Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудия дар Яман. Аз бомбаборон ба дипломатия (ВИДЕО)


Эътилофи минтақавӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ шоми сешанбеи 21 апрел аз поёни ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Яман хабар дод ва эълон кард, ки акнун вориди марҳилаи сиёсӣ шудааст.

Арабистони Саудӣ аз поёни ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи шӯришиёни шиамазҳаби ҳусӣ дар Яман хабар дод. Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки амалиёти ҳавоияш дар Яман тавонистааст ба сурати муваффақиятомезе таҳдиди кишвари ҳамсояро аз худ дур кунад. Хабаргузории Олмон гуфтааст, ки ин амалиёт қарор аст аз нимашаб ба вақти маҳаллӣ қатъ шавад. Телевизиони "Ал-Арабия", ки наздик ба Арабистони Саудӣ аст, дар гузорише гуфтааст, ки эътилофи минтақавӣ ба раҳбарии Риёз акнун рӯи масоили амниятӣ, мубориза бо терроризм, кӯмакрасонӣ ва роҳи ҳалли сиёсии қазияи Яман, фикр мекунад.

Аҳмад Асийрӣ, сухангӯи эътилоф гуфтааст, ки аз рӯзи чаҳоршанбе амалиёти наве бо номи "амалиёти таҷдиди умед" оғоз хоҳад шуд, ки меҳвари он, эҷоди монеи барои фаъолиятҳои шибҳи низомиёни ҳусӣ, ҳифозат аз шаҳрвандонон ва ҳимоят аз интиқоли афрод ва кӯмакрасонӣ аст.

Вай афзуд, "дар сурате, ки ин иқдомот ниёзманди амалиёти низомӣ бошад, фармондеҳон дар замина тасмимгирӣ мекунанд. Асийрӣ гуфт, ки эътилофи ёдшуда ба ҳама ҳадафҳои худ дар хоки Яман даст ёфтааст. Бо вуҷуди ин, вай таъкид кардааст, ки дар сурати густариши фаъолиятҳои гурӯҳи ҳусиҳо дар хоки Яман, нерӯҳои эътилоф онҳоро бори дигар мавриди ҳамла қарор хоҳанд дод. Аз ҳамлаи як моҳи гузаштаи Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш ба Яман, "Амалиёти қотеият" ном бурда мешуд.

Таваққуфи бомбаборони Яман ва дурнамои сулҳи ин кишвар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

Поёни амалиёти низомии Арабистони Саудӣ дар Яман дар ҳоле эълон шуд, ки Малик Салмон, подшоҳи он кишвар рӯзи сешанбе ба нерӯҳои Горди миллии он кишвар дастур дода буд, то дар амалиёт алайҳи шӯришиёни ҳусӣ ширкат кунанд. Бори аслии амалиёти низомии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш алайҳи шӯришиёни шиамазҳаби ҳусӣ дар як моҳи гузашта, бештар бар дӯши нерӯҳои ҳавоии ин кишварҳо будааст.

Ҳасан Амир Абдулилоҳиён, муовини арабӣ ва африқоӣ вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе умедворӣ карда буд, ки ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар хоки Яман "дар соатҳои оянда" қатъ мешаванд. Вай гуфта буд, ки "хушбин ҳастем, ки дар соатҳои оянда бинобар талошҳое, ки шудааст, шоҳиди таваққуфи ҳамлаҳои низомӣ ба Яман бошем". Вай ҳамчунон гуфта буд, ки "мо хушбиенем, ки дар соатҳои оянда шоҳиди он бошем, ки гурӯҳҳои мухталифи яманӣ бар сари мизи музокирот гирди ҳам оянд ва барои тақвияти раванди сиёсӣ дар он кишвар талош кунанд."

Шӯришиёни шиаи ҳусӣ соли гузашта бо ҳамла ба Санъо -- пойтахти Яман, ҳукумати Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури қонунии он кишвар аз нигоҳи Созмони Милали Муттаҳидро сарнагун карданд. Оқои Ҳодӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба шаҳри Адан дар ҷануби Яман гурехт ва ба дунболи пешравии шӯришиён ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд.

XS
SM
MD
LG