Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгар: Саркисён ҳам ба Ғарб ва ҳам ба Кремлин муносиб аст


Дар паи интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон Серж Саркисён дубора президенти ин кишвар интихоб шуд.

Намояндагони Маҷмаи парлумонии САҲА дар як изҳороти катбии худ навиштанд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон дар муқоиса бо солҳои пеш пешрафте ба мушоҳида расид, ҳарчанд он бидуни рақобат доир шуд. Рӯзи сешанбе 19 феврал намояндагони ҳайати нозирон дар баробари хабарнигорон гуфтанд, ки интихобот дар фазои орому сулҳомез баргузор шуда дар оянда ба хотири бунёди як кишвари пешрафтаву демократӣ ба рақобати бештар ниёз дорад.

Тонино Пикула, раҳбари ҳайати нозирон гуфт, ки муҳити “маҳдуд барои таблиғи номзадҳо имкони интихобро ҳам кам кард. Бо вуҷуди ин ки номзадҳо барои изҳори мавқеи худ имконияти фарогиру озод доштанд, дар маҷмӯъ ҷомеа ба ин маърака таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир накард”, гуфт Пикула ҳангоми қироати гузориши нозирон.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

Қабл аз раъйдиҳӣ, баъзе номзадҳо гуфтанд, ки аз ширкат дар интихобот даст мекашанд, чун мутмаин ҳастанд, ки натиҷаҳои интихобот ба манфиати президенти амалкунанда ҳал мешавад. Комиссиюни марказии интихоботҳои Арманистон рӯзи сешанбе натиҷаҳои раъйдиҳиро нашр кард, ки бар тибқи он, Серж Саркисён бо 58 дар сади овозҳо пирӯзии комил ба даст оварда вазири пешини хориҷаи ин кишвар Раффӣ Ҳованесян бо 36,7 дар сади овозҳо дар ҷои дуюм қарор гирифт.

Саркисён баъди эъломи пирӯзиаш аз раъйдиҳандагон ташаккур кард ва гуфт, ин интихобот “ба маънои интихоби роҳи ояндаи мо буд”. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, пирӯзии Саркисён, ки дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш худро ба унвони як сиёсатмадори варзида ба намоиш гузошт, тасодуфӣ набуд. Ӯ тавонист дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки ба Арманистон ҳам таъсир гузошт, суботи рушди иқтисодиро дар ҳудуди 5-6 дар сад нигоҳ дорад ва рақибонаш забон ёбад, то ки аз хушунату бебандибориҳо, аз ҷумла дар давраи интихобот ҷилавгирӣ шавад.

Мардо Соғом, таҳлилгари масоили Арманистон дар радиои Озодӣ мегӯяд:

- Оқои Саркисён собит кард, ки ба эъмоли зӯр, тарс ва ваҳшат эътиқод
Мардо Соғом
Мардо Соғом
надорад. Одамест, ки бо роҳи дипломатия, роҳҳои сиёсӣ ва эътои мақомҳо ё бизнесҳои хуб метавонад мухолифонро хунсо кунад. Саркисён баъди интихобот соли 2008 ба баъзе аз мухолифони худ даст дароз кард, ки бисёр ҷанҷолӣ буд. Вале баъди интихобот сиёсаташ бо мухолифон мусолиматомез буд. Ва ин бор як мухолифи ҷиддӣ пайдо нашуд. Ӯ як шахси камҳарф аст, бо оромиш сӯҳбат мекунад, шахсиятест, ки бовар дорад, ҳар инсонро мешавад тарафи худ овард, агар роҳашро битавонӣ пайдо кунӣ.

Серж Саркисён, ки аз арманиҳои зода дар хоки Озарбойҷон асту дар гузашта дар мақомҳои баланди низомии ҳукумати Арманистон кор кардааст, талош кард музокироти сангин бо Озарбойҷонро бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ дубора зинда кунад. Мардо Соғом мегӯяд, номзадии Саркисён, ба унвони як раҳбари пешгӯишаванда то андозае ҳам барои Ғарб ва ҳам Кремл муносиб аст.


Арманистон бо беш се миллион ҷамъияташ баъди ҷангҳои сол 1990 дар муҳосираи тиҷоратии Озарбойҷону Туркия қарор дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо ҳифзи мавқеи Саркисён набояд интизори тағйироти куллӣ дар сиёсат ва самтгириҳои Арманистон, як муттафиқи деринаи Русия шуд. Вале бо ин вуҷуд, ин кишваре, ки аксари сокинонаш масеҳӣ мебошанд, ҳамеша талош кардааст худро як ҷузви Аврупо намоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG