Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се корманди боздоштгоҳи "Сахарово"-ро ба ҳабс гирифтаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Маскав қарори ҳабси се корманди "Сахарово", Маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷиро содир кардааст. Дар ин Марказ садҳо муҳоҷири тоҷик дар интизори ихроҷ ба ватан ҳастанд.

Абдулҳафиз Мустафоев, Рудика Текнеҷяна ва Олга Адакин ба "қаллобӣ бо истифода аз ваколатҳои хидматӣ" айбдор шудаанд. Ҳоло дар Маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар "Сахарово" тафтиш ҷараён дорад.

Додгоҳи Маскав дар хабарномае рӯзи 4-уми сентябр гуфт, ки ин се нафар хориҷиёнро фиреб додаанд, ки муҳлати будубошашон дар "Сахарово"-ро кам мекунанд. Онҳо ба хориҷиён гуфтаанд, бо 30 ҳазор рубл онҳоро зуд ба ватан мефиристанд ва бо додани 5 ҳазор рубл дар дохили Марказ мулоқоти онҳоро бо наздиконашон ташкил мекунанд.

Баъзе аз саҳифаҳо дар Телеграм навиштаанд, ки ин се нафар дар миёни боздоштшудаҳо "одам" доштаанд ва ин корҳоро аз тариқи онҳо анҷом медодаанд.

Иттиҳоме , ки нисбат ба онҳо эълон шудааст, то шаш сол зиндон пешбинӣ мекунад.

“Сахарово”, маконест, ки дар он муҳоҷирони боздоштшударо то лаҳзаи ихроҷ аз Русия нигаҳ медоранд. Маъмулан муҳоҷироне ба ин марказ оварда мешаванд, ки қонунҳои будубошро дар Русия вайрон кардаанд ва ҷазояшон ҷаримаву ихроҷ аз ин кишвар аст.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик пештар ба Радиои Озодӣ нақл карда буданд, ки кормандони Марказ онҳоро таҳқиру таҳдид карда, рӯйирост ришва талаб мекунанд.

XS
SM
MD
LG