Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наимҷон Самиев ба додгоҳи вилоятӣ шикоят бурд. ВИДЕО


Наимҷон Самиев баъди соли 2014 дар Русия зиндагиву кор мекард ва, ба гуфтаи наздиконаш, ба афв умед дошт

Наимҷон Самиев, узви собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, бознигарии ҳукми додгоҳ ва ҳадди ақал сабук кардани ҷазоро талаб кардааст.

Абдурашид Самиев, писари Наимҷон Самиев рӯзи 1 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш дар шикояти кассатсионӣ ҳукми додгоҳи Хуҷандро аз рӯзи 9 апрел “ноодилона” номида, дар аризааш ба унвонии додгоҳи вилояти Суғд гуфтааст, ки худро бегуноҳ меҳисобад. Додгоҳ дар ҳукми худ гуфт, ки гуноҳи Самиев бар асоси ду модда - "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" исботи худро пайдо кард. Самиев дар аризааш ин ҳукмро “хеле сахту вазнин” номидааст.

Ӯ навиштааст, ки танҳо айбдории худ аз рӯи моддаи "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”-ро қисман эътироф намуда таъкид кардааст, ки ихтиёрӣ ба умеди афве, ки мақомот ваъда доданд, ба Тоҷикистон баргашт ва умедвор аст ӯро афв ва раҳо хоҳанд кард.

Гулрухсор Яҳёева, вакили мудофеи Самиев рӯзи 1 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикояти кассатсионӣ бурдани зерҳимояашро тасдиқ кард, вале аз шарҳи ҷузъиёти ин қазия худдорӣ намуд. Хонум Яҳёева гуфт, ки чанде қабл баробари гирифтани қарори додгоҳ ҷиҳати бозбинии он шикоят бурдаанд.

Падари Наимҷон Самиев: Ҳукми писарам ноодилона аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Абубакр Самиев, падари Наимҷон Самиев рӯзи содир шудани ҳукми додгоҳ аз қавли вакили дифоӣ гуфта буд, ки фарзандаш ҳукми додгоҳро хеле сангин медонад ва розӣ нест.

“Писарам дар мулоқот дар СИЗО ба ман гуфта буданд, ки мақомот ба ӯ ваъда додаанд агар аз рӯи як моддаи 195 ("ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”) айбро ба гардан гирад, ду моддаи дигарро аз парвандааш мегиранд ва бо роҳи афв озод мекунанд. Аммо дар поёни кор ду моддаро ҳам бо роҳи сохта ба сараш бор карданд. Мо мехоҳем, ки парвандаи ӯро аз рӯи ҳақ баҳо диҳанд“.

Аммо дар мавриди моддаҳои 307 ва 187 ӯ гуфт, бо парванда шинос нест ва дар бораи он ки ба чӣ далел фарзандашро аз рӯи ин моддаҳо айбдор карданд, чизе намедонад. Абӯбакр Самиев гуфт, ба ин бовар аст, ки ин айбҳо зидди писараш сохта ва бебунёданд.

Мақомот низ то ҳанӯз далелҳои мутобиқи ин моддаҳо айбдор донистани Самиевро эълон накардаанд.

Додгоҳи Исфара рӯзи 9 апрел дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО - и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд) паси дарҳои баста Наимҷон Самиеви 56-сола ва собиқ раиси бахши ҲНИТ дар Исфараро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”, "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" – ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Наимҷон Самиев солҳои 2008-2012 раиси дафтари ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва баъдан то соли 2014 раиси ин ҳизб дар шаҳри Исфара шуд. Ӯ соли 1988 техникуми шаҳри Исфараро хатм кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 як навбат вакили Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуда буд.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ аз соли соли 2014 то лаҳзаи боздошт дар Русия мезист. Рӯзи 11 апрел ҲНИТ ҳукми Самиевро ҳамчун "ноодилона" ва "золимона" маҳкум кард. Ҷонибдорони Самиев мегӯянд, ки ӯ ихтиёрӣ барнагаштааст, балки аз Русия дуздида ва бидуни ихтиёр ба мақомоти тоҷик таслим карда шуд. Мақомоти тоҷик ин иддаоро тасдиқ намекунанд ва то ҳол ҳеҷ нафар омода нашудааст дар бораи қазияи Самиев шарҳе бидиҳад.

Бозгашти мармуз ба Тоҷикистон ва ваъдаи раҳоӣ

Наимҷон Самиев охири моҳи ноябри соли гузашта "дар шароити мармуз" дар Чеченистони Русия дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар оғози моҳи феврали имсол дар шабакаи YouTube як навори видеоӣ нашр шуд, ки дар он Наимҷон Самиев дар утоқе нишаста мегуфт, "касе ӯро боздошт накардааст" ва "аз Маскав ихтиёрӣ ба Душанбе омада, худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст".

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Vision Foundation гуфтанд, ки Самиев дар Чеченистон “рабуда” ва рӯзи 4-уми декабри соли 2018 аз фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Душанбе оварда шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз ин хабарро рад ва тасдиқ накарданд. Танҳо баъди як ҳафтаи ҳодиса гуфтанд, ки ӯ дар Душанбе аст ва мавриди бозпурсӣ қарор дорад.​

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро, ки Наимҷон Самиев узви он буд, соли 2015 мамнӯъ ва "созмони террористӣ" эълон карданд. Аммо ҳизби наҳзати исломӣ онро рад мекунад. Инчунин, кишварҳои ғарбӣ ин ҳизбро ба ҳайси созмони террористӣ эътироф накардаанд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар – Human Rights Watch мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон мухолифону мунтақидонашро дар хориҷа таъқиб мекунад ва то ҳол тавонистааст бо кумаки сохторҳои амниятии Русия даҳҳо нафарро рабуда ба Тоҷикистон биёрад. Мақомот дар Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG