Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистон Эронро ба "ишғолгарӣ" муттаҳам кард


Сауд Ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ
Сауд Ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки Эрон барои ҳалли бӯҳрони Сурия бояд нерӯҳои "ишғолгар"-и худро аз ин кишвар берун кашад.

Сауд Ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, рӯзи 13 октябр пас аз дидор бо ҳамтои олмонии худ ба хабарнигорон гуфтааст, "мулоҳизоти мо нисбат ба сиёсати Эрон дар минтақа аст, на худи кишвар ё мардуми Эрон."

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, вай изҳор доштааст, "дар бисёре аз муноқишаҳо, Эрон на ба унвони бахше аз роҳи ҳал, балки бахше аз мушкил аст". Ӯ Эронро муттаҳам кард, ки нерӯҳояш дар Сурия алайҳи мардуми он кишвар дар ҳоли ҷанг ҳастанд. Оқои Сауд Ал-Файсал бо "ғайри машруъ" хондани Башор Асад ба унвони раҳбари Сурия гуфт, дар ин мавриди хос метавон нерӯҳои эрониро "ишғолгар" номид.

Кишварҳои суннии арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз ҷумла худи Арабистони Саудӣ дар ҷанги дохилии Сурия аз шӯришиёни мухолифи режими Башор Асад ҳимоят мекунанд. Ҷанге, ки аз баҳори соли 2011 то кунун ҳудуди 180 ҳазор кушта ба ҷой гузоштааст. Ҳукумати Башор аз Эрон кумакҳои низомӣ ва молӣ дарёфт мекунад, аммо Теҳрон ҳузури нерӯҳои низомиаш дар Сурияро радд кардааст. Хабаргузории Ройтерз низ дар гузорише бо ишора бо ҳимояти нерӯҳои шиаи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аз Башор Асад навиштааст, бар асоси гузоришҳои Маркази байналмилалии мутолеоти стратегӣ, нерӯҳои низомии "Ҳизбуллоҳ" дар ҷанги ҳукумати Башор Асад алайҳи мухолифони он ҳузур доранд.

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар идома гуфтааст, "агар Эрон мехоҳад ба бахше аз роҳи ҳал табдил шавад, бояд нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ кунад, ҳамин корро дар минтақаҳои дигар низ бояд анҷом диҳад, чӣ дар Яман ва чӣ дар Ироқ."

Эрон дар Ямин низ муттаҳам ба ҳимоят аз нерӯҳои шиаи "Ҳусӣ" ҳаст, ки рӯзи 21 сентябри вориди Санъо - пойтахти Яман шуданд. Равобити Эрон бо давлати Ироқ низ пас аз сарнагунии Саддом Ҳусайн дар соли 2003 наздиктар шудааст. Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар суханони худ ҳамчунон бо ишора ба гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки бахши бузурге аз хоки Ироқ ва Сурияро дар назорати худ дорад, гуфтааст, ки "ифроткориҳое ба ин монанд, рабте ба Ислом надорад".

Арабистони Саудӣ бо ҳамроҳи бархе аз кишварҳои суннии минтақа дар амалиёти низомии ҳавоии эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико алайҳи пойгоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ширкат дорад.

XS
SM
MD
LG