизи сокинон дар раъйдиҳӣ, метавонанд раъйпурсиро ба истилоҳ “муваффақомез” эълон кунанд. Натиҷаҳои муқаддамотии ин райдиҳиро 12 май эълон мекунанд ва натиҷаҳои ниҳоӣ дар давоми як ҳафта эълон мешавад. Суол пеш меояд, ки агар натиҷаҳои раъйдиҳиро мусбат эълон кунанд, чӣ хоҳад шуд?
Ҷудоихоҳон ва ҷонибдорони онҳо дар шарқи Украина ба истиқлоли бештар талош мекунанд, вале дар бораи роҳҳои расидан ба ин истиқлол дар байни онҳо норизоятиҳо вуҷуд дорад. Баъзеҳо мехоҳанд, ки дар таркиби Украина соҳиби истиқлоли бештар шаванд, дар ҳоле, ки гурӯҳи дигари ҷудоихоҳон мехоҳанд ҷумҳурии мустақил ташкил диҳанд ва ё ба Русия ҳамроҳ шаванд.

Сохтори нави онҳо имкон дорад ба худ номи Ҷумҳурии федеративии Новороссия ва ё Новая Россия бигирад. Вале истиқлоли ин минтақаҳоро касе ба расмият нахоҳад шинохт. Киев аз ҳоло ин раъйпурсиро ғайриқонунӣ эълон кардааст. Киев дар иваз пешниҳод кардааст, ки раъйпурсӣ барои дарёфти истиқлоли бештар аз марказ, яъне Киев баргузор шавад, вале танҳо дар ҳолате, ки дар минтақаҳои шарқии Украина оромӣ барқарор ва амалиёти низомӣ қатъ шавад.

Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки ба ин раъйпурсӣ нозирони худро намефиристад. Кохи Кремл ҳам то андозае аз дахолат ба ин раъйпурсӣ худдорӣ мекунад, дар ҳоле, ки раъйпурсии Қрим дар ҳузури низомиёни Русия баргузор шуда буд. Русия ба таври ошкоро аз пайвастани ин ду вилоят ба Русия чизе нагуфтааст, вале агар раъйпурсӣ бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёбад, Маскав барои мудохилаи низомӣ баҳона хоҳад дошт ва ин баҳона ҳимояти русзабонҳо дар шарқи Украина хоҳад буд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG