Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оббозӣ дар Дарёободи Рӯдакӣ ба ҷангу даъво кашид. ВИДЕО


Tajik street
Tajik street

Оббозӣ ва истироҳати як гурӯҳи ҷавонони сокини Душанбе дар ҳавзе дар ноҳияи Рӯдакӣ бо задухӯрд анҷом ёфт. Гурӯҳеро ба беморхона ва чанд нафарро ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Занозанӣ рӯзи 10 июл бинобар баҳс сари либоси оббозии ҷавонон сар задааст. Дар ҳоле, ки наздикони ҷавонон мегӯянд, сокинони деҳа бе ягон асос фарзандони онҳоро латукӯб кардаанд, сокинон иддао мекунанд, ки худи ҷавонон ба онҳо ҳамла намудаанд. Дар ҳоле, ки қазия чун муноқишаи гурӯҳӣ таҳқиқ мешавад, бархе мегӯянд, асли баҳс ҳузури ҷавонони нимаурёни шаҳрӣ дар як деҳа аст, ки нимаурён будан дар он бад қабул мешавад. Ба гуфтаи волидон, сокинони деҳа аз он норозӣ будаанд, ки ҷавонон бо либоси оббозӣ ба маҳалли аҳолинишин омадаанд.

Ташаббускори муноқиша дар лаби ҳавз кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Писари Маҷид Убайдов, сокини шаҳри Душанбе, дар занозанӣ аз сараш осеб дидааст. Ҳамроҳ бо ӯ 3 нафари дигар бо осебҳои мухталиф дар шифохонаи “Истиқлол” бистарӣ шудаанд. Убайдов гуфт: “Сараш се чор ҷо даридагӣ аст. Бо кунда задаанд."

Занозанӣ баъди нисфирӯзии 10-уми июл дар маҳаллаи Дарёободи ҷамоати Чимтеппа рух додааст. Фазиламоҳ Зоирова, холаи яке аз ҷавонон, ки аввалин шуда ба ҷои воқеа ҳозир шудааст, мегӯяд, ҷавонон, ки аксарият дар Душанбе таксиронӣ мекунанд, бо ҳадафи истироҳат ба ҳавзи маъруф ба Карйер, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва наздик ба даромадгоҳи Душанбе рафтаанд. Зоирова мегӯяд, вақте ташна мемонанд, барои харидани тарбуз ба деҳа мераванд: “Гуфтаанд, ки меравему тарбуз харида, мехӯрем. Таги трусик будаанд. Як ҳоҷӣ гуфтаст, ки чаро бо ин ҳол омадед? Ҷанг шудааст.”

Сокинони Рӯдакӣ ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки дар ин хархаша ҷавононе, ки барои оббозӣ омада буданд, гунаҳкоранд. Ба гуфтаи онҳо, ҷавонон бо мошинашон дар деҳа бо суръати баланд ҳаракат карданд ва баъди баҳси кӯтоҳ бо як сокини деҳа дар бораи нимаурён буданашон он ҷоро тарк карданд. Аммо пас аз 20 дақиқа дубора бо чанд мошин омада, гӯё ба сокинон ҳамла кардаанд.

Иттиҳом аз ду тараф

Руслан Маҷнунов, сокини Дарёобод мегӯяд: "Се нафар истода будем, бо мошин омаданд, номерҳояшон кандагӣ буд. 12-14 нафар аз мошинҳо фаромаданд. Қапиданду заданд. Маро бо табар зад, худамро яктарафа кардам, камтар аз тарафи шикамам расид, паяш ҳам ҳаст.” Руслан Маҷнунов мегӯяд, писараш ҳам дар занозанӣ аз чанд ҷои дасташ осеб дидааст.

Фатҳулло Салоҳиддинов, сокини дигари деҳа, ки дар лаҳзаи ҳодиса дар хонааш машғули сохтмон буд, мегӯяд, якбора ду нафар - яке ҳам бо либоси оббозӣ ба хонаи ӯ ворид шуда, бе иҷоза табарро гирифт. Ӯ афзуд: “Кор мекардам, дар наздам белу каланд ва табар буд. Дидам, ки ду одам омад. Гуфтам, эй куҷо меравӣ, дар хона зан аст». Гуфт, ба ман ягон чӣ деҳ. Ман аз ин гапҳо бехабар нафаҳмидам, ки чӣ мехоҳад. Омад, табарро гирифту гурехта рафт. Дигар маро гӯш накард. Аз ҷойи дигари хона як чӯбу дос гирифту рафта Русланро заданд.” Сокинони деҳаи Дарёобод, баъди ин ҳодиса зуд ба пулис хабар додаанд.

Дар занозанӣ аз ҳарду тараф чанд нафар осеб дидаанд. Ду ҷавон боздошт шудаанд. Яке аз онҳо - писари Салима Исроилова, сокини маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе аст. Ба иддаои модар, писараш гунаҳгор нест. Модар мегӯяд: “Мошинаш шикастагӣ, телефонаш майда шудагӣ. Бачаи ман гуноҳ надорад. Ӯ ба ягон инсон зарар расондагӣ нест. Лабу даҳон - ҳамааш сиёҳу кабуд аст ҳозир. Боз болои ин ӯро бурда маҳкам кардаанд”.

Дар беморхонаи «Истиқлол», ки ҳоло чор ҷавон он ҷо бистариянд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамаи онҳо осеби сабук гирифтаанд. Занозанӣ миёни ҷавонон тафтиш мешавад. Бар асоси омори расмӣ, дар як соли гузашта дар шаҳри Душанбе 14 (ҳар моҳ камаш як бор) муноқишаи гурӯҳии ҷавонон сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG